logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Тошиев гуфт, эҳтимол марзбонон аз сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон гирифта шаванд

То имрӯз дар марзи ду кишвар беш аз 107 километр симтӯри муҳофизатӣ, сутунҳои оҳану бетонӣ ва деворҳои 3D насб гардида, зиёда аз 143 километр роҳ сохта шудааст.

Your tj

16:0430.10.2025

Тошиев гуфт, эҳтимол марзбонон аз сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон гирифта шаванд

Раиси КДАМ Қирғизистон Камчибек Тошиев изҳор дошт, ки эҳтимол дар ояндаи наздик ниёз ба ҳузури доимии нирӯҳои марзбонӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон намонад, хабар медиҳад 24.kg.

Ин изҳорот имрӯз дар ҷаласаи 91-уми Шӯрои фармондеҳони қӯшунҳои марзбонии кишварҳои узви ИДМ, ки дар шаҳри Манас баргузор шуд, садо дод.

Ба гуфтаи Тошиев, президентҳои Тоҷикистону Қирғизистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Жапаров барои муҳайё кардани шароите талош доранд, ки шаҳрвандони ду кишвар “фақат дар фазои дӯстӣ зиндагӣ кунанд.”

Тибқи иттилои Хадамоти марзии КДАМ Қирғизистон, то санаи 25 октябри соли 2025 дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон корҳои бузурги муҳандисӣ анҷом дода шудаанд. Аз ҷумла, беш аз 107 километр симтӯри муҳофизатӣ, сутунҳои оҳану бетонӣ ва деворҳои 3D насб гардида, зиёда аз 143 километр роҳ сохта шудааст.

Тафсилоти дигар дар бораи эҳтимоли гирифтани нерӯҳои марзбонӣ ҳанӯз ифшо нашудаанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

8 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ