logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

"Вазъ таҳти назорат аст". Сарҳадбонони қирғиз ба ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон оташ кушодаанд

Шаҳрванди Тоҷикистон барои огаҳӣ аз сарнавишти фарзанди ноболиғаш, ки аз ҷониби Қирғизистон дастгир шудааст, ба марз рафта будааст.

Your tj

21:1807.05.2024

"Вазъ таҳти назорат аст". Сарҳадбонони қирғиз ба ҷониби шаҳрванди Тоҷикистон оташ кушодаанд

Як шаҳрванди Тоҷикистон аз силоҳи оташфишони сарҳадбонони қирғиз захм бардоштааст.

Ин маълумотро маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Тоҷикистон тасдиқ карда, ҷузъиёти даргирии имрӯза дар марз бо Қирғизистонро шарҳ дод, менависад "Азия-Плюс".

Ба иттилои манбаъ ҳодиса имрӯз, 7 май соати 11:00 рух додааст.

"Шаҳрванди Тоҷикистон Абдуллоев Олимҷон Ҳусейнович, соли таваллудаш 1990, миллаташ ӯзбек, муаллими таърихи мактаби миёнаи №4-и ноҳияи Ҷаббор Расулови вилояти Суғд, бо мақсади аз сарнавишти писари ноболиғаш, хонандаи мактаби миёна Абдуллоев Рамазон, ки дар хатти сарҳади давлатӣ боздошт шуда буд, ният дошт, ба ҳарбиёни қирғиз, ки дар деҳаи Сулютка мустақар буданд, муроҷиат кунад"- шарҳ додааст манбаъ.

Ин ниҳод афзудааст, ки Абдуллоев Олимҷон "ягон кирдоре, ки ба принсипҳои неки ҳамсоягӣ мухолиф аст, нишон надодааст".

"Аммо алайҳаш аз силоҳи оташфишон истифода шудааст, ки дар натиҷа ӯ захмӣ гардидааст",- омадааст дар иттилоъ.

Гуфта мешавад, айни замон Абдуллоев дар беморхона бистарӣ аст.

Мақомоти дахлдори ду кишвар ин ҳодисаро таҳқиқ мекунанд.

Вазъият дар марз таҳти назорат аст, гуфтаанд дар КДАМ.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

34 минут назад

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

21 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ