logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Имзои протоколи нав байни Тоҷикистону Қирғизистон

Қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида мешавад.

Your tj

21:1019.09.2022

Имзои протоколи нав байни Тоҷикистону Қирғизистон

Имрӯз, 19 сентябр, дар гузаргоҳи сарҳадии "Гулистон" мулоқоти навбатии гурӯҳҳои кории Тоҷикистону Қирғизистон бо роҳбарии Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон Саймумин Ятимов ва Раиси КДАМ-и Ҷумҳурии Қирғизистон Қамчибек Ташиев баргузор гардид.

Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар дод, ки дар мулоқот ҷонибҳо масъалаи таъмини субот дар минтақаҳои наздисарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро баррасӣ карда, барои риояи ҳатмиии оташбас таъкид намуданд.

Таъкид шудааст, ки бояд масъалаи таъмини амнияти сокинони наздисарҳадӣ дар меҳвари таваҷҷуҳи хоса қарор гирифта, минбаъд мушкилоти мавҷуда бо роҳи гуфтушунид ҳал гардад.

Гуфта мешавад, ки аз ҷониби раисони КДАМ-и ду кишвар ҳамзамон протокол имзо гардид, ки тибқи он қувваҳои низомии иловагӣ ва техникаҳои ҳарбӣ ба маҳалли доимии худ баргардонида мешавад.

Читайте также

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

10 часов назад

Дар Тоҷикистон имсол ҷинояткорӣ кам шудааст

2 дня назад

Додгоҳи олӣ 12 сол ҳукми гумонбар дар куштори таксистро бекор кард

6 дня назад

“Обу корези Душанбе” ба нигарониҳо аз “мазза ва бӯйи” оби нӯшокӣ вокуниш кард

6 дня назад

Омодагӣ ба зимистон. Дар Душанбе 3300 иншоотро бо гармӣ таъмин карданиянд

7 дня назад