Ахбор
Қиссаҳо
Подкастҳо
Афиша
Тиҷорат
Дата публикации: 16:5502.08.2023
Бинокоре аз Тоҷикистон бо номи Манучеҳр дар Екатеринбург як зану кӯдаки хурдсолро аз сӯхтор наҷот дод. Ҳодиса 1-уми август ба амал омадааст, менависад "Азия-Плюс".
"Дар ошёнаи 25-ум дар як хона зане бо кӯдаки ширмакаш зиндагӣ мекунад, ӯ мехост ширинӣ пазад, вале сӯхтор сар зад. Зан аз балкон дод зад. Коргаре, ки дар сохтмони ҳамсоя кор мекард, садои ӯро шунид ва дудеро, ки аз балкон мебаромад, дида, то омадани оташнишонон расида омад ва дари хонаро зад.
Сӯхторнишонҳо аз сабаби таваққуфи мошинҳо дар роҳ натавонистаанд ба ҷои ҳодиса бирасанд. Дар ин муддат сохтмончӣ тариқи сӯрохии дар кӯшиш кард ба оташ бо шланг об пошад",- менависанд сокинони Екатеринбург дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Ба гуфтаи худи бинокор, ӯ ҳангоми сар задани сӯхтор дар паси девори бинои истиқоматӣ будааст. Мард мушоҳида кардааст, ки чи тавр як зан ба балкон баромада, дастонашро дароз карда, кӯдакашро нигоҳ медошт.
Манучеҳр бо болға дарро кушода, модару кӯдакро аз манзил берун мекунад. Баъди наҷот ба ҷои кораш баргашта, ба кораш идома медиҳад.
Дар яке аз гурӯҳҳои хабарии Екатеринбург таъкид карданд, ки амали ин мард имкон дод, ҳатто то омадани сӯхторнишонҳо, оташро зуд хомӯш карда, одамонро наҷот диҳад.
Манучеҳр барои зуд ба кӯмак шитофтан ва қаҳрамониаш мукофотонида шуд.
Читайте также
Тавассути ImonLine пардохт кун, кешбэк гир ва 500 сомонӣ бурд кун! Имкониятҳои бештар барои корбарони ImonLine
2 дня назад
"Аз рӯйи эҳтиром". Ҷавони тоҷике, ки дар Лондон парчами кӯҳнаи Қирғизистонро нав кард, кист?
7 дня назад
Пайроҳаи рӯзгори қаламкаше, ки дарду доғи зиёд чашид. Марямбонуи Фарғонӣ, аввалин зани Нависандаи халқии Тоҷикистон 70-сола шуд
7 дня назад
Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ - донишманде, ки умре барои забон ва худогоҳии миллӣ кӯшид
19 дня назад
Як дона картошка то 4 кг. Чаро картошкаи Кӯҳистони Мастчоҳ харидори зиёд дорад?
22 дня назад