logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

"Ин иғвои рӯирост аст". ВКХ Русия изҳороти Владимир Соловёвро дар бораи кишварҳои Осиёи Марказӣ шарҳ дод

"Ин ҷумлаҳо иғвои рӯисрост аз ҷониби таҳлилгарони "диванӣ" аст, ки қариб ҳамчун мавқеи расмии Русия нишон дода шуданд",- гуфт Мария Захарова.

Your tj

13:0716.01.2026

"Ин иғвои рӯирост аст". ВКХ Русия изҳороти Владимир Соловёвро дар бораи кишварҳои Осиёи Марказӣ шарҳ дод

Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова изҳороти ровии телевизион ва тарғибгари рус Владимир Соловёв дар бораи кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Арманистонро шарҳ дод ва таъкид кард, ки ин назари шахсии рӯзноманигор аст, ки дар канали хусусии «Соловьёв Live» баён шудааст.

Ҳамчунин ӯ таъкид кард, ки суханони ин ровии телевизион ба ҳамчун савол ифода шудааст, на тасдиқ.

«Ин ҷумлаҳо иғвои рӯисрост аз ҷониби таҳлилгарони "диванӣ" аст, ки қариб ҳамчун мавқеи расмии Русия нишон дода шуданд. Як бори дигар мехоҳам таъкид намоям, ки мавқеи расмӣ танҳо аз ҷониби мансабдорон ва мақомоти ваколатдор ифода мешавад.

Миёни кишвари мо бо Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ ҳамеша муносибатҳои ҳамсоягӣ, ҳамкории стратегӣ ва дӯстии бародарона вуҷуд дорад. Инро бояд аз рӯи амал баҳогузорӣ кард - мо борҳо кӯмак расондем, ҳиссиёти самимиро нишон додем, ҳамдардӣ кардем ва шодию ғамро бо ҳам тақсим намудем», - таъкид кард Захарова.

Қаблан тарғибгари рус Владимир Соловёв Арманистон ва кишварҳои Осиёи Марказиро «минтақаҳои нуфуз»-и Русия номид ва гуфт, ки «аз даст додани онҳо» метавонад таҳдид ба амнияти миллии Федератсияи Русия бошад.

Пас аз изҳоротҳои Соловёв Вазорати корҳои хориҷии Арманистон сафири Русия Сергей Копиркинро даъват карда, ба ӯ нотаи эътирозӣ супурд.

Вакили порлумони Қирғизистон Достон Бекешев пешниҳод кард, ки Соловёв дар кишвар ҳамчун шахси номатлуб ("persona non grata") эътироф шавад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от YOUR TJ (@your_tj)

Владимир Соловёв, ровии телевизион, публисист ва муаллифи барномаи «Соловёв LIVE» аст.

Соловёв бо изҳороти шадид ва таҳқиромез маъруф аст, аксар вақт суханони таҳқиромез ва нафратангезро дар эфир истифода мекунад.

Ӯ барои паҳн кардани иттилои нодуруст ва таҳрик додани афкори умум танқид мешавад. Дар чанд кишвари пасошӯравӣ барномаҳояш маҳкум ё манъ шуда буданд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

2 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

6 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

9 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

9 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

10 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ