logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Толибон симои занҳоро аз кӯчаҳои Кобул пок карда истодаанд. Ба занҳои Афғонистон чӣ корҳо манъ карда шуд?

Ҳамчунин Толибон ба кӯча баромадани занҳоро бе маҳрам (ягон шахси наздик аз ҷинси мард) манъ карданд.

Your tj

16:2116.09.2021

Толибон симои занҳоро аз кӯчаҳои Кобул пок карда истодаанд. Ба занҳои Афғонистон чӣ корҳо манъ карда шуд?

Садҳо овезаву расмҳои таблиғотӣ бо акси занҳо дар Кобул, пас аз тассаруфи шаҳр аз тарафи Толибон (гурӯҳи дар Тоҷикистон мамнӯъ), пок карда шуданд. Ҳарчанд масъулини ин гурӯҳ дар аввал гуфта буданд, ки ҳуқуқи занҳоро аз рӯи қонунҳои шариат, таъмин мекунанд.

Ҳоло бошад дари тамоми кошонаҳои ҳусн, ки бештари онҳоро занҳо идора мекарданд, баста шуданд. Аз тамоми кӯчаву мағозаҳо овезаву расмҳо бо чеҳраи занон пок шуда истодаанд.

Кошонаҳои ҳусн баста ва чеҳраи занҳо пок карда шудаанд.

Аз тасвири таблиғотгари ҳуқуқи занон ва озодии баён дар Кобул, чеҳраи занҳо пок карда шудаанд.

Девори сафедшуда бо навиштаҷоти : “Барои мустақилияти системаи исломӣ, Шумо бояд ба санҷишҳо тоқат кунед ва сабрро пеша намоед”

Ҳамчунин Толибон барои занҳо дар донишгоҳҳо танҳо бо либоси сиёҳ ва болопӯши кушоду ҳиҷобе, ки қисмати бештари рӯйро пӯшонад, омаданро роиҷ карданд.

Дар як синфхона таҳсил кардани зану мард низ манъ карда шуд. Ба занҳо танҳо бояд муаллимони ҷинси зан дарс гӯянд. Ё агар шумораи муаллимони ҷинси зан нокифоя бошад, ба ҷои онҳо муаллими ҷинси мард, ки синну солаш ба ҷое расида бошад, метавонад дарс гӯяд.

Донишҷӯён ҳангоми дарс дар яке аз донишгоҳҳои Кобул

Донишгоҳҳо акнун гуруҳҳоро бояд аз рӯи ҷинс занона ва мардона тақсимбандӣ кунанд, ё ин ки байни занону мардон парда бикашанд.

Дар Кобул Толибон ба занҳо тавсия доданд, ки дар хона нишинанд. Онҳо занҳоро аз шабакаҳои телевизионии давлатӣ пеш карданд. Ҳама занҳоеро ки дар мақомотҳои давлатӣ фаъолият мекарданд, таъкид карданд, ки дигар ба кор наоянд.

Ҳамчунин Толибон ба варзиш машғул шудани бонувонро нолозим медонанд.

Пас аз ҷорӣ шудани мамнуиятҳо барои занон, садҳо занони фаъоли афғон дар шаҳрҳои гуногуни Афғонистон алайҳи ҳукумати Толибон ҳамоишҳои эътирозӣ ташкил карданд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

20 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ