Хушунати оилавӣ. Парвандаи ҷиноятӣ нисбати модаре, ки духтари хурдсолашро латукӯб кард

Модар бо мақсади гирифтани қасос ва додани азоби руҳӣ ба шавҳараш духтари хурдсолашро дар шаҳри Хуҷанд дар дохили автомашинаи мусофиркашонӣ латукӯб мекунад.


латукӯби духтараки хурдсол аз ҷониби модар дар Хуҷанд

Акси марбута аз сомонаҳои интернетӣ

Нисбати як сокини ноҳияи Данғара барои латукӯби духтараки хурдсолаш парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст. Дар ин бора сомонаи маркази матбуотии Прокуратураи генералии Тоҷикистон хабар додааст.

Ба иттилои манбаъ Шоева Холиса Абдуллоевна, сокини ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон соли 2020 бо Алиев Сайфиддин Эргашбоевич, сокини шаҳри Гулистони вилояти Суғд оила барпо намудаааст. Онҳо аз зиндагонии якҷоя соҳиби як фарзанд Шоҳзода Ёсуман Абдулло санаи таваллудаш 1 сентябри соли 2021 гардидаанд.

25 апрели соли 2023 байни  Алиев С. ва Шоева Х.А. муноқишаи оилавӣ сар мезанад. Ин боиси ғазаби Шоева X. мегардад.

“Ӯ бо мақсади гирифтани қасос ва додани азоби руҳии Алиев С. аз хона баромада, Шохзода Ёсуман Абдуллои хурдсолро дар шаҳри Хуҷанд дар дохили автомашинаи мусофиркашонӣ мавриди латукӯб қарор медиҳад. Ин ҳолатро бо воситаи телефони мобилиаш ба навор гирифта ба барномаи месенҷерии “Ватсап”-и Алиев С. ирсол мекунад”,- хабар медиҳад манбаъ.

Алиев С. пас аз тамошо навори мазкурро дар расонаҳои иҷтимоӣ «Фейсбук», «Радиои озодӣ», «Парвиз ТВ» ва дигар расонаҳо паҳн кардааст.

Прокурори ноҳияи Данғара нисбати Шоева Х.А. бо моддаи 174 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намудааст ва тафтишот идома дорад.