fbpx

“Ин мушкили ҷаҳонист”. Вазири маориф аз норасоии 3400 омӯзгор ба мактабҳо Тоҷикистон хабар дод


-1
-1 points
Акс аз маркази матбуотии вазорати маорифи кишвар

Мактабҳои таҳсилоти умумии кишвар ба 3 ҳазору 400 омӯзгор ниёз доранд. Ин дар ҳолест, ки дар аввали сол ба мактабҳо 2100 муаллим намерасид. Дар ин бора Раҳим Саидзода, вазири маориф ва илми Тоҷикистон, 19 июл, зимни нишасти хабариаш дар Душанбе иттилоъ дод.

Вазир гуфт, ин мушкил натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон ба чашм мерасад ва онҳо барои ҳалли ин муаммо кор карда истодаанд.

“Ин мушкил натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми дунё вуҷуд дорад.Барои ҳалли ин мо дар назди вазорат як штаби доимӣ дорем, ки аз мушкилоти омӯзгорон ба роҳбарият ҳисобот медиҳад. Ин мушкилиҳо омӯхта мешаванд ва роҳи ҳалли худро меёбанд”,-гуфт Раҳим Саидзода.

Ба гуфтаи ӯ, соли ҷорӣ донишгоҳу донишкадаҳои кишварро 14 ҳазор нафар бо равияҳои омӯзгорӣ хатм мекунанд, ки 7 ҳазор нафарашон аз ҳисоби буҷет таҳсил мекунанд.

“Онҳо дар навбати аввал ба мактабҳо ба кор мераванд. Илова бар ин, 700 нафари дигар низ тибқи квотаи президентӣ таҳсил мекунанд, ки ба кор ҷалб карда мешаванд”, – гуфт вазир.

Айни замон дар кишвар 3940 мактаби таҳсилоти умумӣ фаъолият доранд, ки дар онҳо 128 ҳазору 827 нафар омӯзгорон кор мекунанд, ки аз ин ҳисоб 80170 нафарро занон ташкил медиҳанд.

“Фоҷиа насозед”

Ёдовар мешавем, ки собиқ вазири маорифи кишвар Муҳаммадюсуф Имомзода рӯзи 3-юми феврали соли ҷорӣ дар нишасти матбуотияш гуфта буд, ки аз кор рафтани омӯзгорон танҳо як падида аст ва аз он фоҷиа насозед.

“Аз кор рафтану ба кор қабул кардани омӯзгорон дар мактабҳои кишвар ҳамасола ба назар мерасад.  Ин падидаи нав нест, аз он фоҷиа насозед. Омӯзгорон на танҳо аз сабаби кам будани маош ва муҳоҷират балки баъзеи онҳо ба нафақа мебароянд, баъзе беморанд ва ё ҷои истиқоматашонро иваз мекунанд”, – изҳор дошт, Муҳаммадюсуф Имомзода.

Он замон ӯ гуфта буд, ки дар мактабҳои Тоҷикистон норасоии муаллимон на он қадар зиёд ба назар мерасад. Ба гуфти ӯ ҳамасола муассисаҳои олии омӯзгорӣ наздики 16 ҳазор кадрҳои нав омода мекунанд, ки ба ҷои муаллимони рафта ба кор қабул мешаванд.

Имомзода гуфта буд,  дар соли таҳсили 2021 – 2022 муассисаҳои таълимӣ ба 2 ҳазору 166 нафар омӯзгор эҳтиёҷ доштанд ва ҳоло дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 1 ҳазору 124 нафар омӯзгор намерасад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-1
-1 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend