logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Тоҷикистону Қирғизистон омодасозии санадҳои сарҳади давлатиро оғоз карданд

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо корҳоро дар ин самт дар мулоқоти навбатӣ, ки дар ҳудуди Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.

Your tj

15:3119.12.2024

Тоҷикистону Қирғизистон омодасозии санадҳои сарҳади давлатиро оғоз карданд

Дар Душанбе аз 11 то 19-уми декабр вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва масъалаҳои ҳуқуқии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии ду кишвар баргузор шуд.

Дар ин бора АМИТ «Ховар» бо такя ба иттилои КДАМ-и Тоҷикистон хабар дод.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо дар ҳошияи ин мулоқот корро бо мақсади таҳияи минбаъдаи ҳуқуқии гузариши хатти лоиҳавии сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон шуруъ карданд.

Ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо корҳоро дар ин самт дар мулоқоти навбатӣ, ки дар ҳудуди Қирғизистон баргузор мегардад, идома медиҳанд.

Манбаъ менависад, дар ҷамъбасти мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расид.

Ду рӯз пеш раиси КДАМ Қирғизистон Қамчибек Тошиев изҳор дошт, ки тафсилоти марзи Тоҷикистону Қирғизистон моҳи январ маълум хоҳад шуд.

Қаблан президенти Қирғизистон Содир Жапаров дар мусоҳиба бо нашрияи давлатии Қирғизистон гуфта буд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон минтақаҳои баҳсбарангези сарҳадро тақсим карданд.

“Метавон гуфт, ки мо ҳатто дар минтақаҳои баҳсбарангез забони умумӣ пайдо кардем. Минтақаҳое, ки муддати зиёд сабаби муноқиша буданд, баробар – 50/50 тақсим карда шуданд.

Баъзе қитъаҳо бо шартҳои баробар иваз карда шуданд. Ҳоло корҳо оид ба ҳуҷҷатгузорӣ ба анҷом мерасанд”,- гуфт Жапаров.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

19 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ