fbpx

“Идҳои Рамазон ва Қурбон тӯй нестанд”. Эмомалӣ Раҳмон мардумро ба сарфакорӣ дар ид даъват кард

Ӯ дар як паёми шодбошии худ кулли сокинони тоҷикистонро ба муносибати Иди Рамазон табрик кард.


0
Эмомалӣ Раҳмон мардуми Тоҷикистонро ба Иди Рамазон табрик кард
Акс: Хадамоти матбуоти президенти Тоҷикистон

Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон дар як паёми шодбошӣ тамоми сокинони кишварро ба Иди Фитр табрик гуфта, даъват намуд, ки дар баргузории маросиму маъракаҳо, аз ҷумла дар рӯзҳои ид ба зиёдаравию исрофкорӣ ва намоишкориву риёкорӣ роҳ надиҳанд ва дар фикри аҳли оилаву фарзандони худ бошанд.

“Ба хонадони ҳар як фарди кишвар рӯзгори босаодат ва барои Ватани азизамон сулҳу суботи ҷовидона орзу менамоям”, – таманно намуд президент.

Роҳбари давлат гуфт, оростани “дастархони маънавӣ” – анҷом додани корҳои хайр, аз ҷумла зиёрати падару модар, хешу ақрабо, аёдати азодорон, дуову фотиҳа ба рӯҳи гузаштагон, насиҳати фарзандон ва ба роҳи дуруст ҳидоят кардани ҷавонону наврасон аст, ки аз анъанаҳои неку писандидаи мардуми мо ба ҳисоб меравад.

“Фаромӯш набояд кард, ки идҳои Рамазон ва Қурбон тӯй нестанд, балки як маросими сирф маънавӣ, яъне аёдат, зиёрат, гиромидошти хотираи гузаштагон, дар ҳаққи онҳо дуо кардан ва ба ҷо овардани шукронаи оромиву осоиш ва сулҳу суботи кишварамон мебошанд”, – афзуд Эмомалӣ Раҳмон.

Президент аз моҳият ва манфиати Қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим” ёдовар шуда, аз “дарки дуруст”-и он аз ҷониби мардум изҳори қаноатмандӣ кард.

“Имрӯз маблағҳои сарфашудаи шаҳрвандон барои беҳтар кардани шароити зиндагӣ, бунёду обод гардонидани манзилҳои истиқоматӣ ва дигар амалҳои хайр равона шуда истодаанд”, – гуфт Раҳмон.

Ӯ аз “қаҳтиву гуруснагии солҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ”  ёдовар шуда, таъкид кард, ки сокинони мамлакат ба ҷойи “намоишкориву исрофкорӣ” барои таълиму тарбияи фарзандон шароити беҳтарин муҳайё сохта, онҳоро бо ғизои босифат, сару либос ва асбобу ашёи хониш таъмин намоянд.

“Мо бояд фарзандонамонро тавре тарбия кунем, ки номбардори падару модар бошанд, обрӯи давлату миллатро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд, на ин ки боиси доғдор шудани номи неки миллати тоҷик гарданд”, – махсус қайд намуд президент.

Эмомалӣ Раҳмон дар идома гуфт, ки аз садҳо мушкилоту норасоӣ огоҳ аст, вале барои ҳалли онҳо вақт, заҳмат, сабру таҳаммул, маърифати баланди сиёсиву ҳуқуқӣ, иттиҳоду сарҷамъӣ, иродаи матин, нангу номус ва ҳисси баланди миллӣ доштанамон зарур аст.

“Ман медонам, ки мардуми сарбаланди Тоҷикистон ин ҳамаро доранд.

Бо умеди ҳамеша пойдору устувор будани сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ бори дигар фарорасии иди саиди Фитрро ба мардуми шарифи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамон самимона табрик гуфта, ба ҳар як фарди Ватан имону эътиқоди комил, ризқу рӯзии фаровон ва хонаи обод орзу менамоям”, – ҷамъбаст кард сухани худро президенти Тоҷикистон.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
1
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend