logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Идомаи тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон. Ивази раисони чор ноҳияи кишвар

Ҳамзамон раисони кумитаҳои рушди сайёҳӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва мансабдорони чанд ниҳодҳои дигари тобеи ҳукумат иваз шуданд.

Your tj

18:0707.01.2025

Идомаи тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон. Ивази раисони чор ноҳияи кишвар

Имрӯз, 7-уми январ дар Тоҷикистон тағйироти кадрӣ сурат гирифт. Хадамоти матбуоти президети Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки бо фармони Эмомалӣ Раҳмон раисони шаҳру ноҳияҳо Норак, Панҷ, Ванҷ ва Нуробод иваз шуданд.

Мувофиқи фармони президенти кишвар:

  • Иброҳим Мирзозода, раиси шаҳри Норак;
  • Акмал Иброҳимиён, раиси ноҳияи Панҷ;
  • Наҷмиддин Давлатзода, раиси ноҳияи Ванҷ;
  • Фатҳуддин Солеҳзода, раиси ноҳияи Нуробод таъйин шуданд.

Ҳамзамон бо қарори ҳукумати кишвар раисони кумитаҳои рушди сайёҳӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ ва мансабдорони чанд ниҳодҳои дигари тобеи ҳукумат иваз шуданд.

Се рӯз пеш 4-уми январи соли 2025 Эмомалӣ Раҳмон раиси шаш шаҳру ноҳияи вилояти Суғд ва чанде аз мансабдорони дигарро низ иваз намуда буд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

4 часов назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

4 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

7 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

7 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

8 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ