Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 14:2230.01.2023
Далер Ҷумъа Вазири энергетика ва захираҳои обии Тоҷикистон аз истеҳсоли рекордии барқ дар соли гузашта имрӯз, 30 январ дар нишасти матбуотӣ иттилоъ дод. Ин дар ҳолест, ки сокинони минтақаҳо ҳатто баъди дастури президент ҳам аз камбуди барқ шикоят доранд.
Ба гуфтаи ӯ соли гузашта Тоҷикистон зиёда аз 21 млрд. Кв/с нерӯи барқ истеҳсол намудааст, ки "баландтарин нишондиҳанда" дар давраи фаъолияти низоми энергетикии кишвар мебошад. Аммо дар бораи он ки чаро то ҳол камбуди барқ дар кишвар бартараф нашудааст ҷавоби мушаххас надод.
Ба гуфтаи вазир дар рӯзҳои сардӣ низоми мардум пурра бо барқ таъмин буданд. Аммо аз рӯи шикояти сокинони минтақаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, дастури президент дар бораи таъмини пурраи сокинон бо барқ танҳо 10 шабонарӯз амалӣ шуд ва "лимит" дубора бозгашт. Ба гуфтаи сокинон, шабона аз соати 10 то 5 – и субҳ барқ надоранд.
Далер Ҷумъа қайд намуд, ки дар рӯзҳои сардӣ хароҷоти барқ ба 81 млн. Квт соат барқ расид, ки баландтарин нишондиҳанда дар низоми энергетикии кишвар аст.
Ҳамҷунин дар шарҳи қатъи интиқоли барқ садамаҳоро ҳам зикр кард, вале нагуфт, ки дар рӯзҳои сардӣ дар кишвар чӣ қадар садамаҳо сабт шудааст.
"Дар пеш рӯзҳои хунукӣ пешбинӣ шавад ва мо чораҳо андешида истодаем, ки чӣ бояд кард мисли гузашта мардумро дар рӯзҳои сардӣ бо барқ таъмин намоем",-афзуд ӯ.
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
16 часов назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
5 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад