Пас аз дубора ба мақоми президентии ИМА омадани Доналд Трамп шаш моҳ гузашта ва сиёсати муҳоҷират дар ин кишвар рӯз аз рӯз сахттар мешавад.
Рӯзи 23 июн Додгоҳи Олии ИМА қарори пешини додгоҳи Бостон дар бораи боздоштани ихроҷи муҳоҷирон ба кишварҳои сеюмро бекор кард. Вазорати амнияти дохилии (ВАД) ИМА дар посух ба қарори Додгоҳи Олӣ инро “пирӯзӣ барои ҳифз ва амнияти мардуми Амрико” номид.
Дар изҳороти ин вазорат гуфта мешавад, ки акнун кормандони ВАД метавонанд “ваколатҳои қонунии худро амалӣ намоянд” ва муҳоҷирони бидуни ҳуҷҷатҳои дурусту қонуниро “ба кишваре, ки омода аст онҳоро қабул кунад”, ихроҷ намоянд. “Ҳавопаймоҳоро барои ихроҷ ба кор дароред”,- омадааст дар охири иззҳорот.
Мо бо чанд шаҳрванди Тоҷикистон, ки ба роҳҳои гуногун ба ИМА рафтаанд, суҳбат кардем. На ҳамаи онҳо тавонистанд мақоми қонунии худро пурра расмӣ кунанд ва имрӯз таҳти хатари ихроҷ ҳастанд.
“Хеле душвор шуд, ваҳм бештар мешавад”
Музаффар, шаҳрванди 34-солаи Тоҷикистон (ном бо хоҳиши қаҳрамон дигар карда шудааст) зиёда аз ду сол мешавад, ки дар шаҳри Ню-Йорк зиндагӣ ва кор мекунад.
Ӯ охири соли 2022 ба ИМА ҳамчун сайёҳ сафар кард, аммо бо умеди зиндагии беҳтар дар он ҷо монд. Ба гуфтаи Музаффар, ин қарори осон набуд.
“Ба ин ҷо омадам, ҳатто забонро хуб намедонистам. Рӯзҳои аввал назди як шинос шабро рӯз мекардам, баъд бо се ҷавони дигар хонаи иҷора гирифтем”,- ба ёд меорад ӯ.
Баъди чанд ҳафта Музаффар ҳамчун бурдарасон ё курер ба кор даромад. Ӯ ронда метавонист, шаҳодатномаи ронандагии байналмилалӣ дошт, мошинро тавассути барномаи махсус барои муҳоҷирон ба иҷора гирифт. Аввал 4 то 8 соат, баъдан 12 то 14 соат дар як рӯз, бе рӯзҳои истироҳат кор мекард.
“Ҳамааш ором буд. Кор мекардем, муносибати мардум низ бисёр хуб буд. Ман беш аз 8 сол дар Русия кор кардам, он ҷо бисёр вақт шиносҳо ҳуҷҷат надоштанд ё фурсат намерасид ҳуҷҷат омода кунанд, тарс доштанд ба кӯча бароянд. Аммо дар ин ҷо чунин нест.
Бештар аз он ба ҳайрат меомадам, ки дар кӯча мардум бо эҳтиром ва бо табассум нигоҳ мекунанд, муроҷиат менамоянд. Маро ин бисёр ба ваҷҳ овард. Аз ҳамин сабаб, ман ҳам кӯшиш мекардам хуб кор кунам, чунки муносибат хуб буд”,- нақл мекунад Музаффар.
Аммо, ба гуфтаи ӯ, баъди он ки Трамп дубора раҳбари Кохи Сафед шуд, бисёр чиз барои муҳоҷирон дигар шуд. Қонуну қоидаҳои нав рӯи кор омаданд.
“Росташро гӯям, муносибати одамон баъд аз қонунҳои нав зидди муҳоҷирон дигар нашуд. Инро хуб медонам, чун бо мардум кор мекунам. Вале баъди шуруъи санҷиши ҳуҷҷатҳо ва ихроҷи бисёр муҳоҷироне, ки танҳо барои зиндагии одӣ омада буданд, зиндагӣ мушкилтар шуд, бахусус аз ҷиҳати равонӣ.
Ваҳму ҳароси доимӣ ҳаст аз полис, муҳоҷират… Ман ҳуҷҷатҳои худро пурра расмӣ накардаам. Вале кӯшиш мекунам, ки худро нишон надиҳам ва танҳо кор кунам”,- мегӯяд Музаффар.
“Худро мисли тоҷик дар Русия ҳис мекунам”
Давлат (ном бо хоҳиши қаҳрамон дигар карда шудааст) чанд сол пеш ба ИМА кӯчид. Аммо дар ин муддат ҳанӯз натавонист мақоми худро пурра қонунӣ созад. Ӯ дар як шаҳри бузург зиндагӣ мекунад.
Давлат то имрӯз ҳамчун зарфшӯй, боркаш ва официант кор кардааст.
“Аввал ҳар коре, ки барои он пул медоданд, қабул мекардам. Ҳоло корм мувофиқи худамро пайдо кардам, фосилавӣ кор мекунам ва музди хуб мегирам. Пул мерасад барои иҷора, ғизо ва ҳатто каме вақтхушӣ. Вале аз сабаби он ки мақомамро дар ИМА пурра қонунӣ накардаам, аз моҳи январи имсол хавф хеле зиёд шудааст”,- мегӯяд Давлат.
Ба гуфтаи ӯ, “ҳоло дилхоҳ вақт дар кӯча метавонанд нигоҳ доранд ва агар ҳуҷҷатҳоятро бисанҷанд, эҳтимоли зиёд ҳаст, ки туро ба боздоштгоҳи муҳоҷират баранд, ки мумкин аст аз якчанд моҳ то як сол он ҷо бимонӣ”.
Аз ҳамин сабаб, Давлат кӯшиш мекунад, ки камтар ба кӯча барояд. Кораш, ки кор чунин имконро медиҳад, метавонад бидуни зарурат аз хона набарояд.
“Ҳоло дар ИМА ман худро мисли тоҷик дар Русия ҳис мекунам”,- мегӯяд Давлат, ки таҷрибаи муҳоҷират дар Русияро низ доштааст ва чандин маротиба бо кормандони полис рӯ ба рӯ шудааст.
“Мардум метарсанд иштибоҳ кунанд”
Муҳоҷири дигар Заррина, зодаи Душанбе аст ва беш аз панҷ сол мешавад, ки бо оилааш дар Ню-Йорк зиндагӣ мекунад. Ӯ ду фарзанд дорад, ки ба мактаб мераванд ва шавҳараш ронандаи мошини боркаш мебошад. Худи Заррина ба тарбияи фарзандон машғул аст ва гоҳ-гоҳ корҳои майдаеро иҷро мекунад.
Ӯ мегӯяд, ки оилаашон то ҳол бо ягон мушкилот ё муносибати бад аз ҷониби сокинон ё мақомот рӯ ба рӯ нашудааст.
“Ҳеҷ кас моро азият намедиҳад, касе монеа эҷод намекунад. Ҳамааш ором аст”,- мегӯяд ӯ.
Аммо Заррина эътироф мекунад, ки дар маҷмуъ вазъи муҳоҷирон дар ИМА тангтар шудааст.
“Солҳои охир муҳоҷирони зиёд омадаанд, асосан аз Амрикои Лотинӣ. Тоҷикон камтаранд. Бисёрии мо кӯшиш мекунем, ки ҳадди ақал ҳуҷҷатҳои асосиро гирем: шаҳодатномаи ронандагӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда (ИНН), суғурта”,- мегӯяд ӯ.
Ба гуфтаи Заррина, мақомоти давлатӣ қоидаҳоро бештар дар сатҳи иёлатҳо тағйир медиҳанд, ки ин ба муҳоҷирон дар фаҳмидани талаботи ҳуқуқӣ мушкилӣ эҷод мекунад.
“Гӯё чизе даҳшатнок нест, вале бисёр нуктаҳои нофаҳмо пайдо мешаванд, ҳуҷҷатҳои нав, боз огоҳномаҳои гуногун. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ мардум менависанд, ки касе муҳлатро гузаронидааст, каси дигар намедонад, ки бояд мақомашро нав кунад. Бисёриҳо асабонӣ мешаванд. Ҳама чиз печдарпеч аст. Мардум метарсанд, ки иштибоҳ кунанд”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Бо вуҷуди ин, Заррина талош мекунад, ки оромиро нигоҳ дорад:
“Мо зиндагии одӣ мегузаронем, кор мекунем ва умед дорем, ки ҳамааш хуб мешавад. Чӣ роҳи дигар мемонад?”,- илова мекунад ӯ.
“Бисёриҳо метарсанд ба сафар бароянд”
Қаҳрамони дигари мо Фирӯз (ном бо хоҳиши ӯ иваз шудааст) мебошад. Ӯ се сол пеш ба ИМА рафтааст. Ба гуфтаи Фирӯз, аввал ҳамчун корманди бурдарасони хӯрок кор мекард, баъд ронандаи таксӣ шуд ва ҳоло ронандаи мошини боркаш аст.
Азбаски кору зиндагии Фирӯз дар сафар мегузарад, ӯ ҷойи зисти доимӣ надорад.
“Моҳҳо дар роҳем. Зиндагии мо дар дохили мошинҳои боркаш мегузарад. Ҳама чизи зарурӣ ҳаст: кат, яхдон, хӯрокгармкунак. Ин кори одӣ нест, ин тарзи зиндагӣ аст”,- шаҳр дод ӯ.
Фирӯз иқрор мешавад, ки ронандаи мошини боркаш будан осон нест, аммо ӯ дигар интихоб надошт. Дар давоми тақрибан се соли зиндагӣ дар Амрико, ӯ ҳанӯз ҳам қарзҳоеро, ки дар ватан дошт, пурра пардохт накардааст.
“Ман ба курсҳои омӯзишӣ рафтам, то иҷозатномаи рондани мошинҳои бузургро гирам. Баъд ҳуҷҷатҳо, иҷозатномаҳо гирифтам. Ҳамаи ин арзон набуд. Аммо ба хотири пардохти қарзҳо таваккал кардам”,- нақл мекунад ӯ.
Вале вазъ тағйир ёфт.
“Аллакай ду ҳафта мешавад, ки кор намекунам. Пас аз тағйироти охирон, тафтишотро сахттар карданд. Ҳоло агар забони англисиро намедонӣ, ҳуқуқи рондани мошини боркашро надорӣ. Пештар чунин талабот набуд.
Ин бисёр душвор аст, ҳам аз ҷиҳати равонӣ ва ҳам молӣ. Аксари кормандон дар ин соҳа муҳоҷиронанд ва миёни онҳо тоҷикон ҳам зиёданд”,- мегӯяд Фирӯз бо андӯҳ.
Ба гуфтаи ӯ, дар шаш моҳи охир зиндагии муҳоҷирон дар ИМА мушкилтар шудааст. Талабот ба ҳуҷҷатҳои корӣ сахттар гаштааст, тафтишҳо зиёд шудаанд, назорат дар роҳҳо ҷиддитар шудааст. Хусусан барои онҳое мушкил аст, ки ҳанӯз забони англисиро намедонанд ё мақоми худро пурра қонунӣ накардаанд.
“Пештар агар ҳуқуқи ронандагӣ ва иҷозатнома дошта бошӣ, ором кор мекардӣ. Ҳоло санҷишҳои иловагӣ лозим аст, донистани забон, коғазбозии зиёд. Бисёриҳо метарсанд ба сафар бароянд”,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо.
Бо вуҷуди мушкилиҳо, Фирӯз умедашро аз даст намедиҳад ва бовар дорад, ки дубора ба кор бармегардад.
“Ман меомӯзам. Ҳадаф дорам қарзҳоямро пардохт кунам ва оилаамро ба по хезонам. Роҳи баргашт нест”,- мегӯяд ӯ.
Фирӯза Наврӯзова, махсус барои Your.tj
Тарҷума аз русӣ, матни аслӣ дар ин ҷо