Иҷрои 55% нақшаи даъват дар рӯзи аввал

Дар Тоҷикистон дар рӯзи аввал нақшаи даъвати тирамоҳӣ 55 фоиз иҷро шудааст. Дар ин бора Вазорати мудофиа хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, нахуст ВМКБ, инчунин шаҳри Норак, ноҳияҳои Вахшу Балҷувони вилояти Хатлон ва Сагвор низ аввалин шуда аз иҷрои нақшаи даъват гузориш додаанд.

Фармони президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон дар бораи даъвати тирамоҳӣ ҳанӯз аввали моҳи сентябр имзо шуда буд, ки мувофиқи он шаҳрвандони солҳои таваллуди 1998-2007 давоми моҳҳои октябр-ноябр ба хизмати ҳарбӣ даъват мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон мардони аз 18 то 27-сола дар ду мавсим, моҳҳои апрел-май ва октябр-ноябр ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

Skip to toolbar