Хизмати якмоҳа дар Тоҷикистон чӣ гуна мегузарад? Нақли сарбози эҳтиётӣ баъди адои хизмати якмоҳа

Абдувалӣ Соҳибов пас аз адои хизмат дар сафи даъвати сафарбарӣ соҳиби билети ҳарбии деринтизор шуд.


Сарбозони эҳтиётии тоҷик

Абдувалӣ бо ҳамхизматонаш

Аксари ҷавонони синни даъвати ҳарбӣ ва волидони онҳо савол медиҳанд, ки хизмати ҳарбии алтернативӣ, ки бо роҳи “харидани” қонунии муҳлати дусолаи хизмати ҳарбӣ анҷом дода мешавад, чӣ гуна мегузарад? Ба ин ҷавонон дар як моҳ чиро меомӯзонанд?

Мо дар ин бора аз суҳбат бо сокини шаҳри Душанбе Абдувалӣ Соҳибов, ки моҳи январ ба хизмати алтернативии пулакӣ тӯли як моҳ ҷалб шуд, муфассал нақл мекунем.

Оғози ҷараён

Ду сол пеш дар Тоҷикистон тағйирот ба қонун “Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва қарори ҳукумат “Дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ” тағйирот ворид шуда буд, ки тибқи он бо пардохти маблағи аз тарафи ҳукумат муқарраршуда, ба ҷойи ду соли хизмати анъанавӣ дар сафҳои артиш, давоми як моҳ аз таълими ҳарбӣ гузаштан мумкин аст.

Абдувалӣ Соҳибови 22 –сола соли гузашта Донишгоҳи славянии Россияву Тоҷикистонро хатм кард ва қарор дод, ки дарҳол ба комиссариати ҳарбӣ ҳозир шавад. То худро ба хизмати алтернативии ҳарбӣ номнавис намояд.

Ӯ ба комиссариати ҳарбии ҷойи зисташ бо ариза муроҷиат намуд. Баъди пардохти маблағи муайяншуда барои хизмати якмоҳа, ӯро ба рӯйхати сарбозони эҳтиётии оянда ворид карданд.

“Охири соли гузашта 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо 26 ҳазору 800 сомониро ташкил медод. Ин миқдорро ба шуъбаи “Амонатбонк” ва расиди онро ба комиссияи даъвати ҳарбӣ супоридам. Корам омад кард: ба қатори гирандагони квота дохил шудам ва танҳо интизор шуданам лозим буд, ки кай маро даъват мекунанд”,- мегӯяд Абдувалӣ.

Бо сабаби он ки миқдори хоҳишмандон аз оне, ки пешбинӣ карда буданд, зиёдтар шуд, онҳоро ба ду навбат ҷудо намуданд. Қисми аввалро ба хизмати якмоҳа аз 6 – уми декабр то 6 – уми январ ва навбати дуюмро аз 16 – уми январ то 14 – уми феврал даъват карданд.

Қаҳрамони мо ба навбати дуюм афтид.

Хизмат дар Фахробод

Навбати дуюми хизмат ба рӯзҳое рост омад, ки дар Тоҷикистон сардиҳои сахт ҳукмфармо буд. Аз ҳамин сабаб даъватшавандагонро чӣ хеле ки дар нақша буд, на ба Лоҳур, балки ба Фахробод фиристоданд.

Онҳо 247 нафар буданд. Даъватшавандагонро сад нафарӣ дар казармаҳои дуошёна ҷудо карда, боқимондаро ба толори калони омӯзишӣ ҷойгир намуданд.

“247 одам – ин ду ротаи иборат аз 5 взвод мебошад. Ба мо либоси ҳарбии нав доданд. Ростӣ, аз сабаби он ки ҷуссаи бузург дорам, либоси мувофиқ ба андозаи ман ёфт нашуд.

Абдувалӣ Соҳибов ва Беҳрӯз Насриддинов. Қади Беҳрӯз 183 см аст.

Баъди як ҳафта ба ман либоси ҳарбӣ ва мӯзаи ҳарбии андозаи 47 – умро доданд, ки махсус барои ман базаи ҳарбии Россия дастрас карда буданд”,- қайд намуд Абдувалӣ.

Ӯ мегӯяд, ҳанӯз рӯзи аввали омӯзиш вазири мудофиа Шералӣ Мирзо шахсан барои шиносоӣ бо шароити хизмати эҳтиётиҳо омад.

“Гарчанде дар берун ҳаво хеле хунук ва барф об нашуда буд, дохили бино гарм буд, мо бо футболкаҳо мегаштем”,- мегӯяд ӯ.

Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, дар карзармаҳо ҳароратсанҷҳо овезон буданд, ки ҳарорати биноро месанҷиданд. Ҳарорат доим дар сатҳи +18 +20 дараҷа нигоҳ дошта мешуд.

Шикоятҳо дар ҷояш ҳал мешуд

“Ҳайати бачаҳои ба ин ҷо омада, гуногун буд: ҳам писароҳои падарони “тавоно” ва ҳам тоҷирони ҷавон. Инчунин онҳое низ буданд, ки волидонашон тамоми маблағи ҷамъовардаашонро барои ба сафи ду сол хизмат мекардаҳо наафтидан сарф карда буданд”,- нақл мекунад Абдувалӣ.

Ӯ ҳодисаеро ёд овард, ки яке аз сарбозон дар рӯзи аввал ба падари олимартабааш аз хунукии казармаҳо шикоят мекунад. Падар бошад, дарҳол бонги изтироб мезанад.

“Рӯзи дигар яке аз генералҳои вазорати мудофиа омада, ҳамаашро шахсан тафтиш кард. Камбудӣ ёфт нашуд. Роҳбарият аз ҳамаи мо хоҳиш карданд, ки дар ҳама мушкилиҳо аввал онҳоро хабардор кунем ва ба волидон шикоят нанамоем”,- нақл мекунад ҳамсуҳбати мо.

Ба гуфтаи Абдувалӣ, дар ҳар як казарма ду кондитсионер кор мекард. Вақте ки об омад (бо сабаби дар сардиҳо ях бастани қубурҳо об набуд), системаи гармидиҳандаи худкор ба кор даромад.

Дар давоми як моҳ танҳо як маротиба қувваи барқ хомӯш шуд. Дарҳол генераторро ба кор дароварданд.

Бо сабаби он ки захираҳои бузурги оби қисми ҳарбӣ дар сардиҳои моҳи январ ях баста буданд, ҳар рӯз бо якчанд мошини обкашон оби нӯшокӣ меоварданд.

Ҳар як взвод ҳафтае як маротиба бо қадамзании сафӣ барои шустушӯ ба ҳаммом мерафт.

Барои худ ва барои даъватшавандагон

Ба гуфтаи Абдувалӣ, ҳанӯз дар рӯзи аввал ба онҳо ҳама чизи лозимаро доданд – рахти нави хоб, сачоқ, маводи шустушӯ, крем барои пойафзол ва хамираи дандоншӯйӣ.

“Ба мо фаҳмонданд, ки 70% -и 26 ҳазору 800 сомонии пардохт кардаи мо ба худамон сарф мешавад: барои либоси ҳарбӣ, хӯрок, лавозимоти ҷангӣ.

30% -и боқимонда барои беҳтар кардани шароити сарбозоне, ки ду сол хизмати ҳарбиро адо мекунанд, сарф мешавад. Яъне ман ҳам барои худ ва ҳам барои ҳамон ҷавон пардохт мекунам. Аз назари ман ин қарори хуб аст”,- мегӯяд ӯ.

“Рота, бедор шав!”

Албатта, рӯзҳои аввал барои бачаҳое, ки ба ҳаёти пурҷӯшу хурӯши шаҳр одат кардаанд, мутобиқ шудан ба шароити ҳаёти ҳарбӣ мушкил буд. Махсусан саҳариҳо.

“Соати шаши субҳ шунида мешуд: “Рота, бедор шав!” ва бояд зуд хестан, пӯшидан, тартиби ҷойи хоб, шустушӯ кардан лозим буд. Ин ба мо ғайриодат буд. Дар 5 дақиқаи муайяншуда мо ба ҳамааш фурсат намеёфтем. Аз ҳамин сабаб чанд дақиқа илова мекарданд”,- нақл мекунад Абдувалӣ.

Ӯ қайд намуд, ки давоми як моҳ ба ин равиш одат кард. Акнун вақте аллакай ӯ дар хона аст, ҳар субҳ барвақт аз хоб мехезад. Барои он ки дар гӯшҳояш то ҳол овози фармондеҳ садо медиҳад.

Дар бораи тартиби рӯз нақл карда, Абдувалӣ қайд намуд, ки ҳар саҳар баъди субҳона онҳо машғулият доштанд. Дар он назарияи омодагии чангиро меомӯхтанд. Баъди хӯроки нисфирӯзӣ омӯзиш идома меёфт, баъд дусоатӣ онҳо омодагии сафистиро азхуд мекарданд.

Баъди ҳамаи ин иҷозаи дам гирифтан буд. То хӯроки шом ва баъди он сарбоз вақти дамгирӣ дошт: китоб хондан, суҳбат кардан мумкин буд, аммо хоб рафтан иҷозат набуд. Соати 21 онҳоро аз тафтиши шабона мегузарониданд. Соати 22 амри хоб рафтан медоданд.

Қаҳрамони мо тиҷорати хурде дорад. Ӯ ба ҳайси аниматор кор мекунад.

45 тир ва як норинҷак

Рӯзҳои сешанбе машғулиятҳои амалии тирпарронӣ гузаронида мешуданд.

Ҳафтаи аввал сарбозон ба қисмҳо ҷудо кардани силоҳи оташфишонро машқ карданд.

Дар майдони ҳарбӣ се маротиба тирпаронӣ кардем. Бори аввал касе ба ҳадаф расонида натавонист. Ҳар яки мо барои ин 9 тирӣ сарф кардем. Маротибаи дуюм ба мо 15 тирӣ доданд. Ман аллакай беҳтар ба нишон гирифтам. Се тирам ба ҳадаф расид, ки боиси хурсандӣ буд. Маротибаи сеюм аз 21 тири ба ман додаашон тавонистам чандтояшро ба нишонҳои “нӯҳӣ” ва “даҳӣ” расонам”,- боифтихор гуфт қаҳрамони мо.

Дар умум ба ҳар як сарбоз 45 тири ҷангӣ медиҳанд. Инчунин ҳар яки онҳо дар давоми омӯзишҳо яктоӣ норинҷаки ҷангӣ мепартоянд.

Ба гуфтаи Абдувалӣ, ба ӯ ва як ҳамхизмати дигараш барои ҷуссаи бузургашон пулемёти ҷангиро вобаста кардаанд. Ӯ мегӯяд, худи пулемёт он қадар вазнин нест, аммо лавозимоти ҷангии он дар ҳақиқат хеле вазнинанд.

10 феврал Абдувалӣ зодрӯз дошт. Ҷашн гирифтани зодрӯз дар хизмат, махсусан вақте ки ба сару рӯят ширинӣ мемоланд, фаромӯшношуданист.

Муносибати ғайриоинномавӣ

Ба гуфтаи Абдувалӣ хизмат бе воқеаҳои ҷолиб намегузарад. Дар рӯзи аввал яке аз бачаҳо аз қабати дуюми кати дуқабатаи казарма ба замин афтид. Саҳари он рӯз сарбоз ба масъули назоратчӣ (аз рӯи рутбааш майор) бо одати ғайринизомӣ муроҷиат кард:

“Э, амакӣ, ман дар инҷа хоб намерам”. Майор ба ғазаб омад ва талаб кард, ки ба ӯ мувофиқи оинномаи ҳарбӣ муроҷиат кунад.

“Аммо, дар умум муносибати афсарон бо мо ба мисли бо писарони худашон буд. Хусусан командири қисми ҳарбӣ, полковник Муродзода, ҳарчанд бо ҳама меҳрубон буд, кӯшиш мекард, ки аз «писаракони модар» сарбозони асил тарбия кунад. Сержантҳо аз ҷумлаи даъватшудагони хизмати дусола бошанд, гӯё ба мо парасторӣ мекарданд”,- меафзояд Абдувалӣ.

Дар бораи хӯрок  

Ба гуфтаи қаҳрамони мо, аз ғизо кабудӣ надоштанд. Ҳатто нисфирӯзиҳо моҳӣ медоданд.

“Субҳонаи мо каша аз биринҷ ё ярма буд. Ҳатман барои ҳар як кас алоҳида дар рӯи миз пораи равған, панир, тухми ҷӯшонидашуда ва як кружка чойи ширин мегузоштанд. Нонро чӣ қадар хоҳӣ медоданд. Тибқи хоҳиш метавонистӣ илова дархост намоӣ”,- мегӯяд Абдувалӣ.

Хӯроки нисфирӯзӣ аз ду таом, шарбат ва себ иборат буд. Барои хӯроки шом таоми гарм бо чою нон буд.

Агар бо ҳамаи ин қонеъ нашавед, дар назди қисми ҳарбӣ мағозаи хӯрокворӣ кор мекард.

“Боре яке аз волидон саховатмандӣ нишон дода, тамоми қисми ҳарбиро бо оши палов меҳмон кард”,- афзуд ӯ.

Ҳамчунин, дар ҳар се рӯз як маротиба барои хабаргирии наздикон иҷоза медоданд.

“Хизмат не, хонаи истироҳат!”,— чунин тавсиф кардааст хизмати моҳонаро яке аз даъватшавандагон. Ӯ ҳақ буд.

Натиҷаҳои хизмати якмоҳа

«Омодагии ҳарбии максималии дусоларо мо дар давоми як моҳ анҷом додем. Албатта, ин омӯзиш мукаммал нест, вале мо ба чизҳои заруро омӯхтем”, – мегӯяд Абдувалӣ.

Пас аз тамрини якмоҳаи сафистӣ дар паради идона ба муносибати анҷоми хидмат 70% сарбозон қадамзании ҳарбиро хуб ёд гирифтанд. Дар ин рӯз сарбозони эҳтиётӣ савганд ёд карданд.

Аммо, дар хизмат Абдувалӣ ва ҳамхизматони ӯ аз ҳама бештар тартиботро омӯхтанд. Онҳо қадри вақт, барвақт хестан, ба вохӯриҳо дер намондан ва рӯзи худро ба тартиб дароварданро омӯхтанд. Ҳатто дӯхтани гиребонҳо, нигоҳубини худ ва дар вақти навбатдорӣ шустани фарш, пӯст кардани картошкаро ёд гирифтанд.

Хизмат, гарчанде ба муддати кӯтоҳ буд, ба ин бачаҳо иттифоқ будан ва ба ҳамдигар кӯмак расониданро омӯзонид.

Тибқи оинномаи ҳарбӣ сарбозонро бо навбат қисм – қисм ба хонаҳояшон ҷавоб медоданд. Дар навбати аввал оиладоронро ва баъдан муҷаррадонро рухсат медоданд. Ҳамчунин, дар ҳолат хуб аз худ кардани машғулиятҳои ҳарбӣ рухсатиро зиёдтар мекарданд. Агар ба сарбоз рӯзи шанбе рухсат шуда бошад, бояд рӯзи якшанбе бармегашт.

“Барои он ки ба сарбози дигар дар ҳолате рухсатӣ медоданд, ки ҳамхизматаш дар вақти муайянушад баргардад. Муҳим ин буд, ки ҳамдигарро ноумед накунем”,- қайд намуд ҳамсуҳбати мо.

Аммо, ба гуфтаи Абдувалӣ, дар хизмати ҳарбӣ муҳимтар аз ҳама дӯстӣ аст.

“Дар зарфи як моҳ бо командирони бевоситаамон – сержантҳо Акбар Абдуназаров ва Далер Саъдуллоев, ки ба мо муносибатҳои оинномавиро омӯзонданд, дустӣ пайдо кардем.

Онҳо сарбозони хизматашон дусола буданд. Ҳамсолони мо ва ҳатто ҷавонтаранд. Вале мо онҳоро ҳурмат мекардем, зеро дар корҳои ҳарбӣ аз мо ботаҷрибатаранд. Рӯзи охир сержантҳои мо базӯр ашки чашмонашонро медоштанд. Мо ба ҳамдигар он қадар дилбастагӣ пайдо кардем, фикр мекунам, ки мо минбаъд низ дӯстӣ хоҳем кард”,- мегӯяд ӯ.

Ҷиноят ва ҷазо

“Дар хизмат шуҳратпарастии худро бояд як сӯ гузоред. Онҳое буданд, ки ба тафтиши шабона набаромада, худнишондиҳӣ мекарданд”,- ба ёд меорад Абдувалӣ.

Як сарбозро ҷазо ҳам доданд. Ӯ дар вақти муайяншуда аз рухсатӣ наомад, ки 5 рӯз ҷустуҷӯяш карданд. Баъди ёфт шуданаш ӯро ба ҳабси интизомӣ гирифта, дар посбонгоҳ ҷойгир карданд.

Қонунҳои ҳарбиро ҳеҷ кас рад карда наметавонад.

Аз хизмат одами дигар шуда баргашт

Қаҳрамони мо тиҷорати хурде дорад. Ӯ ба ҳайси аниматор кор мекунад.

“Давоми як моҳ ман тамоман тағйир ёфтам. Хизмат ба ман натанҳо саҳархезиро, балки ноумед накардани фармоишгаронро низ омӯзонид. Қадр кардани вақти дигаронро омӯзонид. Ҳамчунин муносибати хуб ва кор дар гурӯҳро омӯзонид.

Хизмат хислату рафторро тарбия мекунад. Ҳолате буд, ки яке аз сарбозон аз ҳад гузаронид. Барои ман ӯро бо як мушт ба ҷояш шинондан мушкил набуд. Аммо худро саривақт ба даст гирифтам. Дар хизмат проблема чӣ лозим? Дар он ҷо тамоми ғурури ҷавоният дар як лаҳза аз байн меравад. Хафагиҳо бо мурури вақт фаромӯш мешаванд. Воқеан, хизмат интизомро меомӯзонад”,- эътироф мекунад Абдувалӣ.

Абдувалӣ ровӣ низ аст ва дар Your.tj аввалин барномаи худро бо номи WallyShow сабт карда буд.