Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 10:0209.10.2023
Боз беш аз 43 километри дигар хати сарҳади давлатӣ байни Тоҷикистону Қирғизистон муайян гардидааст. Вале муайян нест, ки кадом қитъаҳои сарҳад мувофиқа шудаанд.
“Азия-Плюс” бо такя ба иттилои сомонаи девони вазирони Қирғизистон хабар медиҳад зимни як мулоқоти ҳайатҳои кории топографии Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз 3 то 8-уми октябр дар шаҳри Бонканди кишвари ҳамсоя баргузор гардидааст, 43,32 километри дигари сарҳадро мувофиқа шудааст.
Гуфта мешавад, дар ҷамъбасти мулоқот Протоколи дахлдор ба имзо расидааст.
Вале мушаххас гуфта нашудааст, ки кадом қитъаи сарҳад мувофиқа шудаву мазмуни протоколи имзошуда чӣ аст.
Девони вазирони Қирғизистон гуфтааст, ки ҷаласаи навбатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мегузарад ва ҷонибҳо ба маълум кардани хати боқимондаи сарҳад идома хоҳанд дод.
Бояд гуфт, ки мулоқоти мазкур баъди вохурии навбатии Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон оид ба делимитатсия ва демаркатсияи сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон дар санаи 2-юми октябри соли 2023 дар шаҳри Бодканд баргузор мегардад.
Дар ин мулоқот, ки таҳти роҳбарии Саймумин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва Қамчибек Ташиев, муовини раиси Девони Вазирон – раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон ҷараён гирифт, протоколи №44 ба имзо расид ва ҷонибҳо таъкид карданд, ки ин протокол ҳама гуна масъала, ҳама мушкилотеро, ки пештар сабаби низоъ дар сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон буданд, ҳал мекунад.
Ёдовар мешавем, ки сарҳади байни Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан 970 километрро ташкил медиҳад. Айни замон 519 километр хатти сарҳади давлатӣ мушаххасу муайян ва аз ҷониби ҳарду давлат эътироф шудааст. Боқимонда - зиёда аз 400 километри хатти сарҳад баҳснок шуморида мешаванд ва маҳз аз ин сабаб, сари чанд вақт миёни ду кишвар низоҳои мусаллаҳона сар мезанад.
Читайте также
7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд
1 дня назад
Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила
1 дня назад
Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?
4 дня назад
Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид
4 дня назад
"Ишқ аз паси шиша". Нахустнамоиши филми "Хуршеду Моҳ" дар Хуҷанд
8 дня назад