fbpx

“Имкониятамон маҳдуд нест”. Зане дар Истаравшан ба шахсони маъюбиятдор ҳунар меомӯзонад

Ба гуфти ӯ, тайи даҳ соли охир таваҷҷуҳ ба ҷомаву рӯймолу тоқӣ кам шудааст ва солҳои охир сафи мардони тоқипӯш низ кам шудааст.


0

Фарзона Яҳёева шахси дорои маъюбият аст ва солҳост, ки рӯймолу ҷома ва тоқиҳои мардонаву занона медӯзад. Ӯ бо мақсади ҳифзу эҳё ва тарғиби нақшу нигори қадимаи тоҷикӣ ҷузвдон ва армуғонҳои гуногун низ омода мекунад.

Ин бонуи пурҳунар ду сол мешавад, ки машғулиятҳои кӯтоҳмуддат (тренинг) ташкил намуда, ба мардону бонувони дорои маъюбият ҳунар меомӯзонад.

Муаллифи Your.tj бо Фарзона Яҳёева ҳамсуҳбат шуда, аз ҳунаромӯзии бонувони дорои маъюбият ва саргузашти ҷолиби ӯ нақл кард.

Бонуи серғайрату мубориз

Фарзона Яҳёева маъюби гурӯҳи дувум мебошад. Ӯ дар кӯдакӣ ба бемории полиминити пой гирифтор шудааст. Ин бонуи серғайрату мубориз аз ин рӯҳафтода нашуда, барои ноил шудан ба орзуҳояш ҳамарӯза талош меварзид.

Фарзона ихтисос фарҳангшинос дорад. Ӯ дар коллеҷи ҳунарҳои мардумии шаҳри Истаравшан ҳамчун китобдор ва омӯзгори фанҳои фарҳангшиносӣ ва этикаву диншиносӣ кор мекунад.

Дар баробари ин, ба дӯхтани ҷомаву рӯймол ва тоқиҳои гуногуни миллӣ машғул аст. Қаҳрамони мо ин ҳунарҳоро аз модару бибияш омӯхтааст. Ӯ мегӯяд, бо ин машғулият барои ҳифзи ҳунарҳои қадимаи миллӣ саҳм мегузорад.

“Ҳанӯз 10-сола будам, ки мустақилона тоқиву руймолу ҷома медӯхтам. Модарам музди меҳнатамро дода, барои беҳтар азхуд кардани ҳунар маро дилгарм месохтанд.

Мо он қадар саргарми дӯхтудӯз мешудем, ки то нисфи шаб захм мезадем. Вале хастагиро эҳсос намекардем. Ҳунар хусусияте дорад, ки ба инсон нерӯ бахшида, хастагиро рафъ месозад”,- мегӯяд ҳунарманди ҷавон.

“Сафи мардони тоқипӯш кам шудааст”

Фарзона асосан дар вақти фориғӣ аз дигар корҳо бо ҳунармандӣ машғул мешавад. Пештар маҳсули дастонашро муштариён аз шаҳрҳои Хуҷанду Панҷакент ва ноҳияҳои Деваштичу Шаҳристону Ашт мехариданд. Вале ба гуфти ӯ, тайи даҳ соли охир таваҷҷуҳ ба ҷомаву рӯймолу тоқӣ кам шудааст.

“Солҳои охир сафи мардони тоқипӯш кам шудааст. Пӯшидани тоқӣ ва ҷомаву рӯймол ҳам хусусияти маъракавӣ касб кардааст. Дар гузашта пӯшидани ин навъи либос як виқори мардона буду мустақилу баркамол шудани мардро нишон медод.

Аз ин рӯ, ба домод то ҳол аз ҷониби волидони арӯс ҷома тоқӣ ва рӯймол туҳфа мекунанд. Ғайр аз ин ҳар нафаре, ки муждаи нек меовард ё ба тӯй даъват мекард, ба рӯймол ду нон баста медоданд. Дар маъракаҳо бошад ба карнай рӯймол мебастанд. Ин ҳама нишонаи эҳтиром буд”,- изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.

Ҷома – либоси қадимаи миллӣ

Фарзона Яҳёева мегӯяд, барои омода кардани ҷомаҳои мардона аз матоъҳои бахмал, алоча, беқасаб, сатин, шоҳӣ  ва ҷомаҳои занона аз бахмалу атласу адрас (авра), чит, астар ва байни ҷома махмали пахтагӣ гузошта руйдӯзӣ (лаганда) мекунанд. Барои ороиш дар гирди остину пешу поёни ҷома шероза медӯзанд.

“Ҷомадӯзӣ танҳо амали дастӣ нест. Он эҳтирому барқарорсозии фарҳангу суннати қадимаи халқ ва нишондиҳандаи мақоми шахс мебошад. Барои дӯхтани як ҷома 10-12 рӯз сарф мешавад.

Ҷомаи сиёҳро имрӯзҳо асосан дар маъракаи азо мепӯшанд. Ҷомаи беқасаб ва зардӯзиро бошад, бисёртар ҳунармандону санъаткорон ба бар мекунанд”- гуфт Фарзона Яҳёева.

Назар ба гуфти ӯ, ҷомаро ҳамчун туҳфа низ тақдим мекунанд. Зеро он нишонаи фарҳанг, тамаддун ва ҳунару ҳунармандии халқ мебошад.

Мураббии машғулиятҳои кӯтоҳмуддат

Фарзона Яҳёева дар якчанд машғулиятҳои ҳунаромӯзии ташкилоти ҷамъиятии “Сафои Конибодом” иштирок кардааст. Алҳол ӯ ҳамчун мураббӣ (тренер) дар ҳамкорӣ бо ташкилоти ҷамъиятии “Муваффақ” барои мардону занони дорои маъюбият машғулиятҳо таъсис додааст.

Он аз 5 то 10 рӯз иборат буда, иштирокчиён тоқидӯзӣ, ҷомадӯзӣ, рӯймолдӯзӣ ва армуғонсозиро омӯхта соҳиби шаҳодатнома мегарданд.

“Машғулиятҳои мо асосан барои бонувони дорои маъюбият аст. Аллакай аз ин машғулиятҳо 25-30 нафар занон ҳунар омӯхтанд. Ба онҳо дар ин баробар тарзи фурӯш ва пешниҳоди ҳунарҳои дастӣ, роҳҳои иштирок дар озмуну фестивалҳои ҷумҳуриявию байналмиллалиро меомӯзонем.

Инчунин мардони дорои маъюбиятро низ ба ҳунаромӯзӣ ҷалб кардаем. Ҳоло якчанд нафари онҳо мустақилона армуғон месозанд”,- гуфт ҳунарманди ҷавон.

“Имкониятамон маҳдуд нест”

Фарзона Яҳёева мегӯяд, дар зиндагӣ аз ҳама ҳолати вазнин дастнигари дигарон будан аст. Аз ин рӯ, вай мехоҳад бонувон ҳарчи бештар ҳунар омӯзанд ва забонҳои хориҷиро азхуд карда, барои пешрафти зиндагии худ кӯшиш намоянд.

“Мо ҳарчанд маълул бошем ҳам, имкониятамон маҳдуд нест. Имрӯзҳо давлату ҳукумат шахсони маъюбиро нағз дастгирӣ мекунад. Ҷудо шудани нафақа, кӯмакпулиҳои ҷашнӣ, имтиёз барои имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳ, квотаҳои президентӣ ва грантҳои ташкилотҳои давлативу байналмилалӣ далели ин гуфтаҳост.

Аз ин рӯ, ба шахсони дорои маъюбият тавсия медиҳам, ки бо азму иродаи қавӣ барои худ зиндагии шоиста бунёд намоянд. Илму ҳунар омӯхта, барои пешрафти кишвари азизамон саҳм гузоранд”,- иброз дошт қаҳрамони мо.

Фарзона Яҳёева барои фаъолиаш бо сипосномаҳои ҳукумати шаҳру вилоят борҳо қадрдонӣ шудааст. Ҳамзамон соли 2025 бо нишони “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон” мукофотонида шудааст.

Фарзона ният дорад, дӯкони ҳунармандӣ кушода, бонувони дорои маъюбиятро ба кор ҷалб намояд. Ба гуфти ӯ, дӯкон имкон медиҳад, ки бонувон маҳсули дастонашонро ба фурӯш гузоранд.

Абдуғаффор Шодиев


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend