logo Your.tj

Ахбор

Қиссаҳо

Подкастҳо

Афиша

Тиҷорат

Тоҷикистон мехоҳад бо Чин низоми бидуни раводид ҷорӣ кунад

Гуфта мешавад, ин иқдом имкон медиҳад миқдори сайёҳон ба таври назаррас афзоиш ёбад ва имкониятҳои нав барои рушди сайёҳӣ фароҳам орад.

Your tj

17:5006.02.2026

Тоҷикистон мехоҳад бо Чин низоми бидуни раводид ҷорӣ кунад

Тоҷикистон имкони ҷорӣ намудани низоми бидуни раводид барои шаҳрвандони Чинро баррасӣ мекунад. Дар ин бора дар нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҷамшед Ҷумъахонзода хабар дод.

Ба гуфтаи роҳбари ниҳод, масъала дар марҳилаи баррасӣ қарор дорад ва мақомот умед доранд, ки чунин иқдом ба соҳаи сайёҳии кишвар таъсири мусбати назаррас мерасонад.

«Умедворем, ки ҷорӣ шудани низоми бидуни раводид бо Чин имкон медиҳад миқдори сайёҳон ба таври назаррас афзоиш ёбад ва имкониятҳои нав барои рушди сайёҳӣ, фаъолияти таблиғотию иттилоотӣ ва соҳаҳои вобаста ба он фароҳам орад», - гуфт Ҷумъахонзода.

Вай таъкид кард, ки Чин дар қатори бозорҳои калидии сайёҳии Тоҷикистон дар баробари кишварҳои арабӣ, Британияи Кабир, Олмон, Фаронса, Русия ва Кореяи Ҷанубӣ меистад. Ба гуфтаи раиси кумита, маҳз шаҳрвандони ин давлатҳо ба сафар ба Тоҷикистон таваҷҷуҳи бештар нишон медиҳанд.

Дар солҳои охир ҷумҳурӣ пайваста низоми раводидро барои як қатор кишварҳо содда мекунад. Аз ҷумла, қаблан низоми бидуни раводид барои парвозҳои ҳавоӣ бо Эрон ҷорӣ шуд. Дорандагони шиносномаҳои одии ду кишвар метавонанд дар ҳудуди ҳамдигар то 30 рӯз дар ҳар давраи 90-рӯза бидуни гирифтани раводид иқомат кунанд.

Мақомот бар ин назаранд, ки тадбирҳои монанд нисбат ба Чин низ ба ҷалби ҷараёни иловагии сайёҳон, афзоиши даромадҳои соҳа ва рушди инфрасохтор мусоидат хоҳанд кард.

Тибқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ, соли 2025 Тоҷикистонро 1 миллиону 784 ҳазор сайёҳи хориҷӣ боздид карданд, ки 530 ҳазор нафар зиёдтар нисбат ба соли 2024 аст. Ҳамзамон, аз 191 ширкати сайёҳии дар кишвар ба қайд гирифташуда, дар амал танҳо 82 ширкат фаъолият доранд.

Дар кумита ҳамчунин зикр карданд, ба операторони сайёҳӣ аллакай тавсия дода шудааст, ки ба мавсими нави сайёҳӣ фаъолтар омодагӣ бинанд, хизматрасониҳоро васеъ намоянд ва шумораи бештари меҳмононро ба кишвар ҷалб кунанд.

Маводро мубодила кунед:

Комментарии (0)

Читайте также

Октябри гулобӣ чист? Чаро огоҳӣ аз саратони сина муҳим аст?

3 часов назад

7 кӯдаки бесарпарасти тоҷик аз Русия ба Ватан баргардонида шуданд

3 дня назад

Ҷашни 250-солагии озодӣ ва 35-солагии шарикӣ: Фароҳам овардани имкониятҳои иқтисодӣ ҳамзамон бо бунёди ривоҷу равнақи мутақобила

3 дня назад

Фирӯз Карачаев: «Smuzi» чӣ гуна пайдо шуд ва дар паси қаҳрамонҳои хандаовар кӣ меистад?

6 дня назад

Бори аввал дар Тоҷикистон: филми «Дузди Офтоб»-и Комилҷон Сафаров соҳиби ҷоизаи миллӣ барои беҳтарин филми бо зеҳни сунъӣ офаридашуда гардид

6 дня назад

Ахбори Тоҷикистон

Асосӣ