fbpx

ИМА мехоҳад 149 шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ кунад

Аз рӯи шумораи шаҳрвандон дар ин рӯйхат Мексика (252 044), Гватемала (253 413), Гондурас (261 651) ва Салвадор (203 822) пешсафанд.


0
Акси марбута аз интернет

149 шаҳрванди Тоҷикистон ба рӯйхати шахсоне дохил шуданд, ки бояд аз ИМА ихроҷ шаванд.

Тибқи иттилои Шабакаи телевизионии Fox News, дар маҷмӯъ дар ин рӯйхат зиёда аз 1,4 миллион шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд. Қарорҳои ниҳоӣ дар бораи ихроҷ нисбати онҳо то 24 ноябри соли 2024 бароварда шудаанд.

Тавре Fox News хабар медиҳад ин шахсон фармонҳои ихроҷро гирифтаанд, аммо айни замон аз ҷониби Полиси муҳоҷират ва гумрук (ICE) ҳабс карда намешаванд.

Намогирифт аз рӯйхате. ки дар Fox News нашр шудааст

Аз рӯи шумораи шаҳрвандон дар ин рӯйхат Мексика (252 044), Гватемала (253 413), Гондурас (261 651) ва Салвадор (203 822) пешсафанд.

Инчунин, дар рӯйхат 37 908 шаҳрванди Чин, 32 363 шаҳрванди Гаити, 2 618 шаҳрванди Эрон, 776 шаҳрванди Покистон, 975 шаҳрванди Узбакистон ва 22 749 шаҳрванди Венесуэла ҳастанд, ки нисбати онҳо қарорҳои ниҳоӣ дар бораи ихроҷ бароварда шудаанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend