logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Вокуниши Оғохони IV ба ҳодисаҳои охир дар Бадахшон

Ин дуввумин муроҷиати Оғохон бар пайи бесарусомониҳо дар Бадахшон аст.

Your tj

13:3519.05.2022

Вокуниши Оғохони IV ба ҳодисаҳои охир дар Бадахшон

Роҳбари исмоилиёни ҷаҳон Шоҳзода Карим Оғохони IV,  бар пайи ҳодисаҳои чанд рӯзи охир дар Бадахшон бо нашрия як муроҷиатнома ба мардуми ВМКБ, вокуниш кард. Ӯ таъкид намудааст, ки нооромиҳои охир дар ин минтақа, ӯро сахт нигарон кардаанд.

Паёми Оқохон рӯзи 18-уми май дар сомонаи The Ismaili Tajikistan ба забонҳои англисӣ ва тоҷикӣ нашр кардаанд.

Шоҳзода Карим Оғохон аз Ҷамоати хеш дар Бадахшон даъват кардааст, то ки қонунҳои сарзаминеро, ки дар он зиндагӣ мекунанд, риоя намоянд.

“Ҳидояти ман ба Ҷамоатам ин аст, ки дар доираи қонунҳои кишвар зиндагӣ намоянд. Вориди хушунат нашаванд. Муҳим аст, ки фарзандони руҳониям ҳамеша суннати Ҷамоатамон, яъне дар баробари ҳамаи ҳамватанони дигар дар сулҳу осоиштагӣ зиндагӣ карданро ҳифз намоянд”, - навиштааст, Карим Оғохон.

Ӯ боз ҳам аз мардум даъват кардааст, ки оромиро нигоҳ доранд ва мушиклоташонр бо роҳи муколама ҳал намоянд.

“Дар айни замон фарзандони руҳониям аз Бадахшони Куҳӣ, бахусус ҷавонон аз талаботи бунёдии ҳифзи сулҳу субот ва шаҳрвандони арҷгузор ба қонун будан, набояд дур шаванд ва дар рушди кишварашон саҳми фаъолона гузоранд.

Фарзандони руҳонии ман бояд ихтилофҳоро хирадмандона тавассути муколамаи осоишта бо эҳтиром ва ҳамдигарфаҳмӣ ҳал кунанд. Ин масъалаест, ки ман ба он аҳмият махсус медиҳам”, - гуфтааст, Шоҳзода дар муроҷиатномаи худ.

Оғохон таъкид намудааст, ки ба унвони Имоми Замон ба ҷамоати тоҷик фармон медиҳад, то қонунҳои кишварашонро риоя кунанд ва ҳама гуна зӯроварӣ, бетартибӣ, фаъолияти ғайриқонунӣ ва дигар амалҳоеро, ки  метавонанд ба нукӯаҳволии онҳо таҳдид кунад, рад намоянд.

“Ман ба ҳамаи фарзандони руҳонии маҳбубам аз Тоҷикистон, беҳтарин дуоҳои хайри  меҳромезамро барои мушкилосон ва суботу бехатарӣ мефиристам. Ман роҳнамоии минбаъдаро дар оянда, агар зарурат ба миён ояд, тавассути Созмонҳои Ҷамоатӣ ирсол хоҳам кард”, - қайд кардааст, дар анҷоми муроҷиати худ Шоҳзода Карим Оғохон.

Ин дуввумин муроҷиати Оғохон бар пайи бесарусомониҳо дар Бадахшон аст. Моҳи феврал низ паз аз нооромиҳои моҳи январӣ дар ВМКБ, ӯ бо нашри чунин як муроҷиатнома аз мардуми ин минтақа хоста буд, ки оромиву сулҳу суботро нигоҳ доранд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

19 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ