Дирӯз, 1-уми октябр дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳарбӣ оғоз шуд, вале аллакай чанд минтақаи кишвар аз иҷрои нақшаи даъват дар рӯзи аввал гузориш доданд. Тавре АМИТ “Ховар” менависад, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аввалин шуда нақшаро иҷро кардааст.
Ҷамоатҳои Воруху Чоркӯҳи шаҳри Исфара, ноҳияҳои Вахшу Фархор ва ноҳияҳои минтақаи Рашт низ дар рӯзи аввал аз иҷрои нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ хабар доданд.
Гуфта мешавад, дар тамоми минтақаҳо гусели ботантана ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳ барпо гардид.
Фармони даъвати тирамоҳӣ ба артиш, ки то 30 ноябр идома хоҳад кард, дар охири моҳи август аз ҷониби президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.
Тибқи ин фармон, ҷавонони соли таваллудашон аз 1996 то 2005 дар маъракаи даъвати тирамоҳӣ ба хидмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд. Хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраршудаи хизмати ҳарбиро адо кардаанд, дар моҳҳои октябр-ноябри соли 2023 аз сафи Қувваҳои мусаллаҳ озод карда мешаванд.
Ҳамчунин, аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ тағйиру иловаҳо ба қарор “Дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати даъвати сафарбарӣ” эътибор пайдо кард, ки тибқи он ҳаҷми маблағ барои адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираи даъвати сафарбарӣ 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо муқаррар шуда, аз 28 ҳазору 560 сомонӣ ба 51 ҳазор сомонӣ расид.