fbpx

Хизмат ё диплом? Чаро шумораи довталабон ба мактабҳои олии кишвар кам мешавад

Дар соли 2022 аз 113,2 ҳазор хатмкунанда 82,2 ҳазор нафар ҳуҷҷат супорида, танҳо 69 ҳазор нафарашон дар имтиҳонҳо иштирок кардаанд.


3
3 points
Довталабон дар Тоҷикистон кам мешаванд
Акс аз "Спутник Таджикистан"

Дар Тоҷикистон баъди қабули Қонуни ҶТ “Дар бораи уҳдадориҳои хизмати ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” шумораи довталабоне, ки тариқи имтиҳонҳои марказонидашудаи Маркази миллии тестӣ ба мактабҳои олии кишвар дохил мешаванд, ба таври назаррас коҳиш ёфтааст. 

Натиҷаи таҳлили омори шашсолаи (аз соли 2018 то 2023) ММТ нишон медиҳад, ки ҳам шумораи довталабон (номнависшудагон) ва ҳам дохилшудагон  рӯ ба пойинравӣ ниҳодааст. 

Агар соли 2020 қариб аз 115 ҳазор хатмкардагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 70 ҳазор (61%) нафарашон унвони донишҷӯйиро гирифта буданд, дар 2021 аз 116,3 ҳазор хатмкарда 64,9 хазор (55,8%) нафар, дар соли 2022 аз 113,2 ҳазор хатмкарда қариб 60 ҳазор (52,8%) нафар  ва тибқи маълумоти охирин дар соли 2023 аз 107,4 ҳазор хатмкарда танҳо 51,7 ҳазор (48,1%) нафарашон донишҷӯ шудаанд.

(Каме интизор шавед, то инфографика намудор шавад)

 

Ба иттилои ММТ дар соли 2022 аз 82,2 ҳазор нафар довталаб қариб 69 ҳазор нафарашон дар имтиҳонҳо иштирок кардаанду халос

Дар ҳамин ҳол, дар нишасти матбуотии соли гузашта Сабзалӣ Ҷаъфарзода, директори Маркази миллии тестии нази президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сабаби камшавии довталабонро ба коҳиш ёфтани шумораи хатмкунандагон дар се соли охир рабт дода буд

Имсол бошад, ӯ гуфт, ки сабаби асосии коҳиши шумораи довталабон ва донишҷӯён кӯшиши ҷавонони тоҷик барои дохил шудан ба донишгоҳҳои кишварҳои хориҷа ва муҳоҷират будааст. Ба гуфтаи Ҷаъфарзода ин маълумотро дар натиҷаи як пурсиш муайян кардаанд.

“Ҳамагӣ ним дарсади пурсидашудагон сабаби дар имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ иштирок накардани ҳамсинфонашонро ҳатмӣ будани хизмати ҳарбӣ баъди хатми донишгоҳ донистанд”,- гуфт Шодиниё Абдулбосит муовини директори ММТ ба хабарнигорон.

Директори Маркази миллии тестии назди президенти Тоҷикистон
Акс аз сомонаи ММТ ntc.tj

Аммо, муқоисаи шумораи хатмкардагон бо шумораи довталабони ҳуҷҷатсупорида бо ҳисоби фоиз коҳиши назарраси хоҳишмандони таҳсил дар мактабҳои олии кишварро нишон медиҳад.

Агар дар соли 2020 аз шумораи умумии хатмккардагон 87,5%-ашон ба ММТ ҳуҷҷат супорида бошанд, дар соли 2022 ин нишондод 72,6%-ро ташкил дод. Дар соли 2023 бошад, танҳо 69,3%-и хатмкардагон ба ММТ ҳуҷҷатсупоридаанд.

(Каме интизор шавед, то инфографика намудор шавад)

 

Бар замми ин, тибқи омори ММТ дар се соли охир шумораи довталабон аз ҳисоби ҷавонписарон низ кам шудааст. Агар дар соли 2020 ҷавонписарон 57 фоизи шумораи умумии довталабонро ташкил медоданд, соли гузашта ин нишондод ба 53 фоиз поин рафтааст.

Тибқи маълумоти Вазорати маориф дар соли 2023 шумораи хатмкардагони синфи 11 дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ зиёда аз 107 ҳазорро ташкил доданд.

Маркази миллии тестӣ аз 1-уми марти соли ҷорӣ оғози марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон дар соли 2023 (ИМД-2023) эълон карда буд. Ҳамин тавр, ғайр аз давраи асосӣ ду даври такрории қабули донишҷӯён мутаносибан 12 – 15 ва 24 – 26-уми август баргузор гардид. 

Дар назар аст, моҳи сентябри соли ҷорӣ Маркази миллии тестӣ бо сабаби иҷро нашудани нақшаи қабули донишҷӯён даври нави қабулро роҳандозӣ кунад. Ин нуқтаро Сабзаалӣ Ҷаъфарзода, директори ММТ рӯзи 3-юми август, дар нишасти матбуотӣ зикр карда буд.

Маркази миллии тестии Тоҷикистон
Акси хазинавӣ

Дирӯз, 31-уми август президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармони даъвати ҳарбии тирамоҳиро имзо кард, ки тибқи он аз 1-уми октябр то 30-юми ноябр ҷавонони соли таваллудашон 1996-2005 ба хидмати ҳарбӣ ҷалб мешаванд.

Ёдовар мешавем, ки баъди қабули қонун “Дар бораи уҳдадориҳои ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва ворид кардани тағйирот ба қарори ҳукумат “Дар бораи тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар ҳайати захираҳои даъвати сафарбарӣ” дар Тоҷикистон донишҷӯёни кафедраҳои ҳарбии донишгоҳҳоро хатмкарда, магистрантон ва аспирантон ҳам ба хизмат даъват мешаванд. 

Шахсони хоҳишманд метавонанд бо пардохти маблағи муайян як моҳ ба хизмати сафарбарии ҳарбӣ ҷалб шуда, соҳиби билети ҳарбӣ гарданд.

Вале, ҳамакнун шурӯъ аз 1-уми сентябри соли ҷорӣ маблағи он аз 420 нишондиҳанда барои ҳисобҳо (як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 68 сомонӣ) ба 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо баробар шуд. Ҳамин тариқ, арзиши хизмати якмоҳа якбора аз 28 ҳазору 560 сомонӣ ба 51 ҳазор боло шуд.

Шодмон Кенҷаев


Маъқул шуд? Ба рафиқонат фирист

3
3 points

What's Your Reaction?

Зачет;Беҳтарин Зачет;Беҳтарин
5
Беҳтарин
Бесит; Асабӣ шудам Бесит; Асабӣ шудам
3
Асабӣ шудам
Сочувствую;ҳамдардам Сочувствую;ҳамдардам
0
ҳамдардам
Супер;Зур Супер;Зур
0
Зур
Окей!;Окей! Окей!;Окей!
1
Окей!
Как так-то?; Ин чӣ хел шуд? Как так-то?; Ин чӣ хел шуд?
1
Ин чӣ хел шуд?

Send this to a friend