logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Худкушии як наврас ва ду марги мармуз дар як рӯз

Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқи сабабҳои ҳар се ҳодисаро идома медиҳанд.

Your tj

14:0303.11.2025

Худкушии як наврас ва ду марги мармуз дар як рӯз

2 ноябр дар Тоҷикистон ду ҷасадро пайдо кардаанд, ки сабаби маргашон маълум нест, ҳамчунин як навраси 17-сорла худро ба дарё андохтааст, ки ҷасади онро ҳоло ҷустуҷӯ доранд.

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, соати 16:05-и дирӯз дар шаҳри Душанбе ҷасади марди 49-сола аз дохили чоҳе дар кӯчаи Фирдавсӣ пайдо шудааст.

Мард сокини ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ буда, сабаби маргаш ҳоло муайян нашудааст. Ҷасад барои ташхиси судиву тиббӣ ба мақомоти тафтишотӣ супурда шудааст.

Ҳамон рӯз, соати 17:40, як сокини 17-солаи деҳаи Вешапи ноҳияи Айнӣ худро аз болои пул ба дарёи Зарафшон андохтааст. Гуфта мешавад, ки наврас ба сабабҳои номаълум даст ба худкушӣ задааст. Ҷустуҷӯи ҷасад аз ҷониби наҷотдиҳандагон идома дорад.

Ҳамчунин, соати 12:45-и рӯзи 2 ноябр дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷасади марди 29-сола бо нишонаҳои марги маҷбурӣ дар канали "Кӯктош-1" ёфт шудааст. Мақомоти ҳифзи ҳуқуқ таҳқиқи сабабҳои ҳар се ҳодисаро идома медиҳанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тоҷикистон ва Эрон низоми бевизаи сафарро васеъ карданд

3 дня назад

Global Gateway ва ҷавонони Тоҷикистон: ташаббуси аврупоӣ чӣ имкониятҳоро фароҳам меорад?

7 дня назад

Фаъолияти фоҳишахона дар яке аз меҳмонхонаҳои Душанбе ошкор гардид

10 дня назад

Аз сартарошӣ то фудблогерӣ - роҳи Шохин Муродов аз куҷо оғоз шуд?

10 дня назад

"Аробачаи маъюбӣ монеа нест". Қиссаи ҷавоне, ки мехоҳад Душанберо барои ҳама дастрас бинад

11 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ