Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Файзуллохон Обидов
Дата публикации: 14:2627.10.2026
Ҳосили картошкае, ки дар заминҳои корами ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ парвариш меёбад, дар бозорҳои Душанбеву Хуҷанд, Ҳисору Бохтар ва Панҷакент харидори зиёд дорад. Дар деҳоти ин ноҳия қариб ҳар оила бо картошкапарварӣ машғуланд. Зеро боду ҳавои кӯҳистон ба кишти картошка мусоид аст.
Дар шароити душвори кӯҳистон парвариши картошка чӣ мушкилӣ дорад ва хоҷагидорон ҳосили хушсифати бадастовардаро чӣ гуна то зимистон нигоҳ медоранд.
Муаллифи Your.tj барои ба ин саволҳо посух ёфтан бо ду сокини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ, ки ҳар сол дар замини то 1 гектар картошка парвариш мекунанд, ҳамсуҳбат шуд.
Аъзамҷон Саидов зодаи деҳаи Дашти Миёнаи Ҷамоати деҳоти Лангари ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аст. Ҳарчанд ӯ аз рӯйи ихтисос омӯзгори фанни забон ва адабиёти тоҷик дар МТМУ № 16 - и деҳаи Палдорак аст, касби бобоӣ, яъне деҳқониро низ пеш мебарад. Оилаи онҳо беш аз 15 сол боз дар масоҳати 1 гектар замин картошка мекоранд.
- Дар деҳаи дурдасту кӯҳистони мо картошкапарварӣ чанд махсусиятро дорост. Чун боду ҳавои Кӯҳистони Мастчоҳ софу сардтар аст, ба сифати маҳсулоти кишоварзӣ таъсири калон мегузорад. Оби соф ва хунуки кӯҳӣ барои парвариши картошка мутобиқ аст, - гуфт ӯ.
Аммо солҳои охир бемориҳои гуногун ба ҳосили картошка зарар расонида истодааст, ки боиси ташвиши деҳқонон шудааст.
"Боз роҳи ноободи ноҳия ва дур будан аз шаҳрҳои калони кишвар боис мешавад, ки маҳсулоти ба даст овардаамонро бо азобу машаққат фурӯшем", - иброз дошт Аъзамҷон.
Тавре ҳамсуҳбати мо гуфт, серҳосилии картошка, аввалан ба сифати тухмӣ вобаста аст. Тухмиро бештар аз бозорҳои шаҳри Душанбе дастрас мекунанд.
"Мардум аз як тухмӣ давоми чанд сол ҳосил мегиранд, яъне аз ҳар ҳосил барои тухмӣ картошкаи мувофиқро яккачин мекунанд. Овардани нуриҳо то ба деҳоти дурдасти мо душвор аст ва ҳам қиммат мешавад. На ҳама деҳқонон ба он дастрасӣ пайдо мекунанд", - афзуд ҳасуҳбати мо.
Боз киштгардон кардани қитъаҳои замин низ боиси ҳосилнокии замин мегардад. Аммо аз ҳад зиёд коштани картошка дар як қитъа боиси камҳосилӣ мегардад.
Ғунучини "нони дуюм" дар деҳоти Кӯҳистони Мастчоҳ то моҳҳои октябру ноябр давом мекунад. Аксари деҳқонон картошкаро бо ёрии техника мечинанд.
Аммо номусоид омадани боду ҳаво, мисол боридани барфу борон ба ҳосилҷамъкунӣ монеа эҷод мекунад. Ҳатто ҳосил зери барфу борон монда, хунук мезанад.
"Вақте дар сари замин машғули корем, баъзан дар ҳайрат мемонем. Баногаҳ ба дастамон картошкаи шаклаш ба дил, сари одам монанд меафтад. Ё гоҳо як дона картошкаи калон ба чашм мерасад, ки то 3-4 кг вазн дорад. Соле ҳам будааст, ки як дона картошка то 5 кг вазн доштааст", - бо ҳаяҷон гуфт деҳқон.
Дар деҳаи Дашти миёна 17 хоҷагӣ мавҷуд аст, ки ҳамагӣ бо картошкапарварӣ машғуланд. Масалан, оилаи Аъзамҷон дар замини 90 сотих - 1 гектар картошка парвариш карда, то 50 тонна ҳосил ҷамъоварӣ мекунанд.
- На ҳама деҳқонон чунин ҳосилро ба даст меоранд. Боз ҳаҷми ҳосил ҳар сол ҳар хел аст, нархҳо низ. Нархи картошкаи мо ба талаботи бозорҳои шаҳри Душанбе вобаста аст. Айни ҳол нархи он дар Кӯҳистони Мастчоҳ ба 3 сомониву 50 дирам баробар аст, - илова кард қаҳрамони мо.
Файзалӣ Сомонзодаи 21 сола қаҳрамони дигари мо аз деҳаи дурдасттарини ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ аст. Ӯ низ бо аҳли оила ба картошкапарварӣ машғул мебошад.
Вай деҳқониро аз падараш омӯхта, ҳоло дар замини 70 сотих картошка кошта, то 30 тонна ҳосил мегиранд.
"Вақте ҳосили картошкаро меғундорем, якум коре, ки мекунем, ҷудо кардани тухмӣ барои соли оянда аст. Картошкае, ки мисли пиёла ҳаҷм дорад, бе захм аст, то 10 тонна ҷудо мекунем, ки барои 70 сотих замин кофист. Тухмиро дар "подвал" то баҳори соли оянда нигоҳ медорем", - фаҳмонид картошкапарвар.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Онҳо ҳар сол моҳи апрел кишти картошкаро сар мекунанд. Пеш аз кишт ба замин пору мепошанд. Бо ёрии қувваи асп ҷӯйборак кушода, дар ҳар 4 ангушт як картошкаро мешинонанд.
- Ба кишт ҳар 3-4 рӯз об мемонем. Дар масъалаи об мушкилӣ надорем. Аз серобии заминамон ҳосили картошка низ сероб мешавад. Барои ғизодиҳии замин нуриҳои минералӣ, аз ҷумла селитра, аммофос ва карбамидро истифода мебарем, - илова кард Файзалӣ.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Ҳосили картошкаи Деҳҳавз танҳо барои истеъмоли худи сокинон нест. Қисми асосии онро ба бозорҳои шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд ва Бохтар мебаранд.
Ба бовари ин ҷавон, картошкаи онҳо бо маззаи хосу лӯндаи калон доштан аз картошкаи дигар ҷойҳо фарқ мекунад.
- То охирҳои моҳи октябр ҳосили картошкаро ҷамъ карда мешаванд. Баъзан картошкаи то як-ду кило вазндоштаро низ вомехӯрем. Картошкаро ҷамъ карда, ба хелҳои хурду калон ҷудо карда, ба халтаҳо меандозем.
Посмотреть эту публикацию в Instagram
Онро дар анборҳои зеризаминӣ то зимистон нигоҳ медорем. Камазҳо омада, аз мо, деҳқонон яклухт ҳосилро мехаранду ба Душанбе ва дигар шаҳрҳо мебаранд, - афзуд Файзалӣ.
Борону барф ва сардиҳои ногаҳонӣ метавонанд ба ҳосиле, ки моҳҳо барои парваришаш заҳмат кашидаанд, зарар расонанд.
"Дар деҳаи мо чанде пеш барф борид. Мутаассифона, дар як қитъаи хурди замин ҳосили картошка зери замин монд. Онро хунук зад", - бо ғамгинӣ гуфт картошкапарвар.
Барои нигоҳ доштани ҳосил дар Деҳҳавз аз анборҳои зеризаминӣ истифода мекунанд, ки сокинон онҳоро «подвал» меноманд. Картошкаро дар чунин ҷойҳо мерезанд ва болояшро бо чӯб ва як қабат хок мепӯшонанд. Ин усул имкон медиҳад, ки маҳсулот то зимистон ва вақти фурӯш нигоҳ дошта шавад.
"Анбори зеризаминӣ дарунаш чуқур аст. Ба он картошкаро рехта, болояшро бо чӯб маҳкам мекунем. Дар чунин анборҳои зеризаминӣ аз 10 то 30 тонна маҳсулоти кишоварзӣ нигоҳдорӣ мешавад, - шарҳ дод ҳамсуҳбати мо.
Кори деҳқонӣ бо ҷамъоварии картошка ба анҷом намерасад. Айнӣ ҳол Файзалӣ бо ҷамъоварии гул, яъне бехи картошка машғул аст. Онро ҳамчун хошоки чорво барои зимистонгузаронӣ истифода мебаранд.
"Имрӯзҳо картошкаро пурра чида, дар подвал рехта шудем. Ҳозир танаи картошкро банд карда истодаем. Он дар зимистон барот чорво чун хошок кор мефарорем. Картошка партов надорад", - бо лабханд гуфт Файзалӣ.
Дар деҳаи Деҳҳавз тақрибан 70 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад ва сокинони зиёди деҳа ба картошкапарварӣ машғуланд. Онҳо боз ҷаву гандум мекоранд, аммо ин зироатҳоро асосан барои эҳтиёҷоти худ истифода мебаранд. Кишт ва фурӯши картошка барои онҳо шуғли муҳиму даромаднок маҳсуб меёбад.
Читайте также
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
23 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
7 дня назад