Ҷавонписари хонандаи синфи 11 аз духтараки синфи 8 талаб мекард, ки узвҳои маҳрамонаашро акс гирифта фиристад ва таҳдид менамуд, ки ҳеҷ кас дар ин бора нафаҳмад. Ӯ, ба қавле таҷрибаи калон дошт, чун ин духтар аллакай ҷабрдидаи дуюм ё сеюм буд.
Ин зӯроварии онлайн буд, ки хусусияти шаҳвонӣ дошт. Дар силсилаи махсуси подкастҳои мо, ки ба 16 рӯзи амал зидди зӯроварии гендерӣ бахшида шудааст, мо дар бораи он суҳбат кардем, ки бисёриҳо беаҳамиятиро нисбати зӯроварии онлайн хубтар мешуморанд.
Ҳамсуҳбати мо Муҳаррам Раҳимова, равоншинос бо таҷрибаи 35-сола дар самти кор бо қурбониёни зӯроварӣ, аз ҷумла зӯроварии онлайн ин қиссаро аз таҷрибаи кории худ нақл кард.
“Духтарак ҳама суҳбатҳоро нигоҳ дошт, скриншот кард ва вақте фишор аз ҷониби ҷавон бисёр шуд, маҷбур шуд онҳоро ба модараш нишон диҳад. Ба суд муроҷиат карданд ва ман ҳамчун равоншинос дар он иштирок доштам.
Вақте бо ҷавон суҳбат кардам, ӯ исрор мекард, ки ин кор бо хоҳиши ду тараф шудааст. Вале вақте далелҳоро пеш оварданд, исбот шуд, ки ин зӯроварии шаҳвонӣ буд. Бо ин ҷурм 6 сол аз озодӣ маҳрум карда шуд”,- гуфт равоншинос.
Ӯ афзуд, зӯроварии онлайн падидаи нав аст, вале тез паҳн шуда истодааст. Зеро имрӯз интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ ба василаи муҳими ҳаёти мо табдил ёфтааст.
“Дар интернет асосан зӯроварӣ ба тариқи таҳдид, таҳқир, табъиз ва ҳатто даъвоҳои зишти шаҳвонӣ сурат мегирад. Аз рӯи мушоҳидаҳо, асосан занону духтарон ва кӯдакон ба ин гуна зӯроварӣ дучор мешаванд”,- шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.
Ба гуфтаи ӯ, беаҳамият мондани зӯроварии онлайн нодуруст аст. Зеро гап дар сари шаъну шарафи шахс меравад, ки бо ному насаб ва ҳатто сурату навор ба ӯ озори равонӣ медиҳанд.
“Аз таҷриба мегӯям, ки бо таъсири ҳамин чиз нафаре гӯшанишину одамгурез шуд, ба назараш гӯё тамоми шаҳр ба ӯ таҳдиду таҳқир карда истодаанд. Ҳатто кор то ҷойе мерасад, ки ҷабрдида метавонад ба ҷони худ қасд кунад”,- таъкид кард мутахассис.
Шакли пурраи подкастро дар ин ҷо тамошо кунед:
