fbpx

Хонандагони Гимназияи №4 дар рӯи фарш дарс мехонанд

Мо мухтасар дар бораи тозатарин хабарҳои рӯз мегӯем, ки донистани онҳо барои Шумо муҳим аст.


-2
-2 points
Акс аз саҳифаи Фейсбуки Радиои Озодӣ

Хонандагони Гимназияи №4 дар рӯи фарш дарс мехонанд

Ба далели нарасидани омӯзгорон дар Гимназияи рақами 4-и шаҳри Душанбе, баъзан хонандагони се синфро дар як утоқ ҷо мекардаанд.

Аз сабаби набудани ҷойи кофии нишаст, қисме аз кӯдакон дар рӯйи фарши синфхона нишаста ва гурӯҳе ҳам рост истода, дарс мехонанд.

Гимназияи рақами 4 барои хонандагони болаёқатро моҳи сентябри соли 2021 дар Душанбе ба истифода додаанд.

Расонаҳои расмии Тоҷикистон он замон навиштанд, ки дар маросими кушодани мактаб раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон ва писараш, раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ иштирок доштанд.

Бино ба иттилои хабаргузориҳои расмӣ, ин мактаб барои 2500 хонанда дар як баст пешбинӣ шуда, “бо тамоми шароит фароҳам аст”.

Мудири гимназия, Назира Назарова, иддаои нарасидани муаллимонро рад кард. Ӯ гуфт, мактаб чунин мушкил надорад.

Дар ҳамин ҳол, як корманди гимназия бе зикри ном гуфт, “ҳолатҳое мешавад, ки муаллимон бемор мешаванд ва кӯдаконро омӯзгори дигар дарс медиҳад.”

Дар ҳамин ҳол маъмурияти Гимназияи рақами 4 дар сомонаи эълонҳои “Сомон.тҷ” навиштааст, омӯзгорони синфҳои ибтидоиро ҷустуҷӯ дорад.

Дар ин эълон, ки 6-уми январ аз номи мактаб гузоштаанд, гуфта мешавад, “Гимназияи рақами 4 барои кӯдакони болаёқати шаҳри Душанбе гурӯҳи омӯзгорони синфҳои ибтидоии забони русиро ба кор даъват мекунад. Доштани дипломи омӯзгорӣ ҳатмӣ аст”.

Мақомот нарасидани омӯзгоронро дар мактабҳои кишвар тасдиқ мекунанд, аммо мегӯянд, вазъ ба он ҳадде нест, ки сокинону расонаҳо тасвир мекунанд.

Оҷонси назорат дар соҳаи маориф ва илм иттилоъ дода буд, ки дар умум дар кишвар беш аз 2 ҳазор омӯзгор намерасад.

Сӯхтори арчаи солинавӣ дар Вахш

Сардори Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Вахш (вилояти Хатлон) ва муовини ӯро барои пешгирӣ накардан аз сӯхтори арчаи солинавӣ аз мансаб рондаанд.

Қарори барканории Алишер Неъматзода ва Сафар Абдуллоев ҳафтаи гузашта содир шуд. Арчаи солинавӣ дар ноҳияи Вахш рӯзи 3-юми январ сӯхт. Сабабашро оташбозии ноболиғон номиданд.

Сардори ШКД-и ноҳияи Вахш ва муовини ӯ барои таъмини бехатарӣ дар назди арча навбатдор нагузоштаанд ва “ин камбудии ҷиддӣ ҳисоб мешавад”.

Нусратулло Маҳмудзода, сухангӯи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, барканории ӯро тасдиқ кард, вале гуфт, ин “тағйироти маъмулии кадрӣ буд”.

Навори сӯхтани арча дар маркази ноҳияи Вахши вилояти Хатлон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд ва вокуниши зиёд ба бор овард. Бисёриҳо бо далели ихтилофи ифротгароён бо гузоштани арча ҳадс заданд, ки эҳтимол кори онҳост. Мақомот гуфтанд, се кӯдак ҳангоми оташбозӣ “аз беэҳтиётӣ ин корро кардаанд”.

Намозалӣ Салимов, сардори Идораи оташнишонии ноҳияи Вахш, рӯзи 11-уми январ ба Радиои Озодӣ гуфт, “нисбат ба волидони кӯдакон протокол барои ҳуқуқвайронӣ тартиб дода шудааст.”

Омӯзгори тоҷик дар озмуни байналмилалӣ соҳиби ҷоиза шуд

Омӯзгори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавҷуда Имомназарова дар Озмуни байналмилалии «Беҳтарин педагог-2021» бо дипломи дараҷаи III ва медали сарисинагии «Беҳтарин педагог-2021» сарфароз гардонида шуд.

Озмуни мазкур миёни муассисаҳои илмӣ-таълимӣ бахшида ба 30-солагии ИДМ таҳти унвони «Беҳтаринҳо дар маориф-2021» дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид.

Мавриди зикр аст, ки озмун аз тарафи Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи байналмилалии олимони ҷавон» ва Иттиҳоди шахсони ҳуқуқӣ дар шакли Ассотсиатсияи «Ҳаракати умумимиллии Бобек» байни омӯзгорон ва олимони ҷавони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил сурат гирифт.

Сокини Душанбе ба дуздии 240 ҳазор сомонӣ аз терминалҳо гумонбар дониста мешавад

Кормандони милитсия сокини 37-солаи шаҳри Душанберо ба гумони даст доштан дар дуздии пули нақд аз терминалҳои пардохт боздошт намуданд.

Тавре ки маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон хабар медиҳад, номбурда  бо истифода аз калид бо роҳи пинҳонӣ терминалҳои пардохтиро дар кӯчаву хиёбонҳо пойтахт мекушодааст.

Гуфта мешавад, сипас ӯ аз дохили терминалҳо пули нақдро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезадааст.

“Зарари расонида аз ин амалҳои ҷинояткоронаи боздоштшуда 240 ҳазору 980 сомониро ташкил медиҳад”, – омадааст дар хабари Вазорат.

Зимнан зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад. Ному насаби боздоштшуда зикр нашудааст.

Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, соли 2021 шумори ҳодисаҳои дуздӣ дар пойтахт ба андозаи 7,24% кам шудааст.


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

-2
-2 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
0
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
0
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
0
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
0
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend