Оҷонсии ҳавоӣ ба ширкати русии “Северный ветер» ба таври истисноӣ иҷозаи парвоз дод
Мақомоти ҳавонавардии кишвар, ба таври истиснои, ба ширкати русии ҳавопаймоии “Северний ветер” барои парвоз иҷозат доданд, то ки мусофирони дар фурудгоҳҳои кишвар бандмондаро таҳвил диҳанд, гуфт ба Азия-Плюс директори Оҷонсии авиатсияи шаҳрвандии Тоҷикистон Икром Субҳонзода. Вай изҳор дошт, ки нархи миёнаи чиптаи ҳавопаймо аз 6000 то 8500 сомонӣ муқаррар карда шудааст. Ёдовар мешавем, ки парвозҳо аз сабаби бо нархи баланд фурухтани чиптахо аз рӯзи 11-уми май боздошта шуданд.
Дар ҳамин ҳол намояндаи ширкати “Северний ветер” Фирӯзҷон Юнусов мегӯяд, қимати чиптаҳои парвозро аз Тоҷикистон ба Русия аз меъёри таъиншуда боло накардаанд. “Агар нарх гарон аст, ҷавобгар хазиначиҳои билетфурӯшӣ ҳастанд”. Дар ҳамин ҳол, Юнусов изҳор дошт, ки аз 1 июн онҳо нақша доранд, ки ки нархи чиптаҳоро коҳиш диҳанд. Аз Хадамоти матбуоти Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе хабар доданд, ки рӯзи гузашта ширкати Северный ветер ба Қазон ва Санкт-Петербург парвоз анҷом дод ва аз Хуҷанд низ ҳавопаймои ин ширкат ба Красноярск ва Уфа парвоз кардааст.
Сафорати Тоҷикистон дар Русия даст доштани тоҷиконро дар занозанӣ бо қирғизҳо рад кард
Сафорати Тоҷикистон дар Русия даст доштани шаҳрвандони кишвар дар як занозании гуруҳӣ дар Маскавро рад кард. Ин дар ҳолест, ки дирӯз хабаргузории расмии ТАСС бо такя ба дафтари матбуоти пулиси Маскав навишт, ки ин занозанӣ миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон сурат гирифтааст. “Корманди хадамоти консулии сафорат бо ёрдамчии сардори шуъбаи ВКД дар Хиёбони Вернадский, Оксана Шликова, мулоқот кард. Номбурда иттилоъ дод, ки дар муноқиша шаҳрвандони Тоҷикистон иштирок надоштанд ва ягон нафари онҳо боздошт нашудаанд”,-гуфтанд дар сафорат.
Аз муҳоҷирони тоҷик хостанд, аз тариқи Белорус ба Русия нараванд
Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ба шаҳрвандони Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, ки тавассути марзи Белорус ба Русия нараванд. Зеро ин амал убури ғайриқонуни марз аст ва ҷиноят ҳисоб меёбад ва ҷаримаву якумрӣ маҳрум шудан аз ҳаққи вуруд ба Русияро дар пай дорад.
Каримҷон Ёров, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирон мегӯяд, айни ҳол тақдири гурӯҳе аз тоҷикон ки рӯзи 17-уми уми май аз Тоҷикистон ба Белорус омаданд ва ба самти марзи Русия ҳаракат кардаанд, маълум нест. Пайвандони баъзе аз онҳо, ки бо Каримҷон Ёров тамос гирифтанд, аз боздошт шудани ин муҳоҷирон дар марзи Русия хабар додаанд.
Интихоби ин хатсайр ба қавли ҳомиёни ҳуқуқ, барои муҳоҷирони тоҷик дарди сар хоҳад шуд ва ҳатто метавонад онҳоро ба зиндон барад.
Ҳукумат номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти ниёзи аввали воридотиро тасдиқ кард
Ҳукумат номгӯй ва ҳаҷми маҳсулоти ниёзи аввалро, ки аз ҷониби Агентии захираҳои моддии давлатӣ ворид мешударо, ки аз андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карда мешаванд, тасдиқ кард. Тибқи қарор ба ин гуруҳ, маҳсулоти хӯрокворӣ, сӯзишвории дизелӣ ва бензин дохил мешаванд. Ин маҳсулот дар доираи қарзи ҷалбшуда аз Бонки Исломии Рушд харидорӣ ва ба ҷумҳурӣ ворид карда мешаванд.
Қазоқистон барои сохтумони НОБ “Роғун” таҷҳизоти махсус ворид кунад
Имрӯз, 20-уми май дар Душанбе бо ба имзо расидани ҳафт санади ҳамкорӣ музокироти Тоҷикистону Қазоқистон ба поён расид. Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо ҳамтои қазоқаш Қосим Ҷомарт Тоқаев дар оғоз дар шакли маҳдуд ва сипас дар шакли васеъ – бо иштироки ҳайати ҷонибҳо баргузор шуд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти сарвари давлат. Эмомалӣ Раҳмон қайд кард, ки “Тоҷикистон муносибатҳои шарикии стратегиро бо Қазоқистони бародар қадр мекунад ва минбаъд низ кӯшишҳои заруриро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байни кишварҳо дар ҳама соҳаҳо идома медиҳад”.
Ҳамчунин Қазоқистону Тоҷикистон дар бораи таъсиси корхонаҳои муштарак оид ба коркард ва содироти маҳсулоти меваю сабзавоти кишвар ба минтақаҳои Қазоқистон ба мувофиқа расиданд. Дар ин бора пас аз натиҷаи мулоқотҳои дуҷонибаи Эмомалӣ Раҳмон ва Қосим Ҷомарт Токаев гуфта шуд. Раҳбари Қазоқистон инчунин ба хабарнигорон гуфт, ки кишвараш тасмим дорад як корхонаи тавлиди трансформаторҳои энергетикӣ ва корхонаи васлкунии автобусҳоро дар Тоҷикистон бунёд ва ҳамчунин барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун таҷҳизоти махсус ворид кунад.
КҲФ аз омадани сел огоҳ мекунад
Аз 20-ум то 23-юми май дар ҳудуди кишвар ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо боришоти сусти борон, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва боридани жола аз эҳтимол дур набуда, дар ағбаҳо туман мефарояд. Дар дарёҳои аз нишебиҳои ҷанубии қаторкӯҳҳои Ҳисор ҷоришаванда баландшавии сатҳи об пешгӯӣ мешавад. Дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ зуҳуроти сел дар назар аст. Дар ҳамин иртибот КҲФ аз сокинон хоҳиш мекунад чораҳои бехатарии шахсиро риоя намоянд. Аз рафтан ба шикор, моҳидорӣ, ғунучини ҳезум, ва ғайраҳо худдорӣ намоянд.
Дар Деваштиҷ бар асари таркиши мошини ҳомили маводи сӯхт 2 кас маҷрӯҳ шуд
Бар асари садамаи як мошини ҳомили маводи сузишворӣ дар ноҳияи Деваштиҷ 2 нафар ҷароҳат бардоштааст. Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон иттилоъ дод, ки ҳодиса субҳи панҷшанбеи 20-уми май дар ҳудуди деҳоти Ғазантарак дар шоҳроҳи Хуҷанд-Деваштиҷ рух додааст.
Ба иттилои манбаъ, мошини “Дулан” пас аз садама таркида ва оташ гирифтааст. Сабабҳои рух додани ин ҳодиса маълум нест. Ронанда ва мусофири ӯ ба бемористони марказии ноҳияи Деваштиҷ интиқол дода шудаанд ва ба иттилои КҲФ, вазъи саломатии онҳо ҳанӯз маълум нест. Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардааст.