Илҳом Бердиев, ҳунарманди маъруфи узбек ва иҷрокунандаи нақши Алишери Навоӣ дар филми муштараки Тоҷикистону Узбекистон таҳти унвони “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” ба шаҳри Душанбе омад.
Дар ин сафар ӯро коргардони филм аз ҷониби Узбекистон, Дилмурод Масаидов ва беш аз даҳ нафар ҳунармандони дигар ҳамроҳӣ мекунанд.
Илҳом Бердиев, ҳунарманди Театри драмаи Тошканд ба номи Аброр Ҳидоятов, соли 2011 Донишкадаи давлатии санъати Узбекистонро хатм намудааст.
Дар як суҳбати кӯтоҳ ба Your.tj гуфт, ки аз соли 2013 дар театри драмавии Тошканд ба фаъолият оғоз намуда, аз соли 2019 дар синамо низ фаъол аст. Аввалин нақшаш дар филми “Шамоли Қӯқанд” буд.
Филми “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” барои Бердиев дувумин таҷриба дар филми таърихӣ ба ҳисоб меравад. Ӯ қаблан дар филме, ки ба зиндагии Заҳириддин Муҳаммад Бобур бахшида шуда буд, нақши асосиро иҷро кардааст.
Ба гуфтаи Бердиев, барои филми нав низ озмун (кастинг) гузаронида шуд ва ӯ барои иҷрои нақши Навоӣ интихоб гардид.
“Барои ҳар як ҳунарманд офаридани нақши Алишери Навоӣ орзу аст. Фикр намекардам, ки рӯзе ман дар синамо Навоиро таҷассум мекунам. Ин барои ман шараф ва ифтихори бузург аст”,- мегӯяд Илҳом Бердиев.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки ин сафараш ба Тоҷикистон бори сеюм аст.
“Пештар дар Синамоҷашнвораи байналмилалии Душанбе “Тоҷи Сомон” иштирок доштам. Мардумони тоҷик ва узбек муштаракоти зиёде доранд. Аз ин рӯ, Тоҷикистонро дӯст медорам”,- афзуд ҳунарманд.
Сабти филми таърихии муштараки Тоҷикистону Узбекистон “Дурахши ахтарон: Ҷомӣ ва Навоӣ” рӯзи 1-уми август оғоз хоҳад ёфт. Дар ин бора рӯзи, 28-уми июл, дар нишасти матбуотӣ директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён хабар дод.
Ба гуфтаи ӯ, наворгирии филм рӯзи якуми август, соати 16:00 дар павилонҳои Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” оғоз мешавад. Дар маросими оғози наворгирӣ муовини Сарвазири Тоҷикистон, роҳбарияти “Узбекфилм” ва “Тоҷикфилм”, инчунин ҷамъи ҳунармандони ду кишвар иштирок хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки тасмими таҳияи филми мазкур дар соли 2021 аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гирифта шуда буд.
Барои таҳияи тарҳи филм гурӯҳи синамогарони ҳарду кишвар ҷалб шудаанд. Онҳо дар чанд мулоқот дар Тоҷикистону Узбекистон ширкат варзида, нақшаи наворгириро баррасӣ карданд. Дар доираи омодагиҳо, аз маконҳои наворгирӣ дар Тоҷикистон, Узбекистон, Туркия ва Эрон аксу наворҳо омода гардидаанд.
Абдурахмон Рахмонов барои Your.tj