fbpx

Ихтироъкор – эҳсонкор. Чӣ тавр нафақахӯри 71 сола ба оилаҳои ниёзманд кӯмак мекунад

Нӯъмонхон Ҳасанов аввалин ихтирокори “микроволновка”- и тоҷикист.


0
Нӯъмонхон Ҳасанов

Нӯъмонхон Ҳасанови 71 сола пас аз ба нафақа баромадан ҳар гуна асбобҳои техникии маишӣ месозад. Ӯ дар баробари муҳандисиаш ҳамчунин Маркази хайриявии “Эҳсон”- ро таъсис дода ба шахсони камбизоат кӯмакҳои модӣ мерасонад.

“Одам бо кор зинда аст”

Нӯъмонхон Ҳасанов соли 1950 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Дар овони мактбахонӣ қариб ӯ ҳар рӯз ба “Хонаи пионерон” рафта дар маҳфили “Техникони наврас” иштирок мекард. Бори аввал амаки Нӯъмонхон дар синни 15 солагӣ (соли 1965) радиоприёмники киссагӣ сохта буд. Он озодона мавҷи шабакаҳои Тошканд ва Душанберо фаро мегирифт.

“Модарам бисёр радио гӯш мекарданд, вақте радиочаашон вайрон шуд, тасмим гирифтам ки барои он кас худам радио созам. Пас аз сохта ба итмом расонидан онро фаъол намудам, ки модарам хеле шод шуданд. Ҳама аҳли оилаам аз дастгоҳи сохтаи ман хурсанд буданд. Мо шомгоҳон сари дастархон онро фаъол карда, барномаҳои радиоиро гӯш мекардем”, – ба хотир меорад ӯ.

Қаҳрамони мо соли 1972 факултети механикаи Донишгоҳи кишоварзиро хатм намудааст. Баъди хатм ба корхонаи механизатсияи сохтмон ба кор даромада, вазифаҳои механики кранҳои мобилӣ, механики кранҳои маноравиро иҷро мекард.

Дар синни 30-солагӣ директори муассисаи нақлиёти автомобилӣ таъин шуда, давоми 20 сол дар ин вазифа кор кардааст. Сипас, соли 2013 ба нафақа баромада Маркази хайриявии “Эҳсон”,- ро соли 2016 таъсис медиҳад. Ӯ ҳамунин ба ихтироъ ва таъмири ҳар гуна таҷҳизотҳои маишӣ машғул аст. “Одам бо кор зинда аст”, – мегӯяд, қаҳрамони мо.

“Муътадил 40-80”: Акнун, ош хунук намешавад!

Чанд рӯз қабл Нӯъмонхон Ҳасанов дастгоҳи наве сохт, ки “Муътадил 40 – 80” ном дорад. Ин дастгоҳ барои гарм нигоҳ доштани оши палав ва дигар намуди хӯрок пешбинӣ шудааст. Ӯ дастгоҳи мазкурро бо хоҳиши дӯсти ошпазаш омода кардааст.

“Дӯсти ошпазам – Каримҷон чанд бор гуфта буд: “Як дег ошро мепазем. Дар аввал хуб аст, вале зуд хунук мешавад ва мизоҷон шикоят мекунанд”. Ҳамин тавр, ин дӯстам идея дод, ки дастгоҳе ба монанди “микроволновка” созам то ошаш зуд хунук нашавад”, – мегӯяд, Нӯъмонхон Ҳасанов.

Аслан, асбобҳо барои гармкунии хӯрок, ду-се намуданд, аз ҷумла “мармит” ва “микроволновка”, ки дар ошхонаҳо зиёд истифода мешаванд. “Мӯътадил 40 – 80” – ашро амаки Нӯъмонхон чунин шарҳ дод:

“Дастгоҳи сохтаи мо “Мӯътадил 40 – 80” хӯрокро тариқи ҳаво гарм мекунад. Таҷҳизот аз миз, элементи гармидиҳии барқӣ, терморегулятор, термометр ва индикатори барқӣ иборат аст. Он вобаста ба ҳарорати интихобшуда то 0,5 кВт/соат қувваи барқ сарф мекунад. Дег то 70-80 дараҷа гарм шуда меистад. Ба ғайр аз ош дар дастгоҳи “Мӯътадил 40 – 80” дигар хӯрокҳоро низ гузоштан мумкин аст. Вақте ҳарорати лозимӣ, масалан, 70 – 80 дараҷа шуд, дастгоҳ ба таври автоматӣ хомӯш мешавад ва дар ҳолати паст шудани ҳарорат дастгоҳ ба кор медарояд. Ҳароратро худи ошпаз интихоб карда бо тоб додани гӯшак метавонад онро ба дилхоҳ дараҷа гузорад” – мегӯяд, муҳандис.

Акнун дӯсти ошпази қаҳрамони мо Каримҷон аз ин дастгоҳ истифода мекунад ва аз тарзи кори он розӣ аст.

“Испанддудкунак”, “Ҳаводиҳии сунъӣ”, “Дастони тоза”…

Қаҳрамони мо бештар дастгоҳҳои барои мардум заруриро месозад. Дар замони хурӯҷи пандемияи коронавирус Нӯъмонхон Ҳасанов 4 намуд дастгоҳи дудкунии ҳазориспанд, 2 дастгоҳи ҳаводиҳии сунъӣ ва таҷҳизоти нави “дастони тоза” – ро сохт. Ӯ аз он ки ихтирооташро мардум истифода мекунад хеле хурсанд аст.

“Ман вақте маҳсули дастамро дар мавзеҳои ҷамъиятӣ мебинам, роҳат мекунам. Агар одамон аз истифодаи он фоида бинанд, ин подоши бузургтарин барои ман аст”,- мегӯяд муҳандиси нафақахӯр.

Ӯ ба муовини аввали раиси вилоят дасрхост кардааст, ки як маркази машваратӣ кушода шавад, ки ба ихтироъкорон ва алоқамандони техника машварати судманд диҳад. Аммо кӯшишҳои чандинмаротибагии ӯ натиҷа надодаанд ва аз дастгоҳи раиси вилоят низ оиди пешниҳодаш ҷавобе нагирифтааст.

Соҳибкорӣ- эҳсонкорӣ

Аз соли 2015 ин тараф қаҳрамони мо ҳамчун соҳибкори инфиродӣ ба қайд даромадааст. Ӯ бар ивази таъмири асбобҳои маишӣ пул кор мекунад ва андоз ҳам месупорад. Бар замми ин аз фоидаи кораш хайр ҳам мекунад. Замоне қаҳрамони мо раиси маҳалла низ буд, аз он ҷо аҳволи мардуми камбағалро дида тасмим мегирад, ки маркази хайриявие таъсис диҳад.

“Маркази хайриявии “Эҳсон” – ро 7-уми апрели соли 2016 бо мақсади кӯмак ба шахсони эҳтиёҷманд кушодам. Дар марказ 2 нафар ризокор ҷалб шудаанд, ки ман барои онҳо аз ҳисоби маблағи соҳибкориам маош ҷудо карда медиҳам. Аз соли 2016 то декабри соли 2020 – 8 160 нафар хайрхоҳон либосворию хӯрокворӣ овардаанд. Аз ин мо ба 25 ҳазору 432 нафар ёрӣ расонидем. Дар се моҳи соли 2021 аз ҳисоби кӯмакҳои расида ба 750 нафар либоса ва 1130 нафари дигар кӯмаки модӣ расонида шуд”, – мегӯяд Нӯъмонхон Ҳасанов.

Бештар ба онҳо либосҳои мавсимии мардонаю занона ва кӯдакона меоранд. Инчунин, сар аз моҳи ноябри соли 2019 ҶСК “Намаки Ашт” ҳар моҳ ба маркази онҳо 100 кг намак меорад. Дар моҳи май бошад маркази хайриявӣ ба сокинони ҷамоати наздимарзии Чоркӯҳи Исфара либосвории мардона, мактабӣ ва пойафзоли занона фиристониданд.

Аробачаҳоро таъмиркарда барои эҳтиёҷмандон

Дар шаҳри Хуҷанд устоҳое, ки аробачаҳои маъюбиро таъмир мекунанд хеле каманд. Аммо амаки Нӯъмонхон бештар чунин аробачаҳоро таъмир мекунад. Аз ҳар куҷое аробачаҳои маъюбии кӯҳнаю фарсуда ё нодаркорро ҷамъ ва таъмир карда ба шахсони эҳтиёҷдошта медиҳад.

“Пеш аз ҳама, талабот ба аробачаи маъюбӣ хеле зиёд аст. Аммо он камчин ва қиммат мебошад. Онҳое, ки шифо ёфта аробачаи кӯҳнаашонро мепартоянд, аз партовгоҳ гирифта таъмир карда ба ниёзмандон медиҳам. Як ҳоҷӣ аз Рӯмон аробачаи нодаркорашонро оварда ба ман доданд. Ман онро каме таъмир карда ба бобои 93- сола аз Ғозиён, ки ҳақиқатан ниёз доштанд додам.”, – мегӯяд, Нӯъмонхон Ҳасанов.

Файзуллохон Обидов


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
3
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
1
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend