Мутахассисон мегӯянд, Тоҷикистон дар истеҳсоли филм ҳатто аз кишварҳои ҳамсояи худ низ хеле қафо мондааст. Ҳама сола филмҳои нав ба нав истеҳсол мешаванд, вале мардум ба онҳо таваҷҷӯҳ надоранд. Зеро қисми зиёди онҳо аз ҷониби коргардонҳои ҷавону камтаҷриба наворбардорӣ мешаванд, ки хоҳиши тамошобинонро ба назар намегиранд.
Ин масъаларо Академияи подкастҳои “Три медведя” дар нашри навбатии силсилаподкастҳои “Ин савол” баррасӣ намуданд.
Коргардони тоҷик Искандар Усмонов, мушкилии синамои тоҷикро дар номуттаҳидии таҳиягарону филмноманависон медонад. Ба гуфти ӯ, барои таҳияи филмҳои сертамошобин, коргардон, филмноманависон ва наворбардорон бо ҳам бояд муттаҳид шаванд, то филми пурмӯҳтавое рӯи кор ояд.
“Коргардонҳои ҷавони мо, барои худу аҳли оилаашон филм ба навор мегиранд. Ба қавле шеъри худам, оҳанги худам, худам месароям. Баъдан вақте норасоиҳои филмашонро ба рӯяшон мегӯӣ, ба умеди он ки дар оянда ислоҳ шаванд, баръакс хафа шуда, бо ту дигар ҳарф намезананд”, – мегӯяд, Искандар Усмонов.
Ҳамчунин ӯ қайд кард, ки дар Тоҷикистон қариб, ки продюсерони пуртаҷриба нестанд.
“Дар худи Тоҷикфилм ягон продюсер нест, ки барои ба навор гирифтани филм, сарпараст дарёфт кунад”, – афзуд, коргардон.
Ҳамчунин мо бо ӯ оиди ба силсилафилмҳои туркӣ рӯй овардани мардуми тоҷик ва набудани силсилафилмҳои телевизионӣ дар Тоҷикистон сӯҳбат кардем, ки метавонед, дар подкасти зер тамошо кунед.