Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 15:5629.04.2025
Дар се моҳи аввали соли 2025 ба Тоҷикистон 6047 адад мошини барқӣ ворид карда шудааст. Дар ин бора Вазорати нақлиёт хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, шумораи ин навъи воситаҳои нақлиёт (электромобилҳо, электробусҳо ва микроавтобусҳо, воситаҳои нақлиёти барқии боркаш в воситаҳои махсуси борбардорӣ) ба 27580 адад расидааст. Ин теъдод нисбат ба як соли пеш 9885 адад бештар аст.
Гуфта мешавад, Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки ҳиссаи мошинҳои барқиро дар қаламрави ҷумҳурӣ дар шумораи умумии мошинҳо то 20-30% зиёд кунад.
Манбаъ менависад, воридоти мошинҳои барқӣ дар доираи “Барномаи давлатии рушди нақлиёти барқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2028” сурат мегирад ва аз соли 2022 он аз андоз ва боҷҳои гумрукӣ озод аст.
Қаблан раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ “Консепсияи гузариш ба системаи барқии нақлиёти мусофиркашонии шаҳри Душанбе барои солҳои 2023-2026” ва қарор “Дар бораи гузариши пурра то 1 сентябри соли 2025 ба хизматрасонии мусофирони таксӣ бо истифода аз нақлиёти барқӣ”-ро имзо карда буд.
Читайте также
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
1 часов назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
22 часов назад
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
3 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
4 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
6 дня назад