Иммунизатсия – ягона роҳи пешгирии кабудсулфа. Нақши он дар музофот ва пойтахт

Бемории сироятии кабудсулфа зудпаҳншаванда аст. Ангезандаи он аз нафари бемор ба шахси масунияташ паст, ки ваксинаи зарурӣ нагирифтааст, ба осонӣ мегузарад.

Кӯдаконе, ки иммунизатсия шудаанд, бо эҳтимоли зиёд сироят намеёбанд. Ҳатто агар дар оянда ба кабудсулфа гирифтор шаванд, он сабуктар аз сар мегузаронанд.

Барои эмин нигоҳ доштан аз кабудсулфа ваксинаҳои Пентавалентӣ ва АКДС-4 ба бадани кӯдак ворид карда мешаванд. Мутаассифона, баъзе волидон аз иммунизатсияи фарзандонашон худдорӣ мекунанд. Овозаҳои бардурӯғ ё ақидаҳои қолабии шахшуда ба ин сабаб шуда метавонанд.

Муаллифи Your.tj роҳу воситаи пешгирии бемории кабудсулфа, марҳилаҳои аз истеҳсол то ба бадани кӯдак ворид шудани ваксина, сабаби паҳншавии овозаҳо ва аҳамияти иммунизатсияро бо мутахассисон баррасӣ карда, назари сокинонро дар ин бора инъикос намуд.

Кабудсулфа асосан дар байни кӯдакон паҳн мешавад. Ин беморӣ узвҳои нафаскаширо азият дода, нишонаҳои он сулфаи беист, атсазанӣ, баланд шудани ҳарорати бадан ва обравӣ аз бинӣ мебошад.

Дар натиҷаи таъсири бактерияи кабудсулфа нафари сироятёфта вобаста ба шиддати беморӣ пайиҳам даҳ ё бештар аз он сулфа мезанад.

Вақте аз рӯйи меъёр нафас кашида наметавонад, сурхшавии рӯй ва дар баъзе ҳолатҳо кабудшавии лунҷҳо дида мешавад. Агар беморӣ сари вақт муолиҷа нашавад, оқибаташ ҳатто ба марг оварда мерасонад.

“Овозаҳо сабаби бемории духтарам шуд”

Хиромон то яксолагӣ ба бемории кабудсулфа гирифтор шуд. Шабҳо нафасаш мегирифту ҳама дар атрофаш парвона буданд. Волидони ҷавони ӯ сахт мутаассиф шуданд, ки духтари худро саривақт аз иммунизатсия нагузарониданд.

“Хиромон фарзанди нахустинамон аст. Аз Маркази саломатӣ барои ваксинагирӣ даъват карда буданд. Вале калонсолони оилаамон нагузоштанд, ки ба марказ равем. Аз касе шунидаанд, ки гӯё кӯдаке баъди иммунизатсия дардманд шудааст. Бо сабаби ҳамин овоза духтарамро набурдем ва оқибат ӯ ба кабудсулфа сироят ёфт”,- мегӯяд сокини пойтахт Акбар Худодод.

Аз рӯи нақли ӯ, духтараш рӯзе беист ба сулфазанӣ шурӯъ кард. Акбару ҳамсараш зуд ба духтур муроҷиат намуданд. Ташхис гузоштанд, ки Хиромон ба кабудсулфа сироят ёфта, сипас бемориаш ба илтиҳоби шуш табдил шудааст.

Маъмулан, кабудсулфа то 3-4 ҳафта идома меёбад. Аммо аз сабаби оризаҳо Хиромон қариб шашу ним моҳ бо паёмадҳои ногувори беморӣ мубориза бурд.

Волидони ҷавон кӯшиш мекарданд, ҳамаи гуфтаҳои табибонро иҷро намуда, доруҳоро дар вақташ нӯшонанд. Онҳо бо такя ба тибби халқӣ низ тӯли як моҳ ҳамроҳи кӯдак субҳгоҳ дар лаби дарё сайругашт мекарданд.

“Се фарзанди хурдсоли бародарам, ки дар назди духтарам бозӣ мекарданд, гирифтори кабудсулфа нашуданд. Мо гумон доштем, ки ба онҳо низ беморӣ гузаштааст. Вале ташхисҳо нишон доданд, ки бо сабаби ба бадани онҳо гузаронидани ваксинаҳои Пентавалентӣ ва АКДС-4, сироят наёфтанд”,- ба хотир меорад падари ҷавон.

Ҳоло саломатии Хиромон барқарор ва ӯ дастёри волидон шудааст. Бо назардошти ин таҷриба, Акбар ва ҳамсараш дар вақти муайян фарзанди хурдиашонро аз иммунизатсия мегузаронанд. Онҳо ба дигарон низ тавсия медиҳанд, ки ба овозаҳои беасос бовар накунанд ва саломатии кӯдакони худро эҳтиёт намоянд.

Бо овозаҳо бояд мубориза бурд

Равоншинос Маҳмудшоҳ Кабирӣ мегӯяд, ки овозаҳои мардумро дар илми равоншиносӣ нуқтаи назари одамон меноманд. Дидгоҳи одамон метавонад гуногун бошад, зеро омилҳо гуногунанд.

Яке аз омилҳои васеъ паҳншуда нуқтаи назари беасос аст. Дар мавриди иммунизатсия нуқтаи назари беасос бештар ба аксуламали эҳтимолие, ки баъд аз гузаронидани ваксина шояд дар бадани инсон ба вуқӯъ мепайвандад, рабт мегирад.

“Нуқтаи назари беасос дар ҳама давру замон вуҷуд дошт. Барои мисол, оё тибби ройгони давраи шӯравӣ ҷомеаро қонеъ мекард? Ё дар он замона ҳамаи волидон фарзандонашонро аз иммунизатсия мегузарониданд? Не!”,- гуфт Маҳмудшоҳ Кабирӣ.

Ба андешаи равоншинос, барои бартараф кардани стереотипҳо кормандони соҳаи иммунопрофилактикаро мебояд, ки бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамкории зич ба роҳ монанд.

“Афкори ҷомеа бо иттилоъ идора мешавад. Агар вобаста ба талаботи ҷомеа маълумот дода нашавад, он бо иттилооти ғайр пур мешавад ва як шохаи он овоза аст”, – мегӯяд равоншинос.

Нобоварӣ ба тарзи нигоҳдории ваксинаҳо

Волидонро баъд аз ду моҳи таваллуди кӯдак ба марказҳои саломатӣ даъват мекунанд, то фарзанди худро аз рӯйи тақвими миллӣ барои пешгирии кабудсулфа аз иммунизатсия гузаронанд.

Ваксинаҳои Пентавалентӣ – 1, 2, 3 ва АКДС-4 иқтидори пешгирӣ кардани кабудсулфа ва чаҳор бемории дигари сироятӣ (гепатити B, гулӯзиндонак, сирояти гемофилии шакли b ва кузоз)-ро доранд. Ин ваксинаҳо аз таҳлили озмоишгоҳӣ гузаронида шуда, дорои сертификати Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мебошанд.

Тақвими миллии иммунизатсия

Маҳина (ном иваз шудааст) модари 22-сола аз шаҳри Турсунзода аст. Ӯ боре ҳам фарзандашро барои гирифтани ваксинаи Пентавалентӣ ба Маркази саломатӣ набурдааст. Агарчи волидони ҳамсараш исрор мекунанд, ки чунин бетаваҷҷуҳӣ ба солимии кӯдак таъсири манфӣ мерасонад, ӯ дидгоҳи худро тағйир надодааст.

Модари ҷавон дар суҳбат бо мо гуфт, ки бовар надорад, ваксинаҳо ҳамеша дар як ҳарорат нигоҳ дошта шаванд ва муҳлати истифодаи онҳо нагузашта бошад. Аз ин рӯ, намехоҳад, ки фарзандаш иммунизатсия шавад.

Барои дақиқ намудани дар кадом ҳолат нигаҳдорӣ шудани ваксинаҳо мо ба Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика дар шаҳри Душанбе ва маркази зертобеи он дар шаҳри Турсунзода муроҷиат кардем.

“Фиреб додан имкон надорад”

Ба гуфтаи мудири шуъбаи ташкилию омори “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” Фирӯз Мавлонов, ваксинаҳо бо фарқ аз дигар намуди доруҳо, тарзи интиқолдиҳии худро доранд.

Аз бинои ширкате, ки истеҳсол мегардад, то ба қабулкунанда омада расидан, дар ҳарорати аз +2 то +8 дараҷа нигоҳ дошта мешаванд. Яъне ин монанди занҷири хунукии сарбаста аст.

Ваксинаҳоро тавассути ҳавопаймо дар яхдон ё термоконтейнерҳо ба Тоҷикистон ворид карда, бо мошинҳои махсуси муҷаҳҳаз (авторефрижератор) ба анбори “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика” интиқол медиҳанд. Сипас бо риояи ҳарорати зарурии нигаҳдорӣ, тавассути нақлиёти махсус ба марказҳои иммунопрофилактикаи ҳар як шаҳру ноҳия ва муассисаҳои тиббӣ мефиристанд.

Мавлонов иттилоъ дод, ки истеҳсолкунандаи асосии ваксинаи зидди кабудсулфа барои Тоҷикистон яке аз ширкатҳои бонуфузи Ҳиндустон мебошад.

Дар навбати худ директори Маркази иммунопрофилактикаи шаҳри Турсунзода Ҳабиба Истамова гуфт, ки ваксинаҳоро дар термоконтейнерҳо ба марказҳои саломатӣ ва бунгоҳҳои тиббии деҳот ирсол мекунанд.

Ба гуфтаи ӯ, аз тарафи Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) барои нигаҳдории ваксинаҳо дар ҳарорати аз +2 то +8 дараҷа, яхдонҳои стандартии дорои термоиндикатор (нишондиҳандаи ҳарорат) Fridge-tag таъмин карда шудааст.

Бо шарофати Fridge-tag касе наметавонад, ба паст ё баланд будани ҳарорати муайяни ваксина шубҳа кунад. Зеро дар хотираи термоиндикатор маълумот оид ба дараҷаи ҳарорат сабт мешавад ва инро тавассути компютер аниқ кардан мумкин аст.

“Ҳарорати яхдонҳои мо ба воситаи дастгоҳи махсуси фосилавӣ аз анбори Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика ҳам назорат мешавад. Агар ҳарорати яхдон аз дараҷаи муайян паст ё баланд бошад, он бонги хатар медиҳад ва мутасаддиён ба ман занг зада, огоҳ мекунанд. Аз ин рӯ, касеро фиреб додан имкон надорад”, – шарҳ медиҳад Ҳабиба Истамова.

Ваксинаҳо ҳамаҷониба таҳқиқ мешаванд

Ҳамчунин дар ҷараёни боздид мушоҳида кардем, ки дар шуъбаҳои иммунизатсионии марказҳои саломатии шаҳри Турсунзода аз сӯзандоруҳои худмаҳвшавандаи яккарата истифода мебаранд.

Фирӯз Мавлонов таъкид намуд, ки фармоиши ваксинаҳоро дар аввали сол вобаста ба шумораи кӯдакон нақшабандӣ мекунанд. Масалан, соли 2025 дар кишвар чанд кӯдак бошад, ҳамон теъдод ваксина ба ҷумҳурӣ ворид карда мешавад.

Ба қавли ӯ, ваксина муҳлат дорад ва агар ҳолате шаваду сари вақт истифода нагардад, онро дар оташдони махсус (инсинератор) сӯзонда, нобуд мекунанд.

Қобили зикр аст, ки ваксинаҳо аз ҷониби ширкатҳои истеҳсолӣ тайи чандин солҳо таҳти санҷишу пажӯҳиш қарор мегиранд. Барои мисол, олимоне, ки ваксинаи зиддисилии БСЖ-ро ихтироъ кардаанд, тӯли 11 сол тадқиқот бурдаанд, то дар ҳақиқат барои ба организм таъсири манфӣ надоштани он боварӣ ҳосил намоянд.

Мо зимни як назарпурсии онлайнӣ бо суоли “Шумо оё фарзанди худро барои пешгирии кабудсулфа аз иммунизатсия гузаронидед?” ба корбарони гурӯҳи “Tajik Mama Group”-и шабакаи иҷтимоии Facebook муроҷиат кардем. Дар назарпурсии мазкур 70 нафар посухи “Ҳа”, 14 кас посухи “Не” ва 1 нафар посухи “Намехоҳам”-ро интихоб карданд.

Натиҷаи пурсиш дар гурӯҳи фейсбукӣ

Иммунизатсия аз нигоҳи дин

Тавре соли 2024 намояндаи Маркази исломшиносӣ ба сомонаи Your.tj хабар дода буд, 96,8% аҳолии кишварро пайравони дини Ислом ташкил медиҳанд.

Баъзан дар ҷомеа баҳси ҳалол будан ё набудани ваксинаҳо ба миён меояд.

“Аз нуқтаи назари Ислом аз сабабҳо кор гирифтан амри зарурӣ аст. Ислом тарғиб ба солимии ҷомеа мекунад. Тавре Худованд дар ояти 195 сураи “Бақара” таъкид кардааст: “…Худатонро ба ҳалокат маяндозед ва некӣ кунед, ки Худо некӯкоронро дӯст дорад””,- тавзеҳ дод ин масъаларо мутахассиси раёсати фатвои Маркази исломии Тоҷикистон домулло Абдулвоҳид Ҳомидов.

Домулло таъкид намуд, ки танҳо такя ба тақдир кардан ва сабабҳоро нодида гирифтан иштибоҳ аст. Имом Бухорӣ ривоят мекунад, ки Паёмбари Худо Муҳаммад (с) гуфтаанд:

“Чун шунидед, ки дар сарзамине тоун (вабо) пайдо шудааст, ба он ҷо ворид нашавед ва агар ин тоун дар сарзамине зуҳур кард ва шумо дар он ҷо бошед, пас, аз он ҷо хориҷ нашавед”.

Дар шариати Ислом қоидаи куллие ҳаст, ки вақте зарурат пеш омад, чизҳои номашрӯъ (ҳаром) мубоҳ (ҳалол) мешаванд ва аз он бояд истифода кард. Яъне агар мутахассиси ин соҳа гуфт, ки қабули ҳамин дору зарурат дорад, истеъмоли он раво аст.

Иммунизатсия яке аз сабабҳои ҷоиз барои мусулмонон аст, ки онро метавонанд баҳри эмин будани фарзандашон аз бемориҳои сироятӣ истифода баранд. Зеро дастури Расули Акрам (с) чунин аст: “Аз бемориҳои сироятӣ дурӣ ҷӯед”.

Азбаски шумораи муайяни пайравони мазҳаби православии дини масеҳӣ низ дар Тоҷикистон иқомат доранд, доир ба мақоми иммунизатсия дар ин мазҳаб ба намояндаи шуъбаи таълимии епархияи Душанбе Владимир Мухин муроҷиат кардем.

“Калисои православии русӣ дар масъалаи ваксинатсия ихтиёрӣ будани онро пайваста ҷонибдорӣ мекунад. Бояд ҳар як шахс бо назардошти вазъи саломатияш, ҳамзамон бо дарки масъулият нисбат ба худ ва наздикон қарор қабул кунад. Калисо ҳаргиз бар зидди ваксинатсия мавқеъгирӣ накардааст”,- гуфт ӯ.

Айб дар ош аст, ё дар мош?

Ҳабиба Истамова, директори Маркази иммунопрофилактикаи шаҳри Турсунзода сабабҳои дигари аз ваксинатсия даст кашидани баъзе волидонро шарҳ дод.

Ӯ гуфт, вақте кӯдак ваксина мегирад, ҳарорати баданаш баланд мешавад, ки ин табиист. Ҳарорат ҳассосияти ҷавобии организм аст, ки бояд барои пайдошавии масуният бар зидди беморӣ мубориза барад. Бояд бадани кӯдак ба ҳассосияти ҷавобӣ омода бошад, яъне парвариши хуб ёбад.

Аммо баъзе кӯдакон аз парвариши пайвастаи модар то андозае маҳруманд. Хусусан, дар шароити деҳот кори саҳро ва ҳамзамон нигоҳубини кӯдак мушкил аст.

Ба гуфтаи ӯ, хушдоманҳое низ ҳастанд, ки намегузоранд, набераҳояшон иммунизатсия шаванд. Онҳо ба овозаҳои бардурӯғе бовар мекунанд, ки дар миёни занон паҳн мешаванд.

“Танҳо дар сурати ҳамаи кӯдаконро сари вақт аз иммунизатсия гузаронидан, пеши роҳи ин беморӣ гирифта мешавад”,- таъкид кард Исматова.

Аз маълумоти оморие, ки мутасаддии Маркази иммунопрофилактикаи шаҳри Турсунзода вобаста ба амалисозии нақшаи соли 2024 пешниҳод кард, чунин бармеояд:

Шумораҳои нақшавии кӯдакон 9526 нафар барои гирифтани ваксинаҳои Пентавалентӣ (бо шумули АКДС – 1, 2, 3) ва 9039 нафари дигар барои гирифтани ваксинаи АКДС – 4 пешбинӣ гардида буд.

Ин ду рақами фарогирӣ вобаста ба синни кӯдакон фарқ мекунад: тибқи тақвими миллии иммунизатсия, ваксинаҳои Пентавалентӣ дар 2, 3 ва 4-моҳагӣ, аммо АКДС – 4 шурӯъ аз 16 то 23-моҳагӣ ворид карда мешавад.

Соли 2024 аз шумораҳои нақшавии шаҳри Турсунзода теъдоди зерин иммунизатсия карда шуданд:

  • 9306 кӯдак (97,7%) ваксинаи Пентавалентӣ (бо шумули АКДС – 1);
  • 9284 кӯдак (97,4%) ваксинаи Пентавалентӣ (бо шумули АКДС – 2);
  • 9229 кӯдак (96,9%) ваксинаи Пентавалентӣ (бо шумули АКДС – 3);
  • 8714 кӯдаки дигар (96,4%) ваксинаи АКДС – 4 гирифтанд.

Шумораи он кӯдаконе, ки барои пешгирии кабудсулфа иммунизатсия шуданд ё ваксина нагирифтанд, дар диаграммаи зерин ҳам оварда шудааст.

Қобили зикр аст, ки дар шаҳри Турсунзода озмоишгоҳи бактериологӣ барои ташхису муайянсозии бемории кабудсулфаи кӯдакон мавҷуд нест. Пойтахти кишвар ҷойи наздиктарин барои гузаронидани чунин ташхиси озмоишгоҳӣ мебошад.

“Аз фоидаи ваксина огоҳанд”

Шаҳзода Абдуллоева ду моҳ қабл аз мусофират баргашт. Ӯ ба шаҳри Турсунзода омадан замон, фарзандашро барои пешгирии кабудсулфа аз иммунизатсия (АКДС-4) гузаронид. Духтари ӯ Румайсо ҳоло 17-моҳа аст.

Шаҳзода аз воқеаи як сол қабл ёд меорад. Баъд аз ду моҳи таваллуди кӯдак, қариб ҳар рӯз ҳамшираҳои маркази саломатӣ дари хонаашро мекӯфтанд, то ӯ тифлашро барои иммунизатсия биёрад. Вале атрофиёнаш пайваста ба вай таъкид мекарданд, ки ба сухани ҳамшираҳо гӯш надиҳад. Чунки ваксина гӯё барои саломатии фарзандаш хатар эҷод мекунад.

“То 4-моҳагии фарзандам нияти аз иммунизатсия гузарониданро надоштам. Гумон мекардам, бефоида асту ҳатто зарар дорад. Аммо баъди он ки тариқи ҷусторҳои интернетӣ маълумот гирифтам, андешаам пурра тағйир ёфт”, – мегӯяд модари ҷавон.

Шаҳзода он гоҳ дар Русия қарор дошт. Бо мақсади аз иммунизатсия гузаронидани кӯдак ба маркази саломатии шаҳри Самара муроҷиат намуд. Аз рӯйи гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар он ҷо аҳолӣ барои иммунизатсия гирифтан навбат мепоянд, чунки аз фоидаи ваксина огоҳанд.

Навбати Шаҳзода барои гирифтани шиносномаи русиягии иммунизатсия баъд аз як моҳ расид. Сипас барои иммунизатсияи кӯдак маҷбур шуд, ки боз як моҳи дигар мунтазир бошад.

Ӯ гуфт, ки пас аз баргаштан ба шаҳри Турсунзода, шиносномаи тоҷикистонии иммунизатсияи кӯдакро аз назар гузаронидааст. Дар шиноснома тақвими миллӣ ва маълумоти мухтасар дар бораи ҳар як ваксинаро дида, шод шудааст. Зеро ин маълумот ба модарон имкон медиҳад, ки ба осонӣ кай ва бар зидди кадом беморӣ ваксина гирифтани фарзандашонро муайян кунанд.

Мутаассифона, гоҳо мушоҳида мекунем, ки бархе аз модарон дохили шиносномаро намехонанд ва ҳатто онро гум мекунанд.

Чӣ тавр ҳифзи буҷаи оилавӣ имконпазир аст?

Дар кишвари мо иммунизатсияи аҳолӣ имкон дод, ки сатҳи бемориҳои сироятӣ, аз қабили кабудсулфа хеле коҳиш ёбад.

Тоҷикистон ваксинаҳоро бо маблағҳое, ки аз буҷаи давлат ҷудо карда шудааст, ҳамчунин бо истифода аз маблағгузории созмонҳои байналмилалии кумакрасон харид намуда, ба аҳолӣ ройгон пешниҳод мекунад.

Бояд гуфт, ки ягона роҳи осону бехарҷи пешгирии бемории кабудсулфа дар байни кӯдакон гирифтани ваксинаҳои Пентавалентӣ ва АКДС-4 аст. Зеро дар сурати нагузаштан аз иммунизатсия ва бемор шудан, на танҳо кӯдак азият мекашад, балки аз муолиҷаи ӯ ба буҷаи оилавӣ ҳам зарари молиявӣ мерасад. Яъне барои харидани доруворӣ ва табобати кабудсулфа хароҷоти маблағи зиёд лозим шуда метавонад.

“Падару модаре, ки фарзандашонро аз иммунизатсия намегузаронанд, на танҳо сабабгори сироятёбии кӯдакашон, балки омили паҳн кардани беморӣ дар байни аҳолӣ мешаванд. Бояд онҳо дар фикри худ ва дигарон ҳам бошанду сари вақт рафта, ваксинаро қабул намоянд”, – изҳор дошт Фирӯз Мавлонов, мудири шуъбаи ташкилию омори “Маркази ҷумҳуриявии иммунопрофилактика”.

Нодира Собирзод

Skip to toolbar