fbpx

Иҷрои зиёда аз 50% – и нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар 10 рӯзи аввал


0
Акс аз сомонаи bankstoday.net

Нақшаи даъвати тирамоҳии шаҳрвандон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар Тоҷикистон 50,2% иҷро шуд. Дар ин бора маркази матбуоти Вазорати мудофиа гузориш додааст.

Гуфта мешавад, ки дар даҳ рӯзи аввал ин нишондод қонеъкунанда аст. Дар рӯзи аввалини эълони давъати тирамоҳӣ ВМКБ аз иҷрои пурраи он нахустин шуда хабар дода буд. Баъдан ноҳияҳои Данғараву Вахш ва якчанд ноҳияву ҷамоатҳои дигар аз иҷрои нақшаи даъват гузориш доданд.

Ба гуфтаи манбаъ тайи даҳаи аввали моҳи октябр ноҳияҳои Нуробод, Рашт, Тоҷикобод, Сангвору Лахш ва шаҳри Ҳисор низ нақшаро пурра иҷро карда, дар умум иҷрои даъват ба Артиши миллӣ дар Ноҳияҳои тобеъи ҷумҳурӣ ба 62% баробар шудааст. Дар вилояти Хатлон ин нишондод 51 фоизро ташкил медиҳад.

Ҳамасола дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шаҳрвандони ҷинси мард, ки синнашон аз 18 то 27 – сола буда, ба  хизмати ҳарбӣ мувофиқанд, дар ду мавсим ҷараён мегирад. Даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр шурӯъ гардида, охири моҳи ноябр ба анҷом мерасад.

Аз 1 – уми октябри соли равон, дар асоси Фармони Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон, аз 3 – юми сентябри соли 2022, “Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1995 –2004 – и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” ва тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат даъвати ҷавонписарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ муташаккилона идома дорад.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

0

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend