Хонандагони мактабҳои Тоҷикистон ин баҳор бештар истироҳат мекунанд

Барои хонандагони мактабҳои Тоҷикистон имсол таътили баҳорӣ дар маҷмуъ 10 рӯз давом меёбад. Тибқи иттилои Вазорати маориф ва илми кишвар, таътили расмии баҳорӣ аз 25 то 29 март аст.

Вале бо дарназардошти рӯзҳои истироҳатии ҷашни Наврӯз (аз 21 то 24 март) ва рӯзи якшанбеи 30 март, муҳлати истироҳати хонандагон дарозтар мешавад.

Ҳамин тавр, хонандагон аз 21 март то 30 март аз таҳсил озод хоҳанд буд.

Вазорат ҳамчунин қайд кардааст, ки агар Иди Рамазон ба рӯзи корӣ, масалан 31 март рост ояд, он рӯз низ хонандагон аз дарсҳо озод хоҳанд буд.

Бояд зикр кард, ки муҳлати таътили мактабӣ дар Тоҷикистон тағйир ёфта, ҳоло таътили тирамоҳӣ ва зимистона 7 рӯз ва баҳорӣ 5 рӯзро дар бар мегирад.

Skip to toolbar