Даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон

Иҷрои 40 фоизи нақшаи даъват давоми 10 рӯз

Нақшаи даъвати баҳорӣ дар Тоҷикистон давоми даҳ рӯзи аввал 40% иҷро шуд. Дар ин бора маркази матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ хабар медиҳад.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аллакай дар рӯзи аввали даъват дар бораи 100 фоиз иҷро шудани нақша гузориш дода буд.

Дар шаҳри Душанбе маъракаи даъват 30 фоиз, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 57 фоиз, вилояти Хатлон 34 фоиз ва вилояти Суғд 26 фоиз иҷро шудааст.

Дар маъракаи имсолаи даъвати баҳорӣ ба хизмати ҳарбӣ ҷавонони солҳои таваллудашон 1996 – 2005 ба хидмат даъват мешаванд.

Дар Тоҷикистон ду маротиба – дар фасли баҳор ва тирамоҳ шаҳрвандони аз 18 то 27 – сола ба хидмати ҳарбӣ даъват мешаванд.

Даъвати баҳорӣ аз 1 апрел оғоз шуда, то охири моҳи май ва даъвати тирамоҳӣ аз аввали моҳи октябр то охири моҳи ноябр идома меёбад.

Соли 2021 порлумони Тоҷикистон тарҳи нави қонун “Дар бораи ӯҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” – ро қабул кард. Тибқи он аз ин ба баъд шаҳрвандони синни ҳарбӣ бо пардохти маблағи муайян метавонанд дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар хидмати ҳарбиро дар давоми як моҳ гузаранд.

Нархи пардохти хидмати алтернативӣ дар артиш 420 нишондиҳандаи ҳисобӣ (як нишондиҳанда 68 сомонӣ) мебошад.

Қабули шаҳрвандон ба хизмати алтернативии ҳарбӣ дар доираи квотаи муқарраршуда сурат мегирад. Дар сурати муроҷиат кардани шумораи бештари даъватшавандагон, онҳо метавонанд дар даъвати навбатӣ ба хидмат ҷалб карда шаванд.

Skip to toolbar