logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Ҳушдор дар бораи манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабҳо дар Душанбе

Ҳамчунин, баргузор намудани чорабиниҳои “Занги камолот” ё “Занги охир”, зиёфату сайругашт ва туҳфасупорӣ манъ карда шудааст.

Your tj

11:1423.05.2025

Ҳушдор дар бораи манъи ҷамъоварии пул барои таъмири мактабҳо дар Душанбе

Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинони пойтахт мерасонад, ки ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ аз волидайн, аз ҷумла барои таъмири муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ қатъиян манъ аст.

Ба иттилои манбаъ, дар ин бора дастури раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз 17 майи соли 2017 ва дигар санадҳои дахлдор мавҷуданд.

Гуфта мешавад, бо мақсади пешгирии ҳолатҳои коррупсионӣ ва таъмини шаффофият дар муассисаҳои таълимӣ, ҳамзамон мутобиқ ба Қонуни “Танзими анъана ва ҷашну маросим” ва қарорҳои дахлдори Вазорати маориф ҷиҳати пешгирии ҳодисаҳои нохуш ва риояи тартиботи ҷамъиятӣ татбиқ мешавад.

Аз ҷумла, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, баргузор намудани чорабиниҳои “Занги камолот” ё “Занги охир”, зиёфату сайругашт ва туҳфасупорӣ манъ карда шудааст.

Манбаъ менависад, сокинон дар ҳолати мушоҳидаи талаби зиёди маблағ аз ҷониби масъулони муассисаҳои таълимии шаҳр, метавонанд арзу шикояти худро тавассути рақами боварии Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе: 221 30 92, Вотсап: +992 002 20 40 40 ва ё почтаи электронӣ: [email protected] пешниҳод намоянд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine

16 часов назад

"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?

5 дня назад

Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд

5 дня назад

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид

17 дня назад

Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?

20 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ