logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

«Вам отправили подарок-подписка Телеграм Премиум….». Ҳиллаи нави рахнагарон (ҳакерҳо)

Истифодабарандагони ин мессенҷерро лозим аст, ки чунин паёмҳоро накушоянд ва ба дигарон нафиристанд.

Your tj

12:0221.11.2024

«Вам отправили подарок-подписка Телеграм Премиум….». Ҳиллаи нави рахнагарон (ҳакерҳо)

Истифодабарандагони “Телеграм” мегӯянд, ба онҳо паёмҳо бо мазмуни тақдими “Телеграм Премиум” меояд ва талаб карда мешавад, ки ба линки фиристода ворид шаванд.

Аз ин рӯ, истифодабарандагони ин мессенҷерро лозим аст, ки чунин паёмҳоро накушоянд ва ба дигарон нафиристанд.

Нафароне, ки чунин паёмҳо мефиристанд метавонанд қаллобон бошанд ва агар шумо линк (ссилка)-и фиристодаи онҳоро кушоед, мумкин аст онҳо ба маълумоти шахсии шумо дастрасӣ пайдо намоянд.

Аз ҷумла, аз чанд нафар талаб кардаанд, ки барои соҳиб шудан ба “Телеграм Премиум” рамзи корти худро ворид намоянд.

Прокуратураи генералии Тоҷикистон бо нашри як огоҳӣ ба шаҳрвандони кишвар аз ҳамлаи рахнагарон (ҳакерҳо) хабар дод.

Ин ниҳод аз шаҳрвандони кишвар хост, чунин саҳифаҳоро накушоянд ва онро банданд (заблокировать), ё нест кунанд.

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе низ бо нашри як баёния хабар дод, ки шаҳрвандон ба чунин эълонҳо бовар накунанд.

“Ба иттилои шаҳрвандон расонида мешавад, ки пайванди (ссилка) мазкур дорои вирус буда, дар сурати аз ҷониби шаҳрвандон ба он ворид шудан, хакерон вориди махзани маълумотҳои телефони мобилии Шумо гардида, метавонанд бо мақсадҳои ғарзнок истифода намоянд”, - менависад ин ниҳод.

Ёдовар мешавем, ки қаллобон аз шабакаҳои иҷтимоӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз равишҳои гуногун истифода мебаранд. Истифодабандагони шабкаҳои иҷтимоиро зарур аст, ба ҳар гуна эълону хабарҳо бовар накунанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

16 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ