Иҷрои беш аз 55 фоизи нақшаи даъвати ҳарбӣ дар 10 рӯз

Кадом вилоят ва шаҳру ноҳияҳо дар иҷрои нақша пешсафанд?


Ҷавонони тоҷик ба хизмати ҳарбӣ мераванд

Акс аз сомонаи шаҳрдории Душанбе

Нақшаи даъвати ҳарбии тирамоҳӣ дар 10 рӯзи аввали моҳи октябр дар Тоҷикистон 55,4 фоиз иҷро гардида, дар маҷмӯъ 15 шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз иҷрои пурраи нақшаи даъват гузориш додаанд. Дар ин бораи сомонаи расмии Вазорати мудофиа хабар дод.

Дар вилояти Хатлон беш аз 60 фоизи нақшаи даъват иҷро гардидааст. Гуфта мешавад, дар ҳамин давраи даъвати тирамоҳии соли 2022 натиҷаи он дар ҳудуди ин вилоят 54 фоизро ташкил медод.

Вилояти Суғд бошад, дар даҳрӯзаи аввал 43 фоизи нақшаро иҷро кардааст, ки ба ииттилои вазорат нисбат ба ҳамин давраи даъвати тирамоҳии соли гузашта зиёдтар мебошад.

Ҳамин тавр, дар муддати 10 рӯзи даъвати тирамоҳии соли 2023 нақшаи пешбинигардида дар шаҳри Душанбе 45 фоиз иҷро гардидааст.

Иҷрои нақшаи даъвати тирамоҳӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ дар давоми даҳ рӯз 65 фоизро ташкил дода, дар нахустин рӯзи даъват ноҳияҳои Рашт, Сангвор, Лахш, Нуробод ва Тоҷикобод аввалин шуда нақшаро ба пуррагӣ иҷро намудаанд.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон низ дар рӯзи аввали даъвати тирамоҳӣ аз иҷрои нақша хабар дода буд.

Аз 1-уми октябр дар Тоҷикистон даъвати тирамоҳии ҷавонписарони синни хизмат ба артиши кишвар оғоз гардид, ки то охири моҳи ноябр идома меёбад. Ҳамасола ин маърака дар Тоҷикистон сарусадоҳои зиёде ба миён меорад.

Сабаби сарпечии ҷавонон аз хизмати ҳатмии ҳарбиро коршиносон ба бадрафторӣ дар сафи неруҳои мусаллаҳи Тоҷикистон рабт медиҳанд, ки гоҳҳо бо маргу маъюб шудани сарбозон меанҷомад.

Шеваҳои гуногуни ҷалби маҷбурӣ ё “облава” сокинон ва ҳомиёни ҳуқуқро нигарон кардааст.