Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:2902.02.2022
Сироҷиддин Муҳриддин вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон имрӯз 2 феврал зимни нишасти матбуотӣ гуфт, ки мавқеъи Тоҷикистон нисбати ҳукумати Толибон бетағйир боқӣ мемонад.
Вазир гуфт, ки Толибон бояд ташкили як ҳукумати воқеӣ ва фарогирро дар амал татбиқ кунанд ва ба ҷомеаи ҷаҳонӣ исбот кунанд, ки озодӣ ва ҳуқуқи инсонро риоя мекунанд.
“Бояд қайд кунам, ки мавқеъи Тоҷикистон нисбати ҳукумати Толибон то ҳол тағйир наёфтааст. Ҷомеаи ҷаҳонӣ то имрӯз ба ҳукумати Толибон барои ташкили ҳукумати фарогирро ҳушдор медиҳанд. Интизор дорем, ки Толибон омодагии худро барои гуфтушунид бо тамоми роҳбарони сиёсӣ дар амал нишон медиҳанд”, - гуфт Сироҷиддин Муҳриддин.
Ҳамчунин вазир гуфт, ки Тоҷикистон то ҳол кӯмакҳояшро ба мардуми Афғонистон мерасонад. Аз ҷумла, ҳукумати Тоҷикистон нақша дорад, ки тавассути ташкилотҳои байналмиллалӣ ба мардуми Афғонистон кӯмаки башардӯстона расонад.
Ба ғайр аз ин, Тоҷикистон ба шимол ва пойтахти ин кишвар бе танаффус қувваи барқ интиқол медиҳад.
Комментарии (0)
Читайте также
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
2 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
2 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
14 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
17 дня назад
Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?
18 дня назад