fbpx

Илм, истеҳсолот, нақшофарӣ, варзиш. Ҷавони тоҷик чӣ тавр дар ҳама самт муваффақ шуд

Стартапи GOOLCHANG  ҳамчун ширкати истеҳсолкунандаи сангҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба наздикӣ ба кор оғоз мекунад.


0
Парвиз Назаров. Акс аз саҳифаи инстаграми parviz.rn

Парвиз Назаров аз ҷавонони муваффақи тоҷик аст, ки маҳорату малакаашро дар самти илм, истеҳсолот, нақшофарӣ ва варзиш меозмояд. Стартапи наваш – GOOLCHANG  ҳамчун ширкати истеҳсолкунандаи сангҳои табиӣ дар Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ ба наздикӣ ба кор оғоз мекунад. Ҷавони тоҷик, инчунин, ба олами синамову реклама низ роҳ ёфтааст. Парвиз дар Чин рисолаи докторӣ дар самти илми заминшиносӣ ҳимоя кардааст.

Қаҳрамони мо ба муаллифи Your.tj, инчунин дар бораи саёҳатҳояш ба кишварҳои ҷаҳон ва машғул шудан ба варзиши сабук низ нақл кард.

Кӯшиш барои фаъол кардани стартапи GOOLCHANG

Парвиз Назаров дар риштаи заминшиносӣ (геология) рисолаи докторӣ ҳимоя кард. Имрӯз талош дорад, ки илми омӯхтаашро дар истеҳсолот татбиқ созад. Ҳамзамон, Парвиз бо Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ҳамкории судманд дошта, мақолаҳои илмии соҳавӣ таълиф мекунад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Parviz R. Nazarov (@parviz.rn)

Ӯро аллакай, ҳамчун муаллифи стартапи GOOLCHANG , ки барои истеҳсоли сангҳои табиӣ дар Тоҷикистон нигаронида шудааст, мешиносанд.

“Гулчанг номи як дара дар Бадахшон мебошад. Он ҷо сангҳои мисли гул зебо бисёр аст. Интихоби номи стартапи мо низ аз номи ҳамин дараи хушманзара сарчашма мегирад. Аслан, Точикистон макони сангҳои зебо ва беисёрест, ки барои истихроҷу коркарди он методи дуруст ва муосир лозим мешавад”,- шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.

Парвиз дар кишварҳои Италия ва Чин тарзи истеҳсоли сангҳои табииро омӯхтааст ва ба гуфтаи ӯ, барои тайёр кардани маҳсулоти хушсифат чанд марҳаларо бояд гузашт, ки ин хеле муҳим аст.

“Дар назар аст, ки 11 намуд сангҳои табиии ороиширо истеҳсол кунем. Конҳое, ки дар он ҷо истихроҷи маҳсулоти кӯҳӣ сурат мегирад, дар манотиқи гуногуни Бадахшон воқеъ аст”, – гуфт Парвиз.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Parviz R. Nazarov (@parviz.rn)

Ба геологи ҷавон муяссар шуд, ки моҳи апрели соли равон дар форуми сармоягузории “Тоҷикистон – Италия” иштирок кунад. Форуми мазкур ба бахши хусусӣ имкон фароҳам меорад, ки ба бозори Аврупо ворид шавад ва ҳамзамон таҷрибаи ширкатҳои итолиёвиро дар Тоҷкистон татбиқ созад.

“Мо тамоми роҳҳои рушди корхона ва ҷорӣ кардани технологияҳои навтарини коркарди сангҳои табииро барои ҶДММ “GOOLCHANG  Natural Stone” баррасӣ кардем. Дар семоҳаи чоруми соли ҷорӣ нақша дорем, ки аввалин миқдори муайяни сангҳои табиии бо сатҳу сифати нав коркард шударо дар асоси сертификатҳои байналмилалии ISO, GREENiTOP, LEED ба бозорҳои Италия ва Аврупо ҷорӣ намоем”,- изҳор дошт ӯ.

Татбиқи зеҳни сунъӣ дар истеҳсоли сангҳои табиӣ

Ба назари Парвиз Назаров, имрӯз дар ҳама соҳаҳои истеҳсолии ҷаҳон зеҳни сунъи ҷорӣ шудааст, аз ҷумла, дар истеҳсоли сангҳои табиӣ. Дар баробари ин, соҳаи истеҳсоли сангҳои табиӣ тиҷоратест, ки ба наздикӣ аз байн намеравад. Феълан дар соҳаи истеҳсоли санги мармар корбаст кардани имкониятҳои зеҳни сунъиро таҷриба карда истодаанд.

“Имрӯз давлат низ ба масъалаи истихроҷ ва коркарди металлҳои ранга дар кишвар таваҷҷуҳи хос дорад. Иқтидори геологии кишвар дар афзоиши сатҳи иқтисодиёт ва иҷтимоёти мамлакат саҳми саҳми назаррас гузошта метавонад”,- таъкид кард мутахассис.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Parviz R. Nazarov (@parviz.rn)

Ҳар кишвар ва минтақа дорои сангҳои махсус аст. Мисол, ба гуфтаи Парвиз, санги мармари сафеди Тоҷикистон аз мармарҳои сафеди дигар минтақаҳо фарқ мекунад. Сохти кӯҳ, роҳҳои аз он буридани ашёи хом ва коркарди дурусту муосир сифати сангро дучанд мекунад.

“Албатта, иқтидори маҳдуди инсониро AI (зеҳни сунъӣ) фарохтар мекунад. Бо истифодаи он маҷмӯи маълумоте, ки таҳлилу шарҳ ёфтааст, ба даст оварда метавонем. Аз ин рӯ, таҳлилу ташхиси маълумоте, ки барои соҳаҳои геология зарур аст, осонтар мешавад”, – илова кард геолог.

Таҳсил дар риштаи заминшиносӣ чӣ гуна буд?

Вақте Парвиз Назаров хонандаи мактаб буд, ба фанҳои физика ва таърих рағбати зиёд дошт. Аз хурдӣ ба саволҳои чӣ гуна пайдо шудани муҳит, замин ва ситораҳо ҷавоб меҷуст. Гимназияи №53-и шаҳри Душанберо бо муваффақият хатм карда, ба Филиали Донишгоҳи давлатии Москва дар шаҳри Душанбе дохил шуд.

“Аз рӯи ихтисоси гидрогеология ва муҳандиси геологӣ имтиҳон супоридам. Бемушкилӣ дохил шудам. Таҳсил бароям дар ин ришта хеле ҷолиб буд. Айни таҳсил дар чанд тадқиқоти геологӣ иштирок кардам. Ҳатто ба кӯли Сарез низ рафта будам, ки олимон дар он қоидаҳои лағжиши кӯҳро мушоҳида мекунанд. Ин кӯл маҳз дар натиҷаи лағжишхӯрӣ пайдо шудааст.

Баъдан солҳое, ки дар зинаи магистрӣ дар шаҳри Москва мехондам, дар ширкатҳои геологӣ кор карда, малакаҳои навро омӯхтам. Дар қитъаҳои замине, ки сохтмон дар назар дошта мешуд, бисёртар парма (бурение) мекардем. Хокро аз қаъри замин гирифта, таркибу сохти онро месанҷидем, – ёдовар шуд қаҳрамони мо.

Ҳимояи рисолаи докторӣ дар Чин

Парвиз Назаров пас аз хатми зинаи магистрӣ, зинаи доктор PhD-ро дар Чин тариқи грант идома дод. Тибқи барномаи CAS-TWAS President fellowship дар Донишкадаи геологияи Чин 4 сол таҳсил кард.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Parviz R. Nazarov (@parviz.rn)

“То ҳимояи рисолаи докторӣ якчанд мақолаҳои илмӣ дар робита ба гузаштаву имрӯз ва ояндаи иқлими Тоҷикистону Осиёи Марказӣ навишта дар журналҳои муътабари илмӣ ба табъ расонидам.

Як бозёфти илмиам ин аст, ки дар натиҷаи корҳои лабораторӣ синну соли зардхокҳоро (2,1 миллион сол) муайян кардам. Синну соли хок нишон медҳиад, ки иқлим пештар чӣ гуна буд ва оянда чӣ чӣ гуна мешавад. Ҳамзамон, муайян кардани синну соли хок имкон медиҳад, фаҳмем, ки чӣ гуна биноҳоро дар ин қитъаи замин сохтан мумкин аст”, – шарҳ дод заминшиноси тоҷик.

Парвиз Назаров бар ин назар аст, ки барои маълум кардани иқлими замонҳои гузашта зардхокҳои Тоҷикистон низ мувофиқу махсус мебошад.

Тадқиқоти қаҳрамони мо нишон дод, ки дар Тоҷикистон зардхокҳои қадимтарин, ки 2.1 миллион сол доранд, мавҷуд аст. Зимнан, муқоисаи зардхокҳои минтақаҳои Чин ва Тоҷикистонро низ аҷном дод, ки натиҷааш дар кори илмиааш нишон дода шудааст.

Роҳёбии тасодуфӣ ба олами синамо

Парвиз ба олами синамо тасодуфан ворид шуд. Рӯзе дар як маркази дилхушӣ дар хориҷи кишвар телефони гаронарзиши нафареро аз замин ёфт. Пурсуҷӯ карда, соҳибашро ёфт. Телефон аз они як нафар ҷавони актёр будааст. Вай аз амали хайри ҷавони тоҷик мамнун мешавад. Ҳарду хубтар шинос мешаванд.

Баъдан ӯ ба қаҳрамони мо пешниҳод мекунад, ки худро дар кастинг санҷад. Актёр дӯсти навашро ба гурӯҳи махсусе, ки дар он эълони кастинг барои филму реклама паҳн мешавад, ворид мекунад. Ҳамин тариқ, Парвиз ба доираи филмсозон роҳ ёфт.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Parviz R. Nazarov (@parviz.rn)

“Бароям пешниҳоди ҷолиб буд. Дар чанд кастинг нақш офаридам. Аввал дар рекламаи ширкатҳои Xiaomi, HUAWEI ва Mercedes-Benz нақш бозидам. Кори актёрӣ низ маъқул шуд. То имрӯз дар 35 филми гуногунжанр нақшҳои мухталифро иҷро кардам. Ҳамаи нақшҳо нотакроранд. Ҳоло ҳам нақшҳо пешниҳод мешавад, ки дар фурсати қулай ба онҳо розӣ хоҳам шуд”,- нақл кард Парвиз.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Parviz R. Nazarov (@parviz.rn)

Варзиш – манбаи нерӯву эҳсосот

Қаҳрамони мо мегӯяд, синамову варзиш ба ҳаёташ таъсири амиқе гузошт. Ӯ аз хурдӣ ба намуди варзиши кикбоксинг машқ мекард. Ҳатто ду маротиба қаҳрамони Тоҷикистон низ шудааст. Вақти таҳсил дар Москва низ дар намуди варзиши пауэрлифтинг ва кроссфит тамрин мекард. Ӯ ҳоло дар Точикистон аст ва дар вақтҳои фориғ тамрин мекунад.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Parviz R. Nazarov (@parviz.rn)

“Имрӯзҳо ҳафтае 3 бор бо варзиши бадан машғул мешавам. Тамрин як ҷузъи ҷудонашавандаи ҳаётам шудааст. Дар рафти машқ энергия ва эҳсосоти наву аҷиберо ба худ мегирам. Варзиш сабаб мешавад, ки вақти худро қадр мекунед ва дар ҳар кор меъёрпараст мешавед. Ҳар кас бояд як навъи варзишро пайгир шавад”,- зикр кард қаҳрамони мо.

Парвиз Назаров дар пайи таҳсил дар хориҷа ва нақшофарӣ дар синамо нисфи ҷаҳонро гашт. Ӯ ба ҷавонони тоҷик тавсия медиҳад, ки дар интихоби касб зирак бошанд. Ихтисоси дӯстдоштаашонро интихоб кунанд, дар ҳамоишҳои илмиву мусобиқаҳои варзишии вобаста ба соҳаи интихобкарда ширкат варзанд.

 

Посмотреть эту публикацию в Instagram

 

Публикация от Parviz R. Nazarov (@parviz.rn)

Барои фарох  шудани ҷаҳонбинӣ аз пайдо кардани дӯстони нав ва баҳсҳои созанда доштан бо онҳо наҳаросанд. Аз ҳама муҳим, забони русиву англисиро дар овони мактабхонӣ омӯзанд. Дар омӯзиши забонҳо  “ба фалон сатҳ расидам”-гӯён фориғбол нашаванд. Доимо захираи луғавиро ғанитар сохта, муоширатро ёд гиранд.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend