logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Тоҷикистон соли 2024 ба маблағи 906 миллион сомонӣ барқ фурӯхтааст

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар ҳанӯз аз моҳи сентябр лимити барқ ҷорӣ аст ва сокинони кишвар рӯзе 10 соат ва ҳатто камтар аз он барқ доранду халос.

Your tj

14:2730.01.2025

Тоҷикистон соли 2024 ба маблағи 906 миллион сомонӣ барқ фурӯхтааст

Тоҷикистон соли 2024 наздики 2,5 мллиард кВт. соат нерӯи барқ содирот кардааст, ки маблағи он 906,8 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Дар ин бора Вазорати энергетикаи кишвар хабар медиҳад.

Тибқи иттилои ин ниҳод, содироти барқ нисбат ба соли 2023 - 7,8% ё 203 млн. кВт. соат коҳиш ёфтааст.

Нерӯи барқ асосан ба Афғонистон, Узбекистон ва Қирғизистон содирот шудааст.

Аз ҷумла:

  • ба Афғонистон 1 млрд. 530,4 млн. кВт. соат ба маблағи 705,2 млн. сомонӣ;
  • ба Узбекистон 943,9 млн. кВт. соат ба маблағи 201,2 млн. сомонӣ;
  • ба Қирғизистон 4 млн. кВт. соат ба маблағи 428,7 ҳазор сомонӣ содирот шудааст.

Дар умум соли 2024 дар кишвар 22 млрд. 427 млн. кВт. соат нерӯи барқ истеҳсол шудааст, ки барқи содиротшуда беш аз даҳ дарсади ҳаҷми умумии истеҳсоли нерӯи барқро ташкил медиҳад.

Ин дар ҳолест, ки дар кишвар ҳанӯз аз моҳи сентябр лимити барқ ҷорӣ аст ва сокинони кишвар рӯзе 10 соат ва ҳатто камтар аз он барқ доранду халос.

Сокинон аз риоя нашудани меъёри муайяншудаи лимит шикоят мекунанд.

Мақомот борҳо изҳор доштанд, ки барқ дар фасли тобистон ҳангоми кор кардани неругоҳҳои кишвар бо иқтидори пурраашон ва аз меъёри истеъмол барзиёд истеҳсол шудани барқ содирот карда мешавад. Вале тибқи иттилои Агентии омори кишвар танҳо моҳи декабри соли 2024 ба маблағи 6,4 миллион доллар барқ содирот кардааст, ки нисбати як моҳи пеш 53% зиёд аст.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

19 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

4 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ