Вақте идеяи шумо ба имайли муҳаррир меояд, шумо ҳамагӣ чанд сония фурсат доред, то таваҷҷӯҳи ӯро ҷалб кунед ва водор созед, ки мутолиаро идома диҳад. Дар чанд ҷумлаи кӯтоҳ шумо бояд нишон диҳед, ки мавзӯи пешниҳодкардаатон ба расона мувофиқ аст ва исбот намоед, ки маҳз шумо беҳтарин муаллиф барои таҳияи ин мавод ҳастед.
Аслан кор бо муҳаррир ва бахусус ҳимояи мавзӯъ (pitch) дар назди ӯ чизест, ки на ҳамаи рӯзноманигорон дӯсташ медоранд. Зиёда аз ин, вақте муаллиф саргарми идея аст, барояш хунсардона баҳо додани мавзӯъ ва дидани элементҳои муҳиме, ки метавонанд муҳаррирро барои қабули он мутақоид кунанд, душвор аст.
Ҳимоя ё ироаи мавзӯъ бояд кӯтоҳ ва мушаххас бошад, яъне дар доираи ҳамагӣ чанд сархат шумо таваҷҷӯҳи муҳаррирро бояд ҷалб созед, арзиши мавзӯъро нишон диҳед ва ҳатто тасдиқ кунед, ки маҳз шумо аз уҳдаи иҷрои он беҳтар аз ҳама мебароед.
Қисса чист?
Тасаввур кардем, ки шумо ҳафтаҳо аз пайи як мавзӯъ будед: гузоришҳои илмӣ, омӯзишҳои расмӣ, хулосаҳои созмонҳои ғайридавлатӣ, мақолаҳои рӯзноманигорони дигарро омӯхтед ва ҳатто дар браузератон вобаста ба мавзӯъ даҳҳо саҳифаҳо боз доред. Бо мутахассисон суҳбатҳо доштед ва ҳатто чанд мусоҳибаи расмӣ ҳам анҷом додаед. Дар ин муддат шумо як навъ мутахассис шудед ва омодаед иттилоъ ва донишҳои андӯхтаро ба шакли як матлаби журналистӣ ба омма пешниҳод кунед, аммо дар ин росто суоли муҳим ин аст, ки оё бо ин ҳама кофтукобу ҷустуҷӯ шумо қиссаи калидӣ барои нақл кардан пайдо кардед ё не?
Агар бахтатон воқеъан хандиду шумо дар байни даҳҳо гузоришҳои омӯхтаатон маълумоте пайдо кардед, ки хилофи гуфтаҳои сиёсатмадорон аст ё, масалан, мусоҳибатон гуфт, фалон ширкате, ки чанде пеш ба маблағи хеле зиёд шартномаи ҳамкорӣ баст, ба домоди ин ё он вазир тааллуқ дорад, мешавад шуморо табрик кард, чун дар даст қиссаи арзишманд барои ҳимояи идеяи матлабатон доред.
Аммо агар чунин шонс пеш наомаду шумо ҳоло ҳам бо даҳҳо саҳифаи кушода дар браузератон нишастаеду намедонед аз куҷо корро оғоз кунед, пас маълум мешавад, ки шумо мавзӯъ доред, аммо қиссаи калидӣ не. Шумо маълумоти васеъ ҷамъ кардед, аммо то ҳол он риштаи ягонаеро, ки метавонад ҳамаи инро ба як достон табдил диҳад, наёфтаед.
Чӣ чиз як мавзӯъро ба қисса табдил медиҳад?
Фарқ байни “мавзӯъ” ва “қисса” вақте фаҳмотар мешавад, ки шумо онро ба касе шарҳ диҳед. Тасаввур кардем, шумо мегӯед:
«Матлаби ман дар бораи тағйирёбии иқлим ва ислоҳи вазъ тавассути кошти сабзаҳо ва дарахтон аст» ё «Ман дар бораи ширкате матлаб омода мекунам, ки барои кам кардани таъсири манфии гази карбон дарахт мешинонад, вале ноогоҳона навъи хатарнокеро шинондааст, ки ҳосили кишоварзони маҳаллиро вайрон мекунад». Аввалӣ мавзӯъ аст ва дуюмӣ — қисса.
Аз ин рӯ, вақте сари ҳимояи идеяи мавзӯъ менишинед, аз худ пурсед, ки қисса дар чист? Ҳамчунин суол кунед, ки:
- Қисса дар бораи кист?
- Қазия дар куҷо рӯх медиҳад?
- Оё қаҳрамоне ҳаст, ки мавзӯъро аз забони ӯ кушоед?
- Оё шумо бо ин матлаб усули кор ва ё сиёсати як ширкатро ба чолиш мекашед?
- Оё шумо ба омор дар ин робита дастрасӣ доред?
- Оё мусоҳиби калидӣ ва “номдор” доред?
- Дастрасии шумо ба кадом манбаъҳо ҳаст?
Пас аз ҷавоб додан ба ин суолҳо, кӯшиш кунед ҳамаи онро ба чанд ҷумла ифода кунед.
Ба кӣ ва чӣ тавр идеяи мавзӯъро бояд пешниҳод кунед?
Мавзӯъ ва қисса барои пешниҳод дақиқ шуданд, аммо ба куҷо бо идеяи худ бояд рафт?
Барои посух ба ин суол бояд каме гирду атрофтро аз назар гузаронеду таҳлил кунед, яъне ба кадом нашрия ё радио/ТВ матлаби шумо метавонад шавқовар бошад. Бубинед, ки дар дохили расонаи интихобкардаатон бахш/рубрикае ҳаст, ки мавзӯи шумо ба он мутобиқ бошад. Масалан, барои матлаби чандрасонаӣ бахши лонгрид мувофиқтар аст. Маводи хурдҳаҷм бошад, ба бахшҳои гуногун рост меояд. Агар матлаб таҳлилӣ бошад ё назари муаллифро баён мекарда бошад, ҳатман ҳангоми ҳимояи идея ин нуктаро зикр кунед.
Ҳамзамон хеле бамаврид мешавад, агар матлабҳои ахири расонаи интихобшударо ҳам омӯзед ва бубинед, ки оё чизе ба монанди идеяи шумо қаблан дар он нашр шуда буд ё не. Ҳатто агар идеяи ҳамсон буд, мушкиле нест, чун шумо метавонед зовияи нав интихоб кунед ё гуед, ки аз пайи идомаи мавзӯъ мешавед.
Пас аз интихоби расона санҷед, ки оё нашрияи интихобшуда дастурамал барои пешниҳоди идея дорад ё не. Агар дошта бошад, аз он истифода баред. Баъзе аз расонаҳо барои чунин мақсадҳо рақам ё имайлашонро барои тамос мегузоранд. Баъзан ҳатто барои pitch як почтаи электронии махсус ҳам доранд, аммо хубтар мешавад, агар номи муҳаррири бахши мушаххас ва имайли ӯро пайдо кунед, то барои пешниҳоди идея шахсан ба мутасаддӣ муроҷиат кунед.
Аслан муҳим нест, кадоме аз усулҳои тамосро барои пешниҳоди идея интихоб мекунед, муҳим, ки мақсади худ ва бахши мувофиқро дақиқ зикр кунед, то онҳо фаҳманд, ки шумо кори расона ва бахшҳои онро хуб медонед ва метавонед барояшон чизи ҷолибу хонданиро пешниҳод кунед.
Пешниҳоди идея
Агар дар дастурамали расона зикр шуда бошад, ки талабот барои қабули идеяҳои нав чӣ гуна аст, ҳатман онро риоя кунед. Дар акси ҳол шонс кам аст, ки мутасаддиён мактуби шуморо меомӯзанд.
Бештари муҳаррирон пешниҳодҳои журналистонро тавассути имейл қабул мекунанд. Аз ин рӯ, ҳар ҷумлаи ин паём бояд ҷолиб ва мақсаднок бошад. Беҳтар аст, агар имейлро ба шахси мушаххас равон кунед, на ба суроғаи умумӣ, ба шарте, ки дар дастурамал дуюмӣ талаб нашуда бошад.
Дар сатри мавзӯи мактуб бояд ба таври возеҳ нависед, ки шумо бо мақсади пешниҳоди идея муроҷиат мекунед — калимаи “pitch”-ро истифода баред ва мавзӯъро ҳам кӯтоҳ зикр кунед.
Дар матни имайл ҳамагӣ бо чанд ҷумла мақсади идеяи матлабатонро шарҳ диҳед:
- Қисса дар бораи чист?
- Чаро муҳим аст?
- Шумо ба он чӣ иттилои нав илова мекунед?
Ҷумлаи аввали матни мактуб бояд диққатҷалбкунанда бошад – вобаста ба услубатон метавонед онро ҳар тавре, ки мехоҳед, оғоз кунед, хоҳ бо оврадани як иқтибос, хоҳ бо арқоми муҳим, хоҳ бо суоли риторикӣ ва ё хулосаи омӯзишҳоятон. Муҳим, ки оғози матн ҷолиб ва диққатҷалбкунанда бошад.
Матнатон бояд ҳамчунон фаҳмову дақиқ бошад, ки муҳаррир моҳияти қисса ва зарурати нашри онро дарк кунад. Агар идеяи пешниҳодкардаатон ба замон, рӯйдод, қонунгузорӣ, сана ё солгарде бастагӣ дорад, ҳатман зикр кунед.
Баъдан ишора кунед, ки ин мавод ба кадом бахши расона мувофиқтар аст ва зикр кунед, чаро чунин андеша доред. Фаҳмонед, ки барои хонанда ё шунавандаи онҳо матлаби шумо чӣ аҳамият дорад. Агар мавод “эксклюзивӣ” бошад ва назари мусоҳибони “калидиву номдор”-ро дар он таъмин карда метавониста бошед, ҳатман ба ин нуқта ҳам ишора кунед.
Сипас бояд муҳаррирро мутақоид созед, ки шумо беҳтарин шахс барои таҳияи ин мавод ҳастед. Дар ду-се ҷумла таҷрибаи журналистии худро шарҳ диҳед. Бигӯед, ки чанд сол бо таҳияи матлабҳо барои наш/пахш маҳғулед. Ба ҳайси мисол линки чанд матлаби нашршудаатонро замима кунед.
Илова бар ин метавонед пайванд ба сомонаи шахсӣ, профили LinkedIn ё саҳифаи касбии худ дар шабакаҳои иҷтимоиро ҳам гузоред. Агар муҳаррир қаблан бо шумо таҷрибаи корро надошта бошад, эҳтимолан линкҳои фиристода ва саҳифаҳои кории шуморо месанҷад. Аз ин рӯ, танҳо ҳамон чизеро ирсол кунед, ки шуморо дар беҳтарин симо муаррифӣ мекунад.
Ҳама маълумоти заруриро дар матни имейл биёред. Одатан ҳеҷ кас файлҳои ба мактуб иловашударо намекушояд. Агар муҳаррир бештар маълумот хоҳад, линкҳои зикршударо пахш мекунад.
Ба муҳаррир пешопеш барои хондани мактубатон сипосгузорӣ кунед ва рақами телефонатонро барои тамоси такрорӣ гузоред. Илова кунед, ки агар саволе пайдо шавад ё маълумоти бештар лозим бошад, метавонад бо шумо бароҳатӣ дар тамос шавад.
Пеш аз он ки тугмаи “ирсол”-ро пахш кунед, бори дигар мактубатонро хонед:
- Оё паём равшан навишта шудааст?
- Ҳама нуктаҳои муҳим зикр шуданд?
- Номи муҳаррир дуруст навишта шудааст?
- Бахше, ки идея барои он пешниҳод мешавад, зикр шудааст?
- Оё хатоҳои имлоӣ ҳаст? Санҷидед?
Акнун барои ирсоли идея омодаед, барори кор!
Пас аз ирсоли идея чиро бояд интизор шуд?
Омадани ҷавоб ба расона ва кишваре, ки расона дар он ҷо ҷойгир аст, вобаста аст, яъне дар ҳар ҳолат муддати интизоршавӣ гуногун аст. Баъзе расонаҳо дар дастурамали худ ҳатто менависанд, ки чанд рӯз бояд интизор шавед ва дар кадом ҳолат бояд онро “радшуда” ҳисобед.
Агар пас аз як ҳафта мактуби ҷавобӣ наомад, метавонед имейли кӯтоҳ фиристед ва бо эҳтиром дар бораи пешниҳодатон ёдрас кунед ё бевосита ба муҳаррир занг занед ва пурсед, ки шояд вобаста ба мавзӯи пешниҳодкардаатон суоле дорад.
Дар хотир дошта бошед, ки пешниҳоди як идея ба чанд расона метавонад стратегияи хатарнок бошад. Агар муҳаррире ба идеяи шумо таваҷҷӯҳ кунад ва баъд фаҳмад, ки онро аллакай расонаи дигар пазируфтааст, бо шумо дигар ҳеҷ гоҳ сарукор намегирад.
Аммо агар идеяи шумо ба замони муайян ва руӯдоди дар пешистода бастагӣ дошта бошаду вақти зиёд барои интизоршавӣ надоред, метавонед аз стратегияи “хатарноки худ” истифода баред.
Шаблони имейл барои пешниҳоди идея
Ба: [Имейли муҳаррир]
Мавзӯъ: Pitch: [Мавзӯи матлаб дар чанд калима]
Муҳтарам [номи муҳаррир],
[Дар як ё ду ҷумла қиссаи асосии матлабро шарҳ диҳед. Гуед, ки дақиқан чиро ба шунавандагон/хонандагон мехоҳед нақл кунед ва онро чӣ гуна мехоҳед анҷом диҳед. Сарчашмаи иттилоъ ва ё нафаронеро, ки тавассути онон мехоҳед мавзӯъро кушоед, зикр кунед. Дар бораи факту арқом ва мусоҳибае, ки матлаби шуморо эксклюзивӣ месозанд, қайд кунед].
[Худро муаррифӣ кунед. Гӯед, ки чаро маҳз шумо бояд ин матлабро нависед. Аз таҷрибаатон дар таҳияи мавод нақл кунед. Линкҳои матлабҳоятонро гузоред. Пайвандҳоро ба сомонаи шахсӣ, портфолио ё шабакаҳои касбии иҷтимоӣ фаромуш накунед].
[Аз муҳаррир барои вақти ҷудокарда ва таваҷҷӯҳаш ташаккур гӯед. Рақами телефонатонро бигузоред ва бигӯед, ки омодаед ба ҳар суоли пешомада ҷавоб диҳед ё маълумоти иловагӣ ирсол кунед].
Бо эҳтиром,
[Номи шумо]
[Имейл, телефон, сомона]