logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Заминларзаҳои пайдарпай дар Тоҷикистон. КҲФ зарари офати табииро гуфт

Дар давоми рӯзи 13 апрел ва субҳи 14 апрел чор заминларзаи дигар низ сабт шудааст, ки шиддати онҳо аз 2 то 5 баллро ташкил дод.

Your tj

10:2514.04.2025

Заминларзаҳои пайдарпай дар Тоҷикистон. КҲФ зарари офати табииро гуфт

Дар натиҷаи зилзилаи шадиди рӯзи 13-уми апрел дар Тоҷикистон 160 хонаи истиқоматӣ ва 3 мактаб зарар дидааст.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон дар ин бора хабар дода гуфт, ки боз чанд пасларзаи дигар давоми рӯзи гузашта ва субҳи имрӯз низ ба қайд гирифта шудаанд.

Ноҳияи Рашт:

Дар деҳаҳои Сафедтундак, Гулханӣ, Кӯл, Аскалон ва Хулак 40 манзили зист пурра ва панҷтои дигар қисман хароб шудааст. Се чойхона ва як бинои ёрирасони мактаб низ осеб дидааст. Мутаассифона, як кӯдаки сесола, Машрабов Абдуғанӣ, дар деҳаи Уштурпаст бар асари фурӯрезии девори хона ба ҳалокат расидааст.

Акс: КҲФ

Ноҳияи Тоҷикобод:

Дар деҳаҳои ҷамоатҳои Қалъаи Лаби Об ва Лангари Шоҳ, дар маҷмуъ 54 хона пурра, 45 хона қисман ва 61 хона зарари сабук дидааст. Илова бар ин, 196 иншооти ёрирасон, 3 чойхона, 2 бинои мактаб ва 1 муассисаи тиббӣ зарар дидааст. Хушбахтона, талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

[gallery size="full" columns="2" link="file" ids="41513,41511"]

Таконҳои пайдарпай

Дар давоми рӯзи гузашта боз се такони зеризаминӣ ба қайд гирифта шуд:

  • Соати 12:14 – марказ дар 163 км шимолу шарқи Душанбе, 29 км шарқи ноҳияи Рашт, бо қувваи 4 балл (дар ноҳияи Рашт 2-3 балл).
  • Соати 13:33 – марказ дар 158 км шимолу шарқи Душанбе, 24 км шарқи ноҳияи Рашт, бо қувваи 3 балл (дар ноҳияи Рашт 2 балл).
  • Соати 19:34 – марказ дар 170 км шимолу шарқи Душанбе, 32 км шарқи ноҳияи Рашт, бо қувваи 4-5 балл (дар ноҳияи Рашт 3 балл, Сангвор 2 балл, Душанбе 2 балл).

Акс: КҲФ

Заминларзаи субҳи 14 апрел

Субҳи 14 апрел, соати 05:44, боз як заминларза ба қайд гирифта шуд. Маркази он дар 156 км шимолу шарқи Душанбе, 18 км шарқи ноҳияи Рашт ҷойгир буд. Қуваи он 3-4 балл дар марказ ва 3 баллро дар ноҳияи Рашт ташкил дод. Талафоти ҷонӣ ва харобиҳо ба қайд гирифта нашудааст.

 

View this post on Instagram

 

A post shared by YOUR TJ (@your_tj)

Ёдовар мешавем, ки субҳи 13 апрели соли 2025 дар Тоҷикистон заминларзаи шадид ба қайд гирифта шуд. Тибқи иттилои Хадамоти геофизикии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, такони аввал соати 09:24 ба вақти маҳаллӣ ба қайд гирифта шуда, маркази он дар 160 километр шимолу шарқи Душанбе, 21 километр шарқи ноҳияи Рашт ҷойгир буд.

Шиддати он дар марказ 5-6 балл, дар ноҳияи Рашт 4-5 балл ва дар Душанбе 3 баллро ташкил дод.

Ба иттилои КҲФ, таҳти роҳбарии муовини сарвазир, Зиёзода С. Комиссияи ҷумҳуриявӣ таъсис дода, барои арзёбии хисорот ва ҳамоҳангсозии корҳои наҷот ба минтақаи зилзилазада фиристода шудааст.

Комиссияи вижа корҳои арзёбӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатро дар минтақаҳои зарардида идома медиҳад.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

16 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ