logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Ҳушдори Кумитаи дин оид ба ҷазоҳои шадид барои адои ғайрирасмии маросими ҳаҷ

Арабистони Саудӣ барои ҳаҷи ғайрирасмӣ ва бе иҷозатномаи расмӣ ҷазо дар намуди аз 5400 то 27 ҳазор доллари ИМА ҷарима ва ихроҷро ҷорӣ кардааст.

Your tj

13:5230.04.2025

Ҳушдори Кумитаи дин оид ба ҷазоҳои шадид барои адои ғайрирасмии маросими ҳаҷ

Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросими Тоҷикистон бо нашри як изҳорот ҳушдор дод, ки мақомоти Арабистони Саудӣ барои ғайрирасмӣ ва бе иҷозатномаи расмӣ (тасриҳи ҳаҷ) адои маросими ҳаҷ ҷазоҳои шадид муқаррар намудааст.

Дар ин бора Вазорати корҳои дохилии ин кишвар рӯзи 28 апрел иттилоъ додааст.

Мувофиқи иттилои расмии Вазорати корҳои дохилии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ:

  • шуруъ аз 29 апрел то анҷоми мавсими ҳаҷ барои шахсоне, ки ғайриқонунӣ кӯшиши ворид шудан ба шаҳри Маккаи мукаррама ва мавзеъҳои муқаддас (Мино, Арафот, Муздалифа) мекунанд, ҷарима то 20 ҳазор риёл (5400 доллари амрикоӣ) таъйин шудааст;
  • барои шахсоне, ки тавассути дархости раводиди зиёрат, интиқол, паноҳ додан ё кӯмак расонидан ба нафарони нақзкунандаи тартиби ҳаҷ саҳм мегиранд, ҷарима то 100 ҳазор риёл (27 ҳазор доллари амрикоӣ) пешбинӣ шудааст;
  • шахсони ғайриқонунӣ дар шаҳри Макка боқимонда ва сокиноне, ки қонуншикании зикршударо содир менамоянд, ихроҷ гардида, барои 10 сол аз ҳаққи вуруд ба Шоҳигарии Арабистони Саудӣ маҳрум мешаванд;
  • воситаҳои нақлиёте, ки барои интиқоли ғайриқонунии шахсони мазкур истифода мегарданд, тибқи ҳукми суд мусодира карда мешаванд;
  • ба шахсоне, ки дорандагони тамоми намуди раводиди зиёратӣ (ба истиснои раводиди махсуси ҳаҷ)-ро дар ҷойҳои зисти расмӣ (меҳмонхонаҳо, хонаҳои иҷора, хонаҳои хусусӣ, марказҳои иқомати ҳоҷиён ва ғайра) ҷой медиҳанд ё кӯшиши пинҳон кардан онҳоро мекунанд, ё ҳар гуна кӯмаке мерасонанд, ки боиси боқӣ мондани онҳо дар Макка ва мавзеъҳои муқаддас мегардид, 100 ҳазор риёл, (27 ҳазор доллари амрикоӣ) ҷарима таҳдид мекунад.

Бо дарназардошти ин, Кумита ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки танҳо тариқи расмӣ ва тибқи тартиби муқарраргардида барои адои маросими ҳаҷ иқдом намоянд ва аз кӯшиши вуруд ба Макка ва мавзеъҳои муқаддас бидуни иҷозатнома қатъиян худдорӣ кунанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

1 дня назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

6 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

6 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

18 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

21 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ