Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:2410.09.2024
Оид ба хатари обшавии пиряхҳои Тоҷикистон филми мустанад бо номи “Заволи пиряхҳо” ба навор гирифта шуд. Пиряхҳои Тоҷикистон яке аз манбаъҳои муҳими оби тоза дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб меравад.
Коргардони ҷавони тоҷик Одина Маҳмад, ки ин филмро сабт кардааст мегӯяд, дар он яке аз мавзӯҳои муҳим дар Тоҷикистон ва ҷаҳон баррасӣ шудааст.
Масъалаи обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ ва тағйирёбии иқлим дар филм бо такя ба таҳқиқоти 20 соли ахири олимони соҳа асоснок карда шудааст.
“Дар филм графикаҳои 3D ва инфографика истифода шудаанд, ки ин ба тамошобинон имкон медиҳад, то пайомадҳои экологӣ, аз ҷумла тағирёбии иқлимро равшантар дарк кунанд. Ҳоло филмҳои мустанад воситаи муассири баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа дар бораи масъалаҳои экологӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ мебошанд, ки имрӯз инсоният рӯ ба рӯ шудааст”,- гуфт Одина Маҳмад.
Филм дар 7 моҳ омода шуда, муаллифи он Некрӯзи Ҷалилиён ва наворбардор Абдукарим Уроқов мебошад.
Дар омода кардани филм инчунин, Кумтаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумати ҶТ, Агентии обуҳавошиносӣ ва Маркази пиряхшиносии АМИТ ҳамкорӣ кардаанд.
Бояд гуфт, ки пиряхҳои Тоҷикистон 60% захираҳои обии Осиёи Марказиро ташкил медиҳанд ва тағйирёбии иқлим ба ҳаёти миллионҳо нафар дар минтақа таъсир мерасонад. Чунин филмҳо метавонанд дар ин маврид баҳсҳоро дар ҷомеа ба вуҷуд оранд ва ба қабули қарорҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ, ки ба ҳифзи муҳити зист ва ояндаи инсоният равона шудаанд, таъсир расонанд.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
19 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
6 дня назад