Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 11:0619.09.2023
Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе дар мулоқот бо варзишгарон барои ҳар як медал дар Бозиҳои Осиё аз пойтахт хона ваъда дод. Дар ин бора дар гузориши саҳифаи фейсбуки шаҳрдории пойтахт хабар дода шудааст.
Вохӯрӣ бо варзишгарон дирӯз, 18 сентябр баргузор шуд. Зимни он раиси шаҳр барои натиҷаи арзанда дар Бозиҳои Осиё мукофотҳои арзанда ваъда кард.
Ӯ гуфт ба варзишгароне, ки дар Ханчжоу медалҳои тилло ба даст меоранд, дар Душанбе хонаҳои сеҳуҷрагӣ, варзишгароне, ки медалҳои нуқра дарёфт мекунанд, хонаҳои дуҳуҷрагӣ ва барои медали биринҷӣ - хонаи якҳуҷрагӣ тақдим мешавад.
Ёдрас мекунем, ки Бозиҳои XIX Осиё аз 23 сентябр то 8 октябр дар шаҳри Ханчжоуи музофоти Чжетсзяни Чин баргузор мешаванд. Барномаи имсолаи бозиҳо аз 40 навъи варзиш иборат аст.
Дар Бозиҳои XIX Осиё дар Ханчжоу Тоҷикистонро зиёда аз 100 варзишгар намояндагӣ мекунанд, ки теъдоди рекордӣ барои ҷумҳурии мо аст.
Аз 40 навъи варзиши дар барномаи бозиҳо зикршуда варзишгарони тоҷик дар 18 навъи варзиш рақобат мекунанд.
Бозиҳои Осиё шурӯъ аз соли 1952 ҳар чор сол таҳти сарпарастии Шӯрои олимпии Осиё баргузор мешаванд. Тоҷикистон аз соли 1994 дар ин бозиҳо ширкат варзида, то ин дам 27 медал ба даст овардааст, ки 4-тоаш медали тилло, 6-тоаш - нуқра ва 17-тоаш биринҷӣ мебошад.
722 просмотра
Комментарии (0)
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
8 часов назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
5 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
5 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
17 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
20 дня назад