logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Мавқеъи Ӯзбекистон вобаста ба Донбасс: Истиқлолияти Донетск ва Луганскро намепазирем

Мавқеъи Тоҷикистон дар ин бора то ҳол норӯшан аст.

Your tj

13:4417.03.2022

Мавқеъи Ӯзбекистон вобаста ба Донбасс: Истиқлолияти Донетск ва Луганскро намепазирем

Вазири корҳои хориҷии Ӯзбекистон Абдулазиз Комилов зимни суханронии худ дар ҷаласаи умумии Сенати Олии Маҷлиси ҷумҳурӣ, масъалаҳои марбут ба рӯйдодҳои Украинаро матраҳ кард ва гуфт, ки Ӯзбекистон мустақилияти Донетск ва Луганскро рад мекунад.

Тавре хабаргузории “UzNews.uz” менависад ӯ гуфтааст, "вазъ дар атрофи Украина мояи нигаронии ҷиддии Ӯзбекистон аст".

Ба гуфтаи ӯ, Ӯзбекистон ҷонибдори ҳалли низоъ бо роҳи дипломатӣ аст.  Комилов даъват кард, ки амалиёти ҷангӣ қатъ карда шавад.

Вазир таъкид кардааст, ки кишвараш дар таърих бо Русия ва Украина равобити гуногунҷанба дорад ва аз ин рӯ ҳамкориҳои мутақобилан судмандро бо ҳар ду кишвар идома дода, ба Киев кумакҳои башардӯстона мерасонад.

Комилов гуфтааст: "Мо Донетск ва Луганскро ҳамчун ҷумҳуриҳои ҷудогона эътироф намекунем".

Ҳамчунин ӯ афзудааст, ки Ӯзбекистон истиқлолият, соҳибихтиёрӣ ва тамомияти марзии Украинаро эътироф мекунад.

То ин дам ягон кишвари Осиёи Марказӣ мавқеъи худро нисбати истиқлолияти Донбасс эълон накарда буданд. Аммо Қазоқистон алакай ба Украина ёрии башардӯстона фиристод.

22 - юми феврали соли ҷорӣ президенти Русия бо имзои якчанд қарор истиқлолияти Донбассро пазируфта, пас аз ду рӯз дар Украина амалиёти ҷангиро оғоз намуд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

4 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

4 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

16 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

19 дня назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ