fbpx

Хонандаи мактаб дар Зафаробод ба пахтачинӣ рафту зери чархи трактор ҷон дод

Мухтасари хабарҳои рӯз, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


2
2 points
Акс аз шабакаҳои иҷтимоӣ

Меҳрона ба пахтачинӣ рафту зер чархи трактор монд

Бегоҳии 13-уми сентябр Меҳронаи Фурузон, хонандаи синфи 9-и мактаби рақами 2-и ноҳияи Зафаробод дар майдони пахта зери чархи трактор монда ҷон бохтааст.

Гулсара Назирова модари Меҳронаи Фурузон дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт духтараш ҳамагӣ 15 сол дошт. Ӯ дар марги духтараш омӯзгоронро айбдор медонад, ки иҷборан ба ҷамъоварии пахта бурда бетаваҷҷӯҳ гузоштанд ва то шом дар майдон нигоҳ доштанд.

Ба гуфтаи Гулсара ҳодиса тақрибан соати 19:30 дақиқа рух додааст. Ронанда бехабар аз хонандагон, ки назди ядак (притсеп) дар торикӣ интизори бозгашт ба хона буданд, тракторро идора кардааст. Ба ғайр аз Меҳрона боз ду ҳамсинфаш назди ядаки трактор қарор доштаанд.

“Шоҳидони ҳодиса ду ҳамсинфаш ҳастанд. Яке аз онҳо гуфт ронанда тракторро тез аз ҷой ба ҳаракат даровард ва ядаки он ба китфи Меҳрона расида ӯро ба замин афтонд. Дар торикӣ ронанда надидаст ва трактор аз болои духтарам гузашта рафтаст. Хонандагон ӯро бо ҷароҳатҳои вазнин аз замин бардоштаанд, аммо ӯ ҳалок шудааст. Муаллима он вақт дар назди ин хонандаҳо набудаст, ҳарчанд ӯ бояд хонандагонро сарҷамъ мекард”, – бо алам мегӯяд Гулсара Назирова.

Ин модар аз фавти духтараш дар Беморхонаи шаҳри Хуҷанд, ки ду рӯз пеш он ҷо бистарӣ шуда буд, огоҳ шудааст ва аз рафтани Меҳрона ба пахтачинӣ бехбар будааст.

Яке аз пайвандони наздики хонаводаи Назаровҳо гуфтааст, ки гурӯҳи тахмин 30-нафараи хонандагон ин мактабро баъди анҷоми дарс бо роҳбарии муаллима Қаюмова Гулчеҳра ба пахтачинӣ бурдаанд. Майдони пахтаи наздик ба маҳаллаи Мехнатобод аз Хоҷагии ёрирасони Раёсати корҳои дохилаи вилояти Суғд будааст.

Ба гуфти ӯ, бегоҳӣ гурӯҳе аз хонандагонро бо нақлиёт ба хонаҳояшон оварданд, ба гурӯҳи дигар нақлиёт пайдо нашудааст ва то торикӣ дар майдони пахта мондаанд. Байнашон Меҳрона ҳам будааст.

Дар шӯъбаи матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд гуфтанд, аз ин ҳодиса хабар надоранд ва чунин ҳодиса дар мақомоти онҳо сабт нашудааст.

Ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар Қирғизистон ба ҳабси абад маҳкум карданд

Қирғизистон ду шаҳрванди Тоҷикистонро дар робита ба муноқишаи марзии моҳи апрел ба ҳабси абад маҳкум кардааст. Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров ва Аскар Юнусов ба “ҷиноят ба зидди сулҳ” (моддаи 380-и Кодекси ҷиноии Қирғизистон) ва “ғоратгарӣ” (моддаи 391-и Қирғизистон) гунаҳкор дониста шудаанд, аммо пайвандонашон розӣ нестанд. Тоҷикистон то ба ҳол дар бораи муҳокимаи шаҳрвандонаш дар кишвари ҳамсоя изҳори назар накардааст.

Абдулазиз Юнусов, падари яке аз маҳкумшудаҳо, рӯзи 15-уми сентябр гуфтааст, ки ҳукм 14-уми сентябр дар Додгоҳи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон эълон шуд, аммо онҳоро ба толори додгоҳ роҳ надоданд. Наргис Ҷабборова, ҳамсари Абдурозиқ Абдуқаҳҳоров, низ гуфт, “дар мурофиа танҳо вакили мудофеъ ҳузур дошт”.

Пештар вакили мудофеи қирғиз, Мэлс Абдураимов, нахост дар бораи қазияи шаҳрвандони Тоҷикистон суҳбат кунад.

“Зану бачаҳояшро бурда бурдам. Пеш аз омадани додрас писарамро нишон доданд. Баъд моро ба берун бароварда, ҳукмро эълон карданд. Вакили мудофеъ хабар дод, ки онҳо ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуданд. Худам дар ҳолати шок ҳастам”, — гуфт Абдулазиз Юнусов дар суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Дар ҳоле ки шарҳи Додгоҳи ноҳияи Лайлак дар бораи сабабҳои эълони ҳукм маълум нест, Абдулазиз Юнусов мегӯяд, додгоҳ ба ҷуз аз наворе, ки писарашро ҳамроҳ бо шахсони мусаллаҳ нишон медиҳад, далели дигаре надорад. “Ин ягона далел буд”, — иддао кард ӯ.

Ҳушдори мақомоти Тоҷикистон ба муҳоҷирон

Мақомоти Тоҷикистон бори дигар аз муҳоҷирони меҳнатии тоҷик, ки дар қаламрави Русия кору зиндагӣ мекунанд, хоҳиш намудааст, ки ҳузурашонро дар ин кишвар то 30 сентябр қонунӣ кунанд, то ки аз Русия ихроҷ нашаванд.

Намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Русия оид ба муҳоҷират дар як изҳороте таъкид доштааст, ки имрӯзҳо ҷараёни расмикунонии муҳоҷирони меҳнатӣ барои иқомат ва иҷозати фаъолияти меҳнатӣ дар Русия идома дорад.

Манбаъ таъкид доштааст, ки расмикунонӣ дар қаламрави Русия то санаи 30 сентябри соли равон идома меёбад.

“Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар давраи пандемияи натавонистанд фаъолияти худро расман ба қайд бигиранд ва натавонистанд, ки маблағи муайяншуда барои ҳақи иҷозати фаъолияти меҳнатиро пардохт намоянд, тибқи санади мазкур то санаи 30 сентябри соли 2021 метавонанд ба шуъбаҳои кор бо муҳоҷиратии ноҳиявии худ муроҷиат намуда, расман худро ба қайд гирифта, дубораи ба мақомотҳои марбутаи иҷозатномадиҳии фаъолияти корӣ муроҷиат намоянд” – таъкид доштааст манбаъ.

Ҳамзамон, гуфта шудааст, ки шаҳрвандони Тоҷикистон – муҳоҷирони меҳнатӣ, ки солҳои тулонӣ фаъолияти худро расман ба қайд нагирифтаанд, ҳамчунин имкон доранд ба шуъбаҳои муҳоҷиратии ноҳияи худ муроҷиат намуда, баъд аз ҷаримаи муайншудаи мақомоти давлатӣ расман худро ба қайд бигиранд.

ИМА ба Тоҷикистон барои мубориза бо каронавирус 2, 8 миллион доллар медиҳад

Тоҷикистон ҳамоно алайҳи маризии коронавирус мубориза мебарад ва барои ин кор аз кишварҳои пешрафта кумак мегирад.

Амрико эълон намудааст, ки тавассути Ожонси рушди байналмилалии ИМА барои мубориза бо коронавирус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,8 миллион доллар ихтисос медиҳад.

Ба гузориши сафорати Амрико дар Тоҷикистон, маблағи мазкур чун кумаки таъҷилӣ барои мубориза бо коронавирус тахсис шудааст.

“Кӯмак ба Тоҷикистон барои таҳкими системаи тандурустӣ, харидории фаврии маводи пешгирӣ ва назорати вирусҳо, аз ҷумла барномаҳои тавсеаи санҷиши COVID-19, таҷҳизоти муҳофизатии инфиродӣ, дастрасӣ ба таҷҳизоти лабораторӣ ва хориҷкунандаи оксиген пешбинӣ шудааст”, – омадааст дар хабар.

Огоҳии хадамоти зиддиинҳисори ба таксиҳои фармоишӣ оиди баланд бардоштани нархи роҳкиро

Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон мегӯяд, дар пайи сару садо дар бораи боло рафтани нархи роҳкирои таксиҳои фармоишӣ, бо масъулини ширкатҳои хизматрасонӣ суҳбат карда, ба онҳо огоҳинома додааст ва таъкид кардааст, ки дар сурати такрори чунин ҳолат ширкатҳо ҷарима мешаванд.

Ду ҳафта пештар, ин ниҳод гуфта буд, ки хабари қиматшавии нархи роҳкироро дар ширкатҳои хизматрасони таксӣ месанҷанд. Ҳоло онҳо мегӯянд, санҷиш маълум кардааст, ки воқеан, бархе ронандагон худсарона бидуни огоҳии ширкатҳо нархи роҳкироро баланд бардоштаанд.

– Мо дар ҳамаи ширкатҳои хисматрасонии такси санҷиш гузаронидем. Маълум шуд, ки чунин ҳолат аз ҷониби бархе ронандагон ҷой дорад. Баъдан, роҳбарон ва масъулини  ширкатҳои хизматрасонии таксиро даъват карда, бо онҳо суҳбат кардем. Ба онҳо фаҳмонидем, ки фаъолияти ронандагонашонро ба танзим дароранд ва  нагузоранд, ки онҳо роҳкироро баланд кунанд. Ба ҳамаи ширкатҳо барои баланд намудани нархи роҳкиро огоҳинома дода шуд, – гуфт манбаъи мо.

Аз хадамот гуфтанд, ки дар сурати такрор шудани чунин ҳолат нисбати ширкатҳои хизматрасонии такси протоколҳо тартиб дода, барои ҷаримабандӣ ва андешидани дигар чораҳо ба мақомоти дахлдор ирсол менамоянд.

Онҳо аз шаҳрвандон даъват намуданд, ки бо онҳо ҳамкорӣ намоянд ва дар сурати дучор шудан ба ронандагоне, ки бо нархи нав мусофир мекашонанд, ба онҳо муроҷиат кунанд, то онҳо тавонанд нисбати чунин ронандагон чорандешӣ кунанд.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

2
2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
1
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
2
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend