Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:1802.09.2022
Равуои шаҳрвандони ва воситаҳои нақлиёт тариқи гузаргоҳи “Ҷартеппа”-и Ӯзбекистон маҳдудияти муваққатӣ ҷорӣ мешавад. Дар ин бора Азия плюс бо истинод ба daryo.uz.
Сабаби муваққатан баста шудани гузаргоҳ таъмири асосӣ ва ободонии он бо мақсади “фароҳам овардани шароити мусоиду бароҳат барои мусофирон” шарҳ дода мешавад.
Ба иттилои манбаъ, маҳдудият ҳам ба шаҳрвандон ва ҳам воситаҳои нақлиёт дахл дорад.
“Истисно инҳоянд:
- кормандони хадамоти дипломатӣ ва созмонҳои байнулмилалӣ;
- аъзои ҳайатаҳои расмӣ (давлатӣ);
- кормандони созмонҳои хориҷӣ, ки дар доираи амалисозии лоиҳаҳои сармоягузорӣ фаъолият мекунанд;
- ронандагони машғул ба боркашонии байнулмилалӣ;
- шаҳрвандони Ӯзбекистон ва Тоҷикистон, ки ба кишвари худ бармегарданд;
- шаҳрвандони кишварҳои сеюм, ки ба Тоҷикистон раҳсипоранд”, - зикр мешавад дар хабари нашрия.
Дар ҳамин ҳол, бисёре аз ВАО муваққатан баста шудани гузаргоҳро ба нишасти қарибулвуқӯи Созмони ҳамкории Шанхай (СҲШ) дар Самарқанд рабт медиҳанд. Қаблан Ӯзбекистон фурудгоҳро ба муддати 3 рӯз баста, оғози соли хонишро дар мактабҳои миёнаву олӣ ба 19 сентябр гузаронид.
Дар Раёсати умури дохилии вилояти Самарқанд маълумот дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе ВАО-ро дар мавриди баста шудани роҳҳо замони баргузории нишаст рад намуда, изҳор доштанд, ки “зимни зарурати маҳдуд кардани ҳаракат дар бархе аз кӯчаҳои шаҳри Самарқанд, маълумот дар ин хусус дар саҳифаҳои расмии Раёсат нашр хоҳад шуд”.
Ёдрас мекунем, ки рӯзҳои 15-16 сентябр дар шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон нишасти Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мешавад.
465 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
3 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
3 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
15 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
18 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
19 дня назад