HRW Тоҷикистонро ба озодии “фаврӣ”-и Далери Имомалӣ ва Абуллоҳи Ғурбатӣ даъват кард

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


Коллаж: Asia-Plus

Боздошти 5 шаҳрванди Тоҷикистон дар Қазон. Аз ҳамватанони худ пул тамаъ мекарданд

Дар шаҳри Қазони Русия 5 зодаи синнашон аз 28 то 56-солаи Тоҷикистон барои қаллобӣ ва тамаъҷӯӣ боздошт шуданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти ВКД Русия дар Тотористон. Ин гуруҳи этникӣ муддати чандин сол аз ҳамватанони худ барои кор гӯиё дар “қаламрави онҳо” ва ҳимоят (крыша) пул талаб мекардаанд.

Аз як шаҳрванди Тоҷикистон, ки хушкмева мефурӯхт, онҳо дар муддати 5 сол қариб 11 млн рубл пул гирифтаанд. Ин шаҳрванд дигар сабру тоқатро аз даст дода, ба мақомот муроҷиат кардааст.

Гуфта мешавад, боздоштшудагон – падару писар Холмурод ва Луқмонҷон Мирзоевҳо (охирӣ шаҳрвандии Русия надорад) ва боз ду нафар шаҳрвандони Тоҷикистон – Фаррухҷон Султонов ва Султонҷон Султонов мебошанд. Тибқи фарзияи мақомоти тафтишот, ба ин гуруҳ Алишер Мавлонов, муассиси ҶДММ “Сатурн-Сервис”  роҳбарӣ мекардааст.

Ба иттилои манбаъ, 5 нафар боздоштшудагонро рӯзи 10 июн дар суди ноҳияи Вахитов ба ҳабс гирифтаанд. Ҳамчунин ин гуруҳ ба чандин ҳолатҳои дигари тамаъкунии пул аз ҳамватанон, гумонбар дониста мешаванд.

Тавре ки аз маълумоти парванда бармеояд, онҳо барои тарсонидани ҷабрдидагони онҳоро ба ҷангал бурда лату кӯб мекардаанд, то ки нишон диҳанд, ки ҳамаи ин кор ҷиддӣ аст.

Ҷасади афсари “ОМОН”-ро дар сарҳади Афғонистон пайдо кардаанд

Пайвандони Сангалӣ Камолов ронандаи неруҳои махсуси вазорати корҳои дохилӣ, ки як моҳ қабл ҳангоми ҳаракат ба самти Хоруғ нопадид шуд, мегӯянд, ҷасади ӯро пайдо ва дафн кардаанд.

Шӯҳрат Камолов, бародари Сангалӣ рӯзи 22-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфтааст, ҷасади бародараш рӯзи 12-уми июн дар канори рӯдхонаи Панҷ дар сарҳади Афғонистон ёфт шудааст.

Ба қавли хешовандонаш, Сангалӣ рӯзи 20-уми майи имсол гурӯҳи сарбозони ОМОН ва ё неруҳои махсуси вазорати корҳои дохилиро дар мошини низомиаш ба ноҳияи Рӯшони ВМКБ мебурд, “аммо дар роҳ бедарак шуд”.

Мақомот ба наздиконаш гуфтаанд, ӯ шаби 21-уми май дар рӯдхона ғарқ шудааст. Вазорати корҳои дохилӣ то кунун дар бораи нопадид ё ғарқ шудани кормандони ОМОН иттилоъ надодааст. Дар бораи ёфт шудани ҷасад ҳам чизе нагуфтааст.

Ба нақли пайвандони Сангалӣ Камолов, бо ӯ як нафари дигар низ ғарқ шудааст. Маълум нест, дар дохили мошин чанд афсар будааст ва сарнавишти дигарон чӣ шудааст. Рӯзи 23-уми май як манбаи наздик ба мақомоти интизомӣ дар Хоруғ дар суҳбат бо Радиои Озодӣ иддао кард, ки “7 корманди неруҳои таъиноти махсус дар наздикии Рӯшон бенишон шудаанд“.

HRW Тоҷикистонро ба озодии “фаврӣ”-и Далери Имомалӣ ва Абуллоҳи Ғурбатӣ даъват кард

Созмони ғайриҳукуматии ҳомии ҳуқуқи Human Rights Watch (HRW) аз Тоҷикистон даъват кард, ки боздоштшудагон – блогери тоҷик Далери Имомалӣ ва рӯзноманигор Абдуллоҳи Ғурбатӣ “фавран” озод карда шаванд. Изҳорот имрӯз, 22 июн дар торнамои созмон нашр шудааст.

Созмон ҳамчунин аз созмонҳои минтақавӣ ва байнулмилалӣ даъват кардааст, ки аз ҳукумати Тоҷикистон иҷрои уҳдадориҳои худро дар соҳаи ҳуқуқи башар талаб кунанд.

Дар изҳорот гуфта мешавад, “Имомалӣ ва Ғурбатӣ бо вуҷуди аз ҷониби қонунҳои Тоҷикистон ва уҳдадориҳои байнулмллалӣ дар мавриди озодии баён ва ВАО ҳимоя шуданашон, барои фаъолияти касбиашон таъқиб мешаванд”.

“Интиқоди мақомоти давлатӣ ҷиноят нест ва аз ин рӯ, блогерҳо бояд фавран озод шуда, ҳамаи айбномаҳо нисбати онҳо бояд бекор карда шаванд”, – зикр кардааст дар изҳорот Сийнат Султоналиева, муҳаққиқи HRW оид ба Осиёи Марказӣ.

Мақомоти Тоҷикистон то ҳол ин изҳоротро шарҳ надодаанд.

Поинравии қурби доллар дар Тоҷикистон идома дошта, қурби рубл боло меравад

Дар Русия дирӯз, 21 июн қурби рубл бори нахуст аз моҳи июни соли 2015 ба сатҳи рекордӣ поин рафт.

Дар Тоҷикистон қурби рубли Русия нисбат ба арзи миллӣ – сомонӣ ба болоравӣ идома дода, доллари амрикоӣ беқурб мешавад.

Тибқи қурби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) барои имрӯз, 22 июн 1000 рубл 177,2 сомонӣ нарх дошта, дирӯз, 21 июн қимати он ба 176,5 сомонӣ баробар буд.

Дар “бозори сиёҳ” вазъе каме дигар аст: 1000 рублро 174 сомонӣ харида, 176 сомонӣ мефурӯшанд.

Қурби доллар барои имрӯз 10,6021 сомонӣ муқаррар шуда, дирӯз, 21 июн қимати он ба 10,6031 сомонӣ баробар буд.

Дар “бозори сиёҳ” 100 долларро ба 1 ҳазору 20 сомонӣ харида, 1 ҳазору 40 сомонӣ мефурӯшанд.

Қурби евро низ мувофиқи қурби БМТ ноустувор аст. Имрӯз 1 евро ба 11,18 сомонӣ баробар буда, дирӯз – 11,15 сомонӣ нарх дошт.